Президенти мо Шавкат Мирзиёев бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони «Тошканди Нав» бо сармоягузорон ва соҳибкорон мулоқоти ошкоро анҷом медиҳад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки пешниҳодҳое, ки зимни мулоқотҳо бо онҳо дар тӯли як моҳи охир баён шуданд, инчунин масъалаҳои марбут ба тақсимоти замин, гирифтани иҷозатномаҳо ва пардохтҳо омӯхта шудаанд.
Дар доираи ин лоиҳа, ки се сол пеш оғоз гардида буд, давлат барои бунёди иншооти муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, донишгоҳ ва китобхона, маблағҳои калон ҷудо мекунад. То имрӯз ба «Тошканди Нав» беш аз 2 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки суръати ҷалби бахши хусусӣ ба корҳои сохтмонӣ ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқат намекунад.
Барои бунёди шаҳри нав дар маҷмӯъ 20 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар марҳалаи аввал дар масоҳати 6 ҳазор гектар татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 50 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Бо назардошти фурудгоҳи нав, иқтидори сармоягузории ин ҳудудро метавон то 200 миллиард доллар расонд.
Айни замон дар масоҳати беш аз ҳазор гектар асосан аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ба соҳибкорон бошад, ҳамагӣ 94 гектар замин ҷудо карда шудааст.