ИМА барои таъмини ҳузури дарозмуддат дар Моҳ иқдомҳои ҷиддӣ меандешад

Ҳадафи ниҳоӣ – на ташрифи муваққатии кайҳоннавардон, балки фароҳам овардани шароити иқомати доимии онҳо дар Моҳ аст.

Иёлоти Муттаҳида ба марҳилаи нави татбиқи нақшаи бунёди пойгоҳи доимӣ дар Моҳ ворид мешавад. Дар ин замина, Идораи миллии аэронавтика ва таҳқиқоти кайҳонии ИМА (NASA) имкони хариди теъдоди зиёди навъҳои гуногуни мушакҳои ҳомили борро барои таъмини нақлиёти ин лоиҳаи бузург баррасӣ мекунад. Арзиши умумии барнома тақрибан 30 миллиард доллар арзёбӣ шуда, ҳадафи он таъмини ҳузури дарозмуддати ИМА дар Моҳ мебошад.
Ба гуфтаи роҳбари барномаи пойгоҳи моҳии NASA Карлос Гарсиа-Галан, агентӣ имкони хариди чанд навъи мушакҳои ҳомилро дар доираи як шартнома баррасӣ дорад.
«Мо имкони хариди теъдоди зиёди мушакҳои ҳомилеро арзёбӣ мекунем, ки қодир бошанд тамоми ниёзҳои пойгоҳи моҳии NASA-ро таъмин кунанд», — гуфтааст Гарсиа-Галан.
Тибқи нақшаи NASA, марҳилаи аввали бунёди пойгоҳи моҳӣ то соли 2028 идома меёбад. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба фиристодани дастгоҳҳои фуруд ва роверҳо ба сатҳи Моҳ, омӯзиши захираҳои табиӣ ва ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои сохтмони минбаъда равона хоҳад шуд.
Аз соли 2029 миқёси лоиҳа ба таври назаррас васеъ мешавад. NASA қасд дорад ба Моҳ системаҳои таъмини неру, модулҳои истиқоматӣ ва дигар унсурҳои инфрасохториро интиқол диҳад. Тибқи ҳисобҳои агентӣ, аз ин давра зарурати интиқоли то 60 тонна бор ба сатҳи Моҳ дар як сол ба миён меояд. Аз ин рӯ, таъмини фаъолияти устувор ва пайвастаи мушакҳои ҳомил ба яке аз вазифаҳои стратегии барнома табдил меёбад.
Равиши нави NASA ҳамчунин ба эҳтимоли коҳиш ёфтани дастрасии мушакҳои Falcon 9-и ширкати SpaceX дар оянда рабт дорад.
Аз ин рӯ, агентӣ имкони истифодаи чанд навъи мушакро барои барномаи моҳӣ баррасӣ мекунад. Ин равиш, аз як тараф, имкон медиҳад иқтидори зарурии нақлиётӣ таъмин гардад ва аз ҷониби дигар, вобастагии аз ҳад зиёд ба як ширкати мушаххас ё як навъи мушак коҳиш ёбад.
Дар амал, ин маънои онро дорад, ки NASA талош дорад барномаи моҳии худро бар асоси рақобат ва диверсификатсияи ширкатҳои тиҷоратии кайҳонӣ ташкил кунад.
NASA аллакай дар марҳилаи аввали барномаи моҳӣ ҳамкориро бо ширкатҳои хусусии кайҳонӣ густариш додааст. Аз ҷумла, бо ширкатҳои Astrobotic, Firefly Aerospace ва Intuitive Machines барои интиқоли таҷҳизоти илмӣ ба Моҳ дар доираи чаҳор миссия шартномаҳои дорои арзиши умумии тақрибан 590 миллион доллар ба имзо расидаанд.
Муовини мудири NASA оид ба парвозҳои идорашаванда Лори Глейз гуфтааст, ки ин шартномаҳои нав бо шарикони тиҷоратӣ, ки арзиши умумии онҳо тақрибан 600 миллион долларро ташкил медиҳад, аз азми агентӣ барои суръат бахшидан ба талошҳо ҷиҳати таъмини ҳузури дарозмуддат дар сатҳи Моҳ шаҳодат медиҳанд.
Нақшаи NASA аз чанд марҳила иборат аст. Барои марҳилаи аввал, ки то соли 2028 идома мекунад, тақрибан 10 миллиард доллар маблағ ҷудо кардан дар назар аст. Дар марҳилаҳои дуюм ва сеюм, ки дар солҳои 2030 амалӣ хоҳанд шуд, бунёди модулҳои герметикии истиқоматӣ, дастгоҳҳои таъмини неру ва дигар иншооти зарурии инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи ниҳоӣ — на ташрифи кӯтоҳмуддати кайҳоннавардон, балки фароҳам овардани шароити иқомати доимии онҳо дар Моҳ мебошад.
Ин нақша аз тағйир ёфтани равиши ИМА ба Моҳ дар доираи стратегияи омӯзиш ва азхудкунии кайҳон шаҳодат медиҳад. Агар дар миссияҳои қаблӣ ҳадафи асосӣ таҳқиқоти илмӣ ва парвозҳои кӯтоҳмуддат буд, акнун таваҷҷуҳ ба ташкили инфрасохтори дарозмуддат равона шудааст.
Бунёди пойгоҳи доимӣ дар Моҳ метавонад на танҳо имкониятҳои нави илмиро фароҳам оварад, балки дар марҳилаи баъдӣ ҳамчун заминаи технологӣ барои омӯзиши фазои амиқи кайҳон, аз ҷумла Миррих, низ хизмат кунад.
Аз ин рӯ, нақшаи NASA барои хариди теъдоди зиёди мушакҳо танҳо як масъалаи одии логистикӣ нест. Онро метавон як қадами стратегӣ барои ташкили пешакии низоми нақлиётии зарурӣ ҷиҳати таъмини ҳузури дарозмуддати ИМА дар Моҳ арзёбӣ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: