Чунин ном дошт шабнишинии хотиравие, ки бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон дар мадрасаи «Кӯкалдош»-и шаҳри Бухоро баргузор гардид.
Ин чорабинӣ ба 160 нафар журналистони бухороӣ, ки солҳои гуногун дар матбуот ва ВАО фаъолият нишон додаанд, бахшида шуд. Ҳадафи асосии тадбир бузургдошти хотира ва тарғиби мероси эҷодии онҳо буд.
Дар он адибон, ҷавонон ва хешу ақрабои журналистони марҳум иштирок карданд.
Меҳмонон аз намоишгоҳи сурату лавҳаҳо, инчунин бастаҳои нодири рӯзномаҳо, ки бо тартиби муайян дар атрофи деворҳои рӯйи ҳавлии мадраса гузошта шуда буданд, дидан карданд.
Сармуҳаррири рӯзномаҳои вилоятии «Бухоронома» – «Бухарский вестник» Шодмон Сулаймон ба ҳозирон роҳбаладӣ намуда, хидматҳои таърихии Садриддин Айнӣ, Чӯлпон, инчунин Н. Аминов, Т. Ҳамид, Х. Қӯлдошев, Т. Аҳмад, С. Воҳидов, А. Шукуров, М. Бақоев, С. Барноев, А. Ҳакимов, И. Орипов, М. Қосимов, А. Гулов, А. Ҳасан, Н. Наимов, Р. Рӯзиев ва дигаронро, ки ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ эҷод кардаанд, таъкид намуд.
Дар қисми асосии тадбир роҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон Гулшода Иброҳимова ном ва хидматҳои адибон-журналистон, ҷасорату фидокориҳои онҳоро дар давраҳои мураккаб ва баъдина алоҳида таъкид кард ва бобати тарғиби мероси онҳо байни ҷавонон ақи-даҳои худро изҳор дошт.
Журналистон аз фазилатҳои устодон ва ҳамкорони собиқи худ хотираҳои нек ва лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаро нақл карданд. Дар охир бобати дар шакли китоб омода сохтани маводи тадбир таклиф пешниҳод шуд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.