Лионел Месси эҳсосоти худро дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти ӯ дар ҳайати мунтахаби миллии Аргентина бо суханони таъсирбахш баён кард.
«Ҳоло ман дар бораи падарам фикр мекунам... Бист сол бо ин либос ба майдон баромадан барои ман ифтихори бузург буд. Ҳатто дар рӯзҳои сахттарин ва ториктарин ҳам ман худро пурра ба мунтахаби миллӣ бахшидам.
Ман мехостам тамоми умрам футбол бозӣ кунам. Аммо дарк мекунам, ки ин марҳила ба охир расида истодааст. Тобистон мо барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳонии дуюмамон хеле наздик будем. Он бозӣ бо Англия... Яке аз аҷоибтарин рӯйдодҳое буд, ки дар ҳаётам дидаам. Мо тамоми қувваамонро сарф кардем.
Барои ҳамаи ин солҳо аз самими қалб сипосгузорам. Ҳар ҷо ки мерафтем, варзишгоҳҳо пур аз мухлисон мешуданд. Қариб ҳар бозӣ гӯё дар майдони худи мо баргузор мешуд. Ман ҳамаи инро сахт пазмон хоҳам шуд...
Ба назарам, имрӯз дар ҳаётам ҳеҷ гоҳ ба ин андоза зиёд сухан нагуфтаам. Зеро ман аслан намехоҳам, ки биравам...»
— Лионел Месси.