Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро бо Британияи Кабир баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро бо Британияи Кабир баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро бо Британияи Кабир баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро бо Британияи Кабир баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро бо Британияи Кабир баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 октябр вазири давлатии Британияи Кабир оид ба тиҷорат, лорд Анас Сарварро, ки барои иштирок дар ҷамъомади дуюми Кумитаи иқтисодии Ӯзбекистону Британия ба кишвари мо омадааст, қабул кард.

Дар оғози суҳбат лорд Сарвар ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва номаи вижаи Сарвазири Британияи Кабир Энди Бернҳэмро расонд.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд, пеш аз ҳама, дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ шуданд.

Рушди босуръати муколамаи сиёсӣ, фаъол гардидани мубодилаҳо дар тамоми сатҳҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Дар соҳаи амният ҳамкории босамар роҳандозӣ шудааст.

Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар пайваста меафзояд. Дар кишвари мо 260 корхонаи муштарак бомуваффақият кор мебаранд.

Дар Биржаи фондии Лондон нахустин IPO-и Фонди миллии сармоягузории Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом ёфт. Дар соҳаи молия бонки «Standard Chartered» ва дар бахши нафту газ бошад, ширкати «British Petroleum» фаъолона кор мебаранд.

Се муассисаи муштараки таълими олӣ таъсис ёфт, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Кембриҷ мактабҳои президентӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Шумораи сайёҳони британиягӣ низ меафзояд.

Зарурати пешбурди лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, энергетика, молия, геология, нақлиёт, таълим, тандурустӣ ва дигар бахшҳо,  аз ҷумла, бо иштироки Агентии маблағгузории содироти Британияи Кабир (UKEF) амалӣ намудани ин корҳо таъкид гардид.

Ҷониби Британияи Кабир омодагии худро барои кумакрасонӣ ҷиҳати роҳандозии фаъолияти Маркази байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Тошканд, ки бар асоси тамоюлҳои «ҳуқуқи англисӣ» амал хоҳад кард, баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот аз рӯйи қабули «харитаи роҳ»-и муштарак барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба ба мувофиқа расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: