Аз қадимулайём дар урфу одати мардуми мо эҳтироми калонсол, меҳмоннавозӣ ва риояи одоби нишастан дар маъракаҳо ҷойгоҳи хос дорад.
Пиронро дар боло, шахсони калонсолу соҳибэҳтиромро дар ҷойи муносиб шинондан нишонаи маданият ва боадабии инсон ба ҳисоб меравад. Аммо, имрӯз дар баъзе маъракаҳо, махсусан дар деҳот, ба ин масъала на ҳамеша аҳамияти зарурӣ медиҳанд.
Ба қарибӣ мақолаи сархатиби ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Фазлиддин Кароматуллоҳ бо номи «Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр» («Овози тоҷик», 12.09.26. №72) оиди тӯю маърака, ихчам ва камхарҷ гузарондани онҳо рӯйи чопро дид. Муаллиф менависад: «Фарҳанги баргузории тӯй, тартибу интизом ва пешгирӣ аз исрофкорӣ ва риояи одобу ахлоқи динӣ ва миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа аст... Мо миллати соҳибфарҳанг ҳастем. Меҳмоннавозӣ, эҳтироми падару модар, ҳурмати калонсолон, хоксорӣ, либоси муносиб, муносибати самимӣ ва нигоҳ доштани урфу одатҳои хуби миллӣ ва дастгирии якдигар аз беҳтарин арзишҳои миллии мо мебошад».
Дарҳақиқат, тӯй дидорбинист, тӯй шодист, маъракаи ҷамъ омадани хешу табор, ҳамсоя, дӯстону ошноён ва ҳамдеҳаҳост. Дар чунин рӯз ҳар кас мекӯшад бо сухани нек, табрики самимӣ ва дуои хайр ба хонаи соҳибтӯй файзу баракат биёрад.
Аммо ҳар қадар маърака калон бошад, ҳамон қадар риояи одобу тартиб муҳимтар мегардад.
Маълум аст, ки дар деҳаҳои дурдаст тӯй, азо, шабнишинӣ ва дигар маъракаҳо бо иштироки аҳли деҳа мегузарад. Чунки дар деҳа ҳама ба якдигар хешу табор, наздик ва ошноянд. Дар шаҳр бошад, ба тӯй ё шабнишинӣ каси даъватшуда меравад ва дар ҷойи худ мешинад.
Рӯзгоре ҳангоми ба маърака даромадан ҳар кас медонист, ки калонсол куҷо бояд нишинад, меҳмонро дар куҷо шинонанд, ҷойи соҳибэҳтиромон дар куҷо бошад. Хурд пеш аз калон ба ҷойи муносиб наменишаст, пеш аз калонсол ба дасторхон даст дароз намекард. Агар шахси калонсол ворид шавад, ҳатто ҷой набошад ҳам, яке аз ҷавонон бе дудилагӣ аз ҷой мехесту мегуфт: «Амак, шумо ин ҷо шинед».
Имрӯз бошад, чунин саҳнаҳо камтар ба назар мерасанд.
Табиист, ки ба тӯю таъзия ё дигар маросимҳо аз деҳаҳои ҳамсоя низ меҳмонҳо меоянд. Албатта, чунин ҳолатҳои нохуш ва беодобии ҷавонон табъи онҳоро хира мекунад ва мегӯянд: «Сокинони фалон маҳалла бетартиб будаанд» ё «маъракаҳои фалон деҳа хуб нагузашт».
Ба қарибӣ дар тӯйи ҳамдеҳаам иштирок кардам ва гувоҳи чунин воқеа шудам. Баъди ҳама нишастану оғоз шудани тӯй муаллимаи собиқадор, ки ба даҳҳо нафар хонанда сабақ додаасту баҳри тарбияи онҳо заҳматҳо кашидааст, ба саҳни тӯйхона ворид шуд. Ба чор сӯ чашм давонда, ҷойи холии муносиберо меҷуст. Ҷавондухтару ҷавонзанон эътибор намедоданд. Зане, ки ба тӯйдор хеши наздик буду ӯ низ аз роҳи дур омада буд, ба муаллима ҷой дод. Аз ин ҳолат ба ҳайрат афтидам, ба назарам, тартибу интизом ва ҳурмати калонсолон сол то сол коҳиш ёфта истодааст.
Фарҳанги миллат бо ҳамин одатҳои ба назар хурд зинда мемонад. Агар хоҳем ҷомеаи боодоб, инсонпарвар дошта бошем, бояд корро аз маъракаҳо ва муносибати худ ба калонсолон ва ҷойи нишаст сар кунем.
Ё мисоли дигар.Тӯй оғоз шудааст. Хешу ақрабо ва ҳамсояҳо яке паси дигар вориди тӯйхона мешаванд. Ҷавонон аз ҳама пештар омадаанд. Яке дар кунҷе бароҳат нишастааст, дигаре ҷойи муносиберо гирифтааст. Чанд нафар ҳам барои дӯстонашон ҷой нигоҳ медоранд.
Ногоҳ марди солхӯрдае ворид мешавад. Ӯ шояд аз ҳамсоядеҳа омадааст, шояд дӯст ё хеши падари домод аст. Қадамҳояш оҳиста, чеҳрааш хаста, аммо хушҳол аст. Ба атроф менигарад, то ҷойе пайдо кунад.
Аммо ҷавоне, ки дар ҷойи муносиб нишастааст, ҳатто ба гӯшаи хотир намеоварад, ки бояд ба калонсол ҷой диҳад. Пирамард ҷойи холиро нишон дода мепурсад:
«Писарам, ин ҷо шинам мешавад?
Ҷавон мегӯяд: «Барои дӯстам «банд» карда будам...»
Пирамард гӯшаеро меёбаду мешинад.
Дар ин миён нақши раиси тӯй, садри маърака ё баранда низ муҳим аст. Табиист, ки барои он ки тӯй, шабнишинӣ ё ҷамъомади дӯстон ботартиб, шавқовар ва бо рисолати худ гузарад, шахси масъул интихоб мекунанд. Ӯ бояд меҳмононро ба ҷойи муносиб роҳнамоӣ кунад, суханро ба навбат диҳад, фазои маъракаро идора намояд ва нагузорад, ки шабнишинӣ ба бесарусомонӣ табдил ёбад.
Раиси тӯй агар танҳо баландгӯякро ба даст гирифта, сухан гуфтанро донад, аммо ба тартибу одоби маърака аҳамият надиҳад, ӯ вазифаи худро пурра иҷро накарда ҳисоб меёбад.
Масалан, вақте калонсолон вориди тӯйхона мешаванд, раиси маърака метавонад бо як сухани кӯтоҳу самимӣ ҷавононро ба эҳтироми онҳо даъват кунад.
Тӯйи хуб тӯйи серхарҷ нест. Тӯйи хуб тӯест, ки меҳмону калонсол дар курсии иззатанд, ҷавонон дар доираи одоб амал мекунанд ва ҳар кас медонад, ки дар ин ҷамъомад чӣ масъулият дорад.
– Маърака мактаби одоби иҷтимоӣ мебошад. Дар чунин гирдиҳамоиҳо кӯдак мебинад, ки падараш бо пирамард чӣ гуна муносибат мекунад. Ҷавон мебинад, ки калонсолу меҳмонро чӣ гуна пешвоз мегиранд. Духтарону писарон аз рафтори атрофиён меомӯзанд, ки эҳтиром чист.
Агар фарзанд бинад, ки падар аз ҷой мехезад ва калонсолро мешинонад, ин барои ӯ беҳтарин дарси тарбия аст.
Вақте мо аз одоби ҷавонон шикоят мекунем, бояд аввал ба рафтори худ назар андозем. Раиси маърака бояд роҳнамои фарҳанги маърака бошад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Орзумурод Рӯзиев.
Донишманди бузурги форсу тоҷик Соиби Табрезӣ фармудааст:
Дуд агар боло нишинад,
касри шаъни шуъла нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад,
чунки ӯ болотар аст.
Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Рӯйи дарё хас нишинад,
қаъри дарё гавҳар аст.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».