Дар Оқсой маҷмааи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд

  • Дар Оқсой маҷмааи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд
  • Дар Оқсой маҷмааи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – маҷмааи муосири варзишӣ барои аҳолӣ ва ҷавонон ба истифода дода шуд.

 Ин маҷмаа бо сарпарастии сокинони маҳалла Ҷумабой Маҳмудов ва фарзандони ӯ К. Маҳмудов ва Ҷ. Маҳмудов бунёд гардида, арзиши он беш аз 2 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки қад афрохтани ин иншоот дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ба варзиш ҷалб кардани ҷавонон ва кашфи истеъдодҳои нав қадами муҳим гардид.
Дар маросими ифтитоҳи маҷмаа ҳокими ноҳияи Нуробод Мақсуд Бӯронов иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш табрик кард. Роҳбари ноҳия дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, рушди варзиш ва аҳаммияти дастгирии ташаббусҳои сарпарастӣ сухан гуфт.
Ҳамчунин, ҳокими ноҳия ба сарпарастони ташаббускоре, ки дар бунёди маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳои ҳокимияти ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарони секторҳои ноҳия, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва мутахассисони соҳа, сокинон ва ҷавонони варзишгар низ иштирок намуда, аз ифтитоҳи маҷмааи нави варзишӣ истиқбол карданд.
Дар маҷмааи нав барои бо гӯштӣ, дзюдо, самбо, вазнабардорӣ ва гимнастикаи бадеии варзиш машғул гардидани беш аз 500 нафар ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ба баланд бардоштани омодагии ҷисмонии ҷавонон, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба варзиш ва дар оянда ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар мусобиқаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Нуробод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: