Саломатии инсон арзишест, ки бо ягон рақам баркашида намешавад. Аз ин рӯ, чун сухан бобати ёрии тиббӣ меравад, танҳо гузоштани ташхиси дуруст ё интихоби дору не, балки, пеш аз ҳама, муҳити бехатар, риоя ба меъёрҳои касбӣ, санитарӣ ва ахлоқӣ низ муҳиманд.
Мо бо шифокори тоифаи олии клиникаи рақами 27-уми шаҳри Навоӣ Шуҳрат Саъдуллоев аз ин хусус суҳбат кардем.
– Оё саломатии бемор танҳо масъулияти шифокор аст?
– Албатта, не. Ҳарчанд дар назари аввал чунин менамояд. Зеро маҳз ӯ беморро муоина мекунад, ташхис мегузорад, табобат таъйин менамояд ва раванди табобатро назорат мекунад. Вале низоми тандурустӣ занҷири ягонааст, ки дар он табиб, ҳамшираи шафқат, корманди ташхисгоҳ, маъмурият, хадамоти ёрирасон ва ҳатто низоми таъминоти доруворӣ бо ҳам алоқаманданд. Агар яке аз ин ҳалқаҳо вазифаи худро дуруст иҷро накунад, сиҳҳатии бемор зери хатар мемонад.
Зеро он маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои пешгирӣ кардани зарар ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ андешида мешаванд. Риояи дурусти қоидаҳои беҳдошт, муайян кардани шахсияти бемор, дуруст истифода бурдани дору, назорати ҳолат, инчунин муоширати дуруст бо бемор – ҳама ҷузъи ҳамин маҷмӯъ мебошанд.
Бидуни шубҳа, дар масъалаи бехатарии бемор нақши шифокор ниҳоят муҳим аст. Шифокор бояд аз рӯйи дониш, таҷриба ва меъёрҳои касбӣ амал кунад. Пеш аз таъйини ин ё он доруву дармон бояд ҳолати бемор, таърихи беморӣ, таъсири эҳтимолии дорувор ва дигар омилҳои муҳим ба назар гирифта шаванд. Ҳангоми ташхисгузорӣ низ шитобкорӣ қобили қабул нест, бояд бо ҳампешагон машварат кунад. Вале тамоми масъулияти бехатарии беморро танҳо бар дӯши шифокор гузоштан, маънои нодида гирифтани сохтори нагаҳдории тандурустӣ аст.
Тасаввур кунед, ки шифокор ташхиси дуруст таъйин кард. Агар дору дар дорухона ё анбор нодуруст нигоҳ дошта шуда бошад, агар ҳамшира таъйиноти шифокорро дуруст истифода набарад, агар таҷҳизоти ташхисӣ сари вақт санҷида ё қоидаҳои санитарӣ риоя нашуда бошанд, хатар боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ бехавфии бемор масъулияти як шифокор не, балки масъулияти як низом аст.
– Дар ин маврид ба хатои тиббӣ бояд чӣ гуна муносибат кард?
– Яке аз масъалаҳои муҳими фарҳанги бехатарии бемор муносибат ба хатои тиббӣ мебошад. Албатта, хатое, ки аз беэътиноӣ, бемасъулиятӣ ё вайрон кардани талаботи касбӣ сар мезанад, набояд сарфи назар шавад. Муассисаи тиббӣ бояд пеш аз ҳама муайян кунад, ки саҳв аз куҷо сар зад ва онро дар оянда чӣ гуна метавон пешгирӣ кард. Агар дар як муассиса як навъи иштибоҳ борҳо такрор шавад, пас эҳтимол масъала танҳо дар як корманд нест. Шояд дастурамалҳо равшан нестанд, назорат суст аст, кормандон бо сарбории зиёд кор мекунанд, таҷҳизот куҳна шудаанд ё робитаи байни бахшҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, фарҳанги бехатарии бемор бояд ба раванди «хаторо пинҳон кардан» не, балки ба «хаторо омӯхтан ва пешгирӣ кардан» такя кунад.
Муоширати дуруст низ як навъи табобат аст. Муносибати хуш, фаҳмондани ҳолати бемор бо забони сода, шарҳи тарзи истеъмоли дору ва огоҳ кардани ӯ аз омилҳои эҳтимолии хатар низ ҷузвҳои бехатарии табобат мебошанд.
Дар ин самт низоми суғуртаи давлатии тиббӣ метавонад нақши муҳим бозад. Дар вилояти Навоӣ аз 1 июли соли 2025 васеъ татбиқ кардани суғуртаи давлатии тиббӣ оғоз шудааст.Тибқи маълумоти расмӣ, дар доираи ин низом 53 мониторинги сифати хидматрасонии тиббӣ гузаронида шуда, 190 муассисаи тиббӣ ба маблағгузории доимӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, 205 дорухона ба барномаи ҷуброни арзиши доруворӣ ворид шуда, ба маблағи 271,1 миллион сӯм дору дастрас гардидаанд.
Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки сифати хидматрасонии тиббӣ танҳо бо шумораи шифокорон муайян намешавад. Механизми маблағгузорӣ, дастрасии доруворӣ, назорати хидматгузорӣ ва имкони гирифтани ёрии тиббии босифат низ ба бехатарии бемор бевосита таъсир мерасонанд.
– Оё технологияи муосир масъулиятро кам намекунад?
– Имрӯз рушди технологияи рақамӣ ба соҳаи тандурустӣ имкониятҳои нав фароҳам овардаанд. Сабти электронии маълумоти бемор, таҷҳизоти муосири ташхисӣ, низомҳои назорати доруворӣ ва дигар технологияҳо метавонанд хатари иштибоҳро коҳиш диҳанд. Аммо рӯшан аст, ки технология ҷойи инсонро гирифта наметавонад.Таҷҳизоти муосир ҳам, бинобар истифодаи нодурусти онҳо метавонанд ба натиҷаи номатлуб оварда расонанд. Аз ин рӯ, мутахассисон бояд дониш ва малакаи худро пайваста такмил диҳанд.
Нигаҳдории тандурустии муосир ба шифокори донишманд, ҳамшираи соҳибтаҷриба, ташхисгоҳи дақиқ, дорувории босифат, таҷҳизоти боэътимод ва идоракунии масъулиятнок ниёз дорад. Ҳамаи ин унсурҳо якдигарро пурра мекунанд. Дар ниҳоят, сатҳи бехатарии беморро метавон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сифати тамоми низом ҳисобид. Агар бемор дар муассисаи тиббӣ худро дар ҳимоя ва эҳтиромшуда эҳсос кунад, ин далели он аст, ки дар он ҷо фарҳанги масъулият ташаккул ёфтааст.
Чун сухан дар бораи бехатарии бемор меравад, набояд фаромӯш кард, ки бехатарии бемор ба шароити меҳнати шифокор низ алоқаманд аст. Шифокоре, ки бо сарбории аз ҳад зиёд, таҷҳизоти нокифоя, шароити номусоид кор мебарад, метавонад лоилоҷ хато кунад. Баланд бардоштани масъулияти шифокор бояд бо фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ ҳамоҳанг бошад.
Имрӯз низоми тандурустии вилоят дар самти баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, таҷдиди муассисаҳо ва рушди имкониятҳои ташхису табобат қадамҳои қатъӣ мегузорад. Ҳамзамон, дар арзёбии иҷрои ислоҳот камбудиҳо низ ошкор мешаванд. Чунончӣ, дар таҳлили соли 2026 зарурати сари вақт анҷом додани таъмири муассисаҳои тиббӣ, истифодаи самараноки маблағ ва ба истифода супоридани иншоот тибқи талабот таъкид шудааст.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ як қарор метавонад ба ҳаёти инсон таъсир расонад. Аз ин рӯ, масъулият набояд танҳо баъди рух додани мушкил оғоз шавад, он бояд пеш аз ҳар як ташхис, пеш аз ҳар як таъйинот ва пеш аз ҳар як амали тиббӣ вуҷуд дошта бошад. Бемор ба табиб танҳо бо умеди шифо муроҷиат намекунад. Ӯ ба беморхона бо эътимод ба ин низом меояд. Ҳифз ва сафед кардани ин эътимод бошад, вазифаи ҳар як узви низом аст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.