Ин намоишгоҳи 14-ум унвон гирифт, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд ва рӯзҳои 6-8 октябр ба вуқӯъ пайваст.
Дар он маҳсулоти соҳаҳои гармидиҳӣ, вентилятсия, кондитсионер, таъминоти об, сантехника, ҳавзҳои шиноварӣ, технологияҳои экологӣ ва энергияи барқароршаванда - «Aquatherm Tashkent 2026» ба маърази тамошо гузошта шуданд. Гуфта мешавад, онро Ширкати байналмилалии намоишгоҳҳои “Iteca Exhibitions” дар шарикӣ “бо “ICA Eurasia Group” ташкил намуд.
Ба гуфтаи дастандаркорони намоишгоҳ имсол дар он зиёда аз 200 ширкат ва бренд аз 11 кишвар – Белорус, Олмон, Эрон, Италия, Қазоқистон, Чин, Корея, Лаҳистон, Русия, Туркия ва кишвари мизбон – Ӯзбекистон ширкат карданд. “Aquatherm® Tashkent 2026” ба ҳайси платформаи пешбари техникии минтақа дар давоми се рӯз ба майдони гуфтушунид, имзои шартнома ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн табдил ёфт.
Дар намоишгоҳ чунин бахшҳои калидӣ, мисли таҷҳизоти гармидиҳӣ, қубур, фитинг ва клапанҳои лӯлакашӣ, таҷҳизоти таъминоти об ва дренажӣ, вентилятсия ва кондитсионер, системаҳои асбобсозӣ ва автоматизатсия ва таҷҳизоти сантехникӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Яке аз пешсаф ва мӯътабари дистрибютор ва интеграторҳои маҳаллии таҷҳизоти касбӣ дар ин соҳа “Aventos” (Ӯзбекистон) муаррифӣ гардид, ки ба системаҳои назорати иқлим, вентилятсия ва кондитсионеркунӣ ихтисос дода шудааст.
Инчунин ширкатҳои “Jihozvent”, “MaxsusSuvQurish Invest”, “Plumbers-Savdo”, “RokaVent” ва “SantexnikaFrap”-и Ӯзбекистон маҳсулоти худро, ки тарҳи муосир, сифати бенуқс ва муқовимати баланди фарсудашавӣ доранд, мавриди муаррифӣ қарор доданд.
Ширатҳои “Akvadis”, “Fonteco/SPV Group of Companies”, “Komfovent” (Русия), “EbittFluid” ва “Termofan” (Туркия), “SamanTahvieh” ва “MakhzanFooladRafe” (Эрон), “RolsIsomarket” ва “Alterplast”, “AtmosferVent” (Қазоқистон), “DaehanFlexibleDuctHose” (Ҷумҳурии Корея), “ZhejiangMenred” (Чин), “Mair” (Беларус) ва амсоли он намоишгоҳи "Ӯзэкспомарказ”-ро майдони беҳтарин муаррифгари маҳсулоти худ арзёбӣ карданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.