Масъалаи умумӣ: Ташаккули низоми устувор ва бехатарии озуқаворӣ

  • Масъалаи умумӣ: Ташаккули низоми устувор  ва бехатарии озуқаворӣ
  • Масъалаи умумӣ: Ташаккули низоми устувор  ва бехатарии озуқаворӣ
  • Масъалаи умумӣ: Ташаккули низоми устувор  ва бехатарии озуқаворӣ

Дар пойтахт се чорабинии байналмилалии аз ҷиҳати мавзӯъ бо ҳам алоқаманд – конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пахта, Форуми ҷаҳонии техникии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр роҳ надоранд, оид ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ҳадафҳои рушди устувор, инчунин форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот, ки 15 октябр таҷлил мешавад, барпо гардиданд.

Пахта аз нуқтаи назари бозорҳои ҷаҳонӣ ва занҷирҳои глобалии арзиш, амнияти озуқаворӣ аз нуқтаи назари рушди устувор, инчунин нақши занони деҳот дар рушди сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ – се ҷанбаи муҳим ва бо ҳам алоқаманди бахши муосири кишоварзӣ мебошанд.
Дар солҳои охир дар кишвари мо ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ шуда, ба дигаргунсозии куллии кишоварзӣ, рушди соҳа дар асоси принсипҳои бозорӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои муосир, таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва зиёд намудани даромади аҳолии деҳот равона шудаанд.

Дар ин замина, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисон аз кишварҳои гуногун аз афзоиши таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба ислоҳоти кишвари мо шаҳодат медиҳад.

Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пахта (7 октябр)  намояндагони чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Кумитаи байналмилалии машваратӣ оид ба пахта, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС), Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO), Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD), Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), Маркази байналмилалии савдо (ITC), инчунин мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.

Занҷири эҷоди арзиш, ки аз майдони пахта оғоз меёбад, дар марҳилаҳои коркарди пахта ба ришта ва матоъ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, содироти он ва ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ идома меёбад.

– Табдил додани соҳае, ки қаблан асосан ба истеҳсоли ашёи хом дар пахтакории мо нигаронида шуда буд, ба занҷири муосири истеҳсоливу саноатӣ, ки арзиши баланди иловашударо таъмин мекунад, ифода ёфтааст.

Рушди низоми кластер, коркарди амиқи пахта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва тайёр, инчунин васеъ намудани ҷуғрофияи содирот имкон медиҳанд, ки иқтидори пахтакории кишвари мо ба сатҳи сифатан нав барояд, – гуфт вазири хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов.

Дар пойтахт боз як форуми бузурги байналмилалӣ – Форуми ҷаҳонии техникии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр роҳ надоранд, оид ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор низ аз масъалаҳои муҳим даврро фаро гирифт.

Мавзӯи асосии он ба таъмини шукуфоии устувор тавассути рушди низомҳои озуқаворӣ дар кишварҳои ба баҳр роҳнадошта бахшида шуд.
Набудани дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ барои бисёр кишварҳо чунин мушкилотро ба вуҷуд меорад, ба монанди хароҷоти баланди нақлиётӣ, мушкилоти баромадан ба бозорҳои хориҷӣ, вобастагӣ аз кишварҳои транзит ва ба қадри кофӣ рушд накардани занҷирҳои таъминот.

Имрӯз ба ин мушкилот паёмадҳои тағйирёбии иқлим низ илова шудаанд. Хушксолӣ, падидаҳои шадиди обу ҳаво, тағйирёбии нархи неруи барқ ва захираҳои истеҳсолӣ, инчунин халалдор шудани занҷирҳои таъминот дар назди бахши кишоварзӣ вазифаҳои нав мегузоранд.

Ҳамин тавр, амнияти озуқаворӣ имрӯз дигар танҳо вазифаи дохилии як давлати алоҳида нест. Он ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки бо нақлиёт, савдо, сармоягузорӣ, технология, тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои байналмилалӣ зич алоқаманд мебошад.

Аҳамияти асосии Форуми Тошканд дар он аст, ки он ба кишварҳо имкон медиҳад мушкилоти мавҷударо на ба таври ҷудогона, балки ҳамчун унсурҳои ба ҳам алоқаманди як низоми ягонаи озуқаворӣ баррасӣ намоянд.

Боз як чорабинии муҳими байналмилалӣ – таҳти унвони «Занони фермер: илм, инноватсия ва трансформатсияи низомҳои агроозуқаворӣ» буд, ки ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот бахшида шуд.

Мазмуни ин чорабинӣ низ тамоюли муҳими рушди муосири аграриро инъикос мекунад: ояндаи кишоварзӣ на танҳо бо техника ва технология, балки бо сармояи инсонӣ низ муайян карда мешавад. Имрӯз зани деҳот танҳо шахсе нест, ки некӯаҳволии оила ва хоҷагии хонаводаро таъмин кунад. Ӯ ҳамчун фермер, соҳибкор, истеҳсолкунанда, ташаббускори инноватсия, эҷодкунандаи ҷойҳои нави кор ва иштирокдори фаъоли занҷирҳои агроозуқавории эҷоди арзиш нақши рӯзафзун дорад.

Дар ин замина, форум ба таҳкими нақши занони фермер дар илми кишоварзӣ, рушди инноватсия ва ҷорӣ намудани технологияи муосир, васеъ намудани иштироки онҳо дар агробизнес ва занҷирҳои эҷоди арзиши иловашуда, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва саҳми онҳо дар таъмини бехатарии озуқаворӣ равона шудааст.

Дар доираи форум инчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва коркардшуда, инчунин агроинноватсия ва стартапҳои фермерзанон пешниҳод гардид. Сухан танҳо дар бораи намоиши маҳсулот нест. Ин имкониятест барои нишон додани он, ки меҳнат, дониш, иқтидори соҳибкорӣ ва ғояҳои нави занони деҳот дар шароити иқтисоди бозорӣ чӣ гуна арзиш эҷод мекунанд.

 Гарчанде мавзӯъҳои се чорабинии байналмилалии Тошканд аз ҳам фарқ

мекарданд, дар маркази ҳар яки онҳо масъалаи умумӣ қарор дошт –ташаккули низоми устувор ва бехатарии озуқаворӣ.

Т. Мирҳаёев.
Суратгир: Р.Галеев

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: