Дар Ӯзбекистон ба муносибати «Ҳафтаи пиронсолон» ва «Моҳи сайёҳии пиронсолон» ба шаҳрвандони солманди кишвар барои харидани чиптаҳои қатора 20 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ин имтиёз занони аз 55-сола ва мардони аз 60-сола боло, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ва нафақахӯранд, истифода бурда метавонанд.
Тахфиф ҳар сол дар ду давра амал мекунад: аз 2 то 8 октябр, дар рӯзҳои «Ҳафтаи пиронсолон», ва аз 1 то 30 ноябр, дар доираи «Моҳи сайёҳии пиронсолон».
Ин имтиёз ба қатораҳои ҳамаи хатсайрҳои дохилии кишвар, ба истиснои қатораи баландсуръати «Афросиёб», дахл дорад. Тахфиф ба қисми тарифии нархи чипта татбиқ мешавад.
Чиптаҳоро бо истифода аз ин имтиёз ба таври электронӣ ё аз кассаҳои роҳи оҳан харидан мумкин аст.