Энн Карсон, нависанда, шоир, тарҷумон ва профессори адабиёти классикии Канада, барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2026 гардид. Вай то ҳол қариб 20 китоби шеър, эссе ва тарҷумаҳоро нашр кардааст.
Кумитаи Нобел имрӯз, 8-уми октябр, гуфт, ки ин ҷоиза барои “осори ҷасурона ва навоваронааш, ки дар гуфтугӯе бозигарона бо суннати классикӣ, қолабҳои наверо барои адабиёти муосир офаридааст” ба Карсон дода мешавад.
Карсон дар Коллеҷи Сент-Майкл ва Донишгоҳи Торонто таҳсил кардааст ва дар ниҳоят таҳсилашро дар Донишгоҳи Сент-Эндрюси Шотландия ба анҷом расонида, соли 1986 бо рисолаи худ дар бораи Сапфо бо унвони докторӣ хатм кардааст.
Карсон мутахассиси фарҳанг ва забонҳои классикӣ, адабиёти муқоисавӣ, антропология, таърих ва таблиғот аст. Дар асарҳои худ, ӯ ба адабиёт ва сабкҳои шоирони юнонӣ-афинагӣ тамаркуз мекунад ва байни асрҳои миёна ва адабиёти муосир пуле сохтааст. Барои ӯ, тарҷума ва эҷодкорӣ бо ҳамдигар ҳаммаъноанд ва ӯ боре гуфта буд: "Агар медонистам шеър чист, дигар намехостам бинависам. Ин васвасае аст дар торикӣ."
Аввалин китоби ӯ бо унвони «Эроси талху ширин» ба табиати ишқи романтикӣ бахшида шудааст. Шоирон ва нависандагони дӯстдоштаи ӯ Ҳомер, Томас Ҳарди ва Стив Смит мебошанд. Ӯ Вирҷиния Вулфро муҳимтарин чеҳраи таърихи адабиёт медонад.
Дар синни 42-солагӣ, муаллиф соли 1992 "Гуфтугӯҳои кӯтоҳ"-ро нашр кард, ки пас аз он асарҳои дигар, аз қабили "Оби соф" дар соли 1995, "Мақолаи шишагӣ" дар соли 1995 ва тарҷумаи ҳоли ӯ "Сурх: романе бо назм" дар соли 1995 нашр шуданд.
«Маҷмӯае аз номаҳо, шеъру ёддоштҳо» (соли 2001), «Агар не, зимистон: бахшҳое аз Сапфо» (соли 2002), «Таназзул: шеър, мақолаҳо, опера» (соли 2005), «Олиҳаи шаб» (соли 2020), «Антигоник» (соли 2012), «Санади сурх» (соли 2013) ва «Шиновар» (соли 2016) аз ҷумлаи охирин асарҳои адиба ҳастанд.
Ӯ барандаи як қатор ҷоизаҳои адабӣ , аз ҷумла Ҷоизаи шеъри Ланани Амрико дар соли 1996, Ҷоизаи шеъри Пушкарт дар соли 1997, Ҷоизаи Т. С. Элиотии Британия дар соли 2001, Ҷоизаи шеъри ПЕН дар соли 2010 ва Ҷоизаи шеъри Гриффини Канада дар соли 2014, ҷоизаи "Шоҳзодаи Астурия" дар соли 2020 мебошанд.