ҶС «Ӯзбеккӯмир» рӯзноманигорон ва блогерҳоро бо раванди истеҳсолот дар кони ангишти Ангрен шинос намуд.
Иштирокдорон бо тартиби нави марбут ба ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар соҳаи ангишт, низоми таъмини аҳолӣ бо ангишт ва нақшаҳои истеҳсолии корхона барои соли 2026 шинос шуданд.
Рӯзноманигорон ва блогерҳо бевосита дар кон раванди истеҳсолотро аз истихроҷ то ҷудокунии ангишт аз рӯйи навъҳо ва боркунии он мушоҳида карданд.
Қарори Ҳукумат аз 30 июли соли 2026, №418 «Дар бораи чораҳои дастгирии оилаҳои ба Феҳристи иҷтимоӣ воридшуда вобаста ба ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар соҳаи ангишт» тартиби нави таъмини аҳолӣ бо ангишт ва дастгирии оилаҳои ниёзмандро муайян кардааст. Қарор аз 31 июли соли 2026 эътибор пайдо кард.
Тибқи низоми нав, ба тақсимоти ангишт миёни минтақаҳо, ба савдои биржавӣ баровардани маҳсулот, таъмини аҳолӣ тавассути соҳибкорони хусусӣ ва шаффофияти раванди фурӯш тавассути платформаи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Соли 2026 ҶС «Ӯзбеккӯмир» ба нақша гирифтааст, ки барои эҳтиёҷоти аҳолӣ 1 миллиону 530 ҳазор тонна ангишти маҳаллӣ ҷудо намояд.
Айни ҳол тақсимоти маҳсулот миёни минтақаҳо ва ба савдои биржа баровардани он марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.
Аввалин партияҳои ангишти маҳаллӣ, ки барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолии вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон ба биржа пешниҳод шуданд, аллакай аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ харидорӣ шудаанд.
Ҳоло расмиёти бастани шартномаҳо ва интиқоли ангишт ба минтақаҳои дахлдор идома дорад.
Пас аз интиқоли маҳсулот ба анборҳо, он ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкорон тавассути платформаи электронии mycoal.uz фурӯхта мешавад. Санаи оғози фурӯш, суроғаи анборҳо, ҳаҷми маҳсулоти мавҷуда ва дигар маълумоти зарурӣ дар платформа аз рӯйи минтақаҳо ба таври ошкор нашр карда мешаванд.
Соли 2026 ҶС «Ӯзбеккӯмир» нақша дорад 5,8 миллион тонна ангишт истихроҷ кунад.
Имсол баробари истихроҷи ангишт ба корҳои бартараф кардани қабатҳои рӯйпӯш, такмили равандҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ корхона 3,7 миллион тонна ангишт истихроҷ карда, ба истеъмолкунандагон низ 3,7 миллион тонна маҳсулот расонидааст.
Айни ҳол ҳаҷми миёнаи истихроҷи ангишт дар корхона тақрибан 25 ҳазор тоннаро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад.
С. МУТИН.
Аксбардор: Р. ГАЛЕЕВ