Почта дар асри рақамӣ: Омили асосӣ – беҳбуди хизматрасонӣ ба мардум

Дар асри XXI тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, новобаста аз тарзу усули кор ва тавлиди маҳсулот, рақамӣ кунонида мешаванд. Гуфта мешавад, минбаъд бидуни рақамикунонӣ ягон соҳаро тасаввур кардан имконнопазир мегардад. Соҳаи хизматрасонии почта аз ин раванд дар канор нест.

Дарвоқеъ, почтаи муқаррарӣ, ки мардуми зиёд ба он одат карда буданд, сол аз сол ҷои худро ба почтаи рақамӣ дода меравад. Тиҷорати электронӣ ва логистика ба омилҳои асосии почта табдил ёфтаанд.
 Тавре ки мутахассисони соҳа мегӯянд,  дар қадами аввал бар асоси рушди тиҷорати электронӣ номаҳои анъанавӣ бо бастаҳо ва интиқолҳое иваз карда мешаванд, ки аз мағозаҳои онлайнӣ харидорӣ хоҳанд шуд.
– Ҳоло ба логистикаи интеллектуалӣ рӯй оварда мешавад. Ин ба ҳамон маъно мебошад, ки автоматикунонӣ, хатҳои конвейерӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ дар марказҳои ҷудокунӣ корбаст карда мешаванд. Инчунин шабакаи почта, ба таври мисол, идораҳои автоматии почта, ки шабонарӯзӣ фармоишҳоро қабул мекунанд, маъмул гашта, ин раванд сабаб мегардад, ки муштариён иҷборан дар навбат интизор намешаванд, – мегӯяд раиси бахши вилоятии Ҷамъияти саҳҳомии «Почтаи Ӯзбекистон» Алиҷон Ибрагимов.
Тавре ки мавсуф боз тазаккур медиҳад, ходимони бахши вилоятии ҷамъияти саҳҳомӣ тарзи хизматрасониҳои гибридиро ҷорӣ кардаанд, ки дар бисёр кишварҳо низ пардохтҳои молиявӣ ва амалиёти почтаро ба платформаи ягонаи рақамӣ муттаҳид намудаанд.
Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол истифода аз намудҳои гуногуни хизматрасонӣ сурат мегирад. Дар ин росто идораҳои почта ба марказҳои универсалӣ табдил дода мешаванд, ки ғайр аз  интиқоли бастаҳо, таъмини хизматрасониҳои бонкӣ, молиявӣ ва давлатиро низ мадди назар доштаанд.
Ҳоло истифодаи мошинҳои барқӣ ва скутерҳои барқӣ барои интиқоли ҳар гуна мавод дар дохили шаҳру берун аз он ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст. Ба назар мерасад, ки аксари ҷавонон шомили чунин хидматрасониҳо шудаанд ва дар ин маврид ба онҳо бештар скутерҳои барқӣ воситаи аз ҳама қулай ва муфид  интихоб шудааст.
Тавре ки аз суҳбат бо Савриддин Шарофиддинов, сардори почтаи ноҳияи Сӯх бармеояд, дар маҷмӯъ 16 корманд барои фаъолияти доимӣ дар ташкилоти онҳо ба кор ҷалб шудаанд.  Онҳо бо масъулияти баланд вазифаи бар дӯш доштаашонро иҷро мекунанд.
– Ҳар моҳ аз мардум то 1 миллиард сӯм маблағ қабул мекунанд, ки барои хадамоти коммуналӣ пардохт шудаанд. То ин давраи соли равон дар ҳудуди 3 ҳазор адад хату хабарҳои гуногун, тақрибан 230-240 адад баста ба дасти мизоҷон расидаанд, ки бештари он аз кишварҳои ИДМ, мисли Русия, Белорус, Тоҷикистон ва Қазоқистон фиристода шудаанд. Инчунин 850-900 нусха рӯзномаву маҷаллаи марказӣ ва вилоятӣ низ ба соҳибонашон дастрас мегарданд. Дар ин самт саҳми Б. Орипов, Қ. Мансуров, О. Мамадалиев, А. Ҳайдаров, Н. Зоҳирова, Ф. Муҳиддинова басо калон мебошад, – мегӯяд Савриддин Шарофиддинов.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: