Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич!
Ҳамтоёни муҳтарам!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов, барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиши мо изҳори сипоси самимӣ намоям.
Ҳар дафъа симои зебои «Аваза» аз суръати баланди рушди Туркманистон шаҳодат медиҳад.
Раёсати бомуваффақият ва пурмаҳсули Ашқобод дар ИДМ низ сазовори баҳои баланд аст.
Ҳамаи шуморо ба муносибати санаи фархунда – 35-солагии таъсисёбии Иттиҳод самимона табрик мегӯям.
Дар ин муддат ҳам дар кишварҳои мо ва ҳам дар ҷаҳон тағйироти зиёде ба амал омаданд. Аммо як чиз бетағйир боқӣ монд: моро муносибатҳои қарини инсонӣ, таърихи муштарак ва иқтидори бузурги ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. Имрӯз муҳим аст, ки ин имкониятҳоро ба манфиати халқҳоямон истифода барем.
Иштирокдорони муҳтарами ҷамъомад!
Имрӯз ҷаҳон ба таври куллӣ тағйир меёбад. Танишҳо афзоиш ёфта, робитаҳои маъмулии иқтисодӣ аз нав шакл мегиранд.
Дар чунин шароит таҳкими эътимод, мунтазам ҳамоҳанг сохтани мавқеъҳо ва муваффақ шудан ба он ки созишҳои ҳосилшуда натиҷаҳои воқеӣ диҳанд, аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Таҷрибаи кишварҳои мо нишон медиҳад, ки ҳамгироии иқтисодӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ яке аз омилҳои асосии устуворӣ ва рушд боқӣ мемонанд.
Аз ин рӯ, мо зарур мешуморем, ки иқтидори умумии давлатҳоямонро ҳамаҷониба истифода бурда, шарикии тиҷоративу сармоягузориро ба сатҳи нав бардорем.
Ба назари мо, тадриҷан аз мубодилаи одии молҳо ба таъсиси муштараки занҷираҳои мукаммали арзиши иловашуда гузаштан ба мақсад мувофиқ аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд якҷоя маҳсулот истеҳсол кунем, сармоягузорӣ намоем ва маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷӣ барорем.
Маҳз чунин ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас ба бор меорад: корхонаҳои нав, ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади шаҳрвандон.
Мехоҳам як қатор самтҳои афзалиятнокро, ки бояд неруи муштараки худро ба онҳо равона созем, муайян намоям.
Пеш аз ҳама, бояд фаъолияти комил ва бидуни маҳдудияти Минтақаи савдои озодро таъмин кард.
Аз байн бурдани монеаҳои техникӣ, таъмини эътирофи мутақобилаи сертификатҳои мутобиқат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хариди давлатӣ аҳаммияти принсипиалӣ доранд.
Масъалаи дигаре, ки бевосита ба устувории иқтисодиёти мо ва некӯаҳволии мардум дахл дорад, амнияти озуқаворӣ мебошад.
Умедворем, ки Созишнома дар бораи васеъ намудани дастрасии мутақобила дар соҳаи хариди давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ҳарчи зудтар мувофиқа ва тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамчунин, муҳим мешуморам, ки бозорҳои мо пешгӯишаванда ва устувортар гарданд. Бо ин мақсад пешниҳод менамоем, ки пеш аз ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо ба содироти маҳсулоти озуқаворӣ ва нуриҳо механизми огоҳсозии пешакӣ ва машваратроҳандозӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки хатарҳои эҳтимолиро пешакӣ муайян намуда, ҳолатҳоеро пешгирӣ кунем, ки қарорҳои як кишвар ба бозорҳои давлатҳои дигар ғайричашмдошт таъсир мерасонанд.
Самти муҳими дигар ба муттаҳид сохтани имкониятҳои саноатӣ ва тавсеаи сармоягузориҳои мутақобила алоқаманд аст.
Намоишгоҳи «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» ва Форуми панҷуми байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар Тошканд баргузор шуданд, бори дигар таваҷҷуҳи зиёди доираҳои соҳибкоронро ба ҳамкории муштарак нишон доданд. Зарур аст, ки ин таваҷҷуҳро бо фароҳам овардани имкониятҳои нав дастгирӣ кунем.
Пешниҳод менамоем, ки ба минтақаҳои махсуси иқтисодӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шавад.
Ҳадафи мо пайвастани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва паркҳои саноатии амалкунандаи кишварҳои Иттиҳод ба шабакаи ягона мебошад.
Умедворем, ки «Харитаи роҳ» оид ба дастгирии фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ҳарчи зудтар мувофиқа карда мешавад.
Мехоҳам алоҳида ба масъалаи пайвастагии нақлиётии кишварҳоямон таваҷҷуҳ намоям.
Мо ҷонибдори таъсиси марказҳои ҳамгирои логистикӣ, ба таври назаррас коҳиш додани хароҷоти транзитӣ, ягона сохтани қоидаҳои ҳамлу нақли бор ва ташаккули низоми ягонаи иттилоотии нақлиёт дар доираи ИДМ мебошем.
Мо ташаббуси дӯстони туркманамонро дар бораи Соли пайвастагии нақлиётии Иттиҳод эълон намудани соли 2029-ум дастгирӣ мекунем.
Амнияти энергетикӣ низ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Имрӯз ба мо пешгӯии дарозмуддати рушди ҳамбастагии энергетикии минтақа барои даҳсолаҳои оянда зарур аст. Ин пешгӯӣ бояд тасаввуроти равшан диҳад, ки дар кадом минтақаҳо ва кадом давраҳои сол изофа ё норасоии неруи барқ ба вуҷуд меояд, кадом шабакаҳоро бояд рушд диҳем ва чӣ гуна неруи барқи обӣ, истеҳсоли гармӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергияро самараноктар ба ҳам пайванд созем.
Бо дарназардошти ин вазифаҳо мо Барномаи рушди инноватсионии соҳаи энергетикаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи он таҳия намудем.
Мушкилоти дигари умумии ҳамаи мо ба тағйирёбии иқлим вобаста аст.
Дар ин самт қарорҳои ҳамоҳангшуда ва амалӣ заруранд. Мо ҷонибдори ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои камкарбон ва рушди истеҳсолоти даврии дорои низоми пӯшида мебошем.
Бо мақсади муттаҳид сохтани кӯшишҳои муштарак пешниҳод менамоем, ки Консепсияи ҳамкории ИДМ дар соҳаи иқтисодиёти самаранок истифодабарандаи захираҳо ва иқтисоди даврӣ таҳия карда шавад.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ заминаи устувори ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими эътимод миёни халқҳои мо мебошанд.
Мо барои рушди минбаъдаи ин самт тавассути васеъ намудани доираи фаъолияти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ имкониятҳои хубро мебинем.
Пешниҳод менамоем, ки ба соҳаҳои эҷодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Ин соҳаҳо имрӯз зери таъсири технологияҳои нав босуръат тағйир ёфта, ба бахши мустақил ва назарраси иқтисодиёти муосир табдил меёбанд.
Дар ин робита, пешниҳод менамоем, ки Форуми «Сиёсати фарҳангӣ ва соҳаҳои эҷодӣ» ташкил карда шавад.
Дар ин рӯзҳо шаҳри бостонии Хива барои пазироии Форуми ҷавонони ИДМ омодагӣ мебинад. Итминон дорам, ки ин ҳамоиш ба майдоне табдил меёбад, ки ҷавонон метавонанд дар он неруи эҷодӣ ва зеҳнии худро ҳамаҷониба амалӣ созанд.
Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон!
Дар байни чолишҳои муосир мехоҳам алоҳида ба мушкиле таваҷҷуҳ намоям, ки миқёси он дар саросари ҷаҳон босуръат меафзояд. Сухан дар бораи ҷиноятҳои киберӣ меравад.
Қаллобӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ аллакай ба шаҳрвандон ва соҳибкорон зарари ҷиддӣ мерасонад ва барои фаъолияти устувори низомҳои молиявии кишварҳои мо хатар эҷод мекунад.
Бо дарназардошти ин, пешниҳод менамоем, ки ба Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ супориш дода шавад, то дар муҳлати кӯтоҳтарин маҷмӯи чораҳоро оид ба таъсиси Маркази муштараки тамоси ИДМ барои вокуниши фаврӣ ба ҷиноятҳои киберии фаромарзӣ ва нақшаҳои қаллобӣ таҳия намояд.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Соли оянда Ӯзбекистон раёсати ИДМ-ро ба уҳда мегирад.
Мо барои ҳамкории зич ҷиҳати таҳкими минбаъдаи Иттиҳод ва ба даст овардани натиҷаҳои мушаххасе, ки шаҳрвандони мо эҳсос хоҳанд кард, омода ҳастем.
Шуморо ба ҷаласаи навбатии Шӯро, ки нақша дорем соли оянда дар шаҳри Бухоро баргузор намоем, даъват мекунам.
Дар фарҷом бори дигар ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов, барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки созишҳои имрӯза идомаи амалии худро пайдо карда, ҳамкории мо минбаъд низ ба манфиати кишварҳо ва халқҳоямон хизмат хоҳад кард.
Барои таваҷҷуҳатон ташаккур!