Рӯдакӣ – офтоби адабиёт

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳақ «Офтоби адабиёт»-и форсу тоҷик дониста мешавад. Чуноне ки офтоб ба олам нуру гармӣ ва ҳаёт мебахшад, Рӯдакӣ низ бо каломи мавзун ва шеъри ҷозибадори худ ба дарахти баландқомати адабиёти форсу тоҷик ҷони тоза бахшид ва таҳкурсии онро устувор намуд.

 

Рӯдакӣ аввалин шоире буд, ки забони модарии моро ба авҷи баланд бардошта, роҳро барои ҳазорон шоири баъдина равшан сохт. Ашъори ӯ, ки пур аз ҳикмат, тарғиби некиву карам, дӯстиву дониш ва пандҳои зиндагисоз аст, то имрӯз мисли нури офтоб дилҳои ҳамаро гарму равшан менамояд.

Дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё дар ҳамкорӣ бо Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳия  бахшида ба 1168-умин солгарди таваллуди падари шеъри форсӣ – Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷумани адабӣ ва фарҳангии «Рӯдакӣ – офтоби адабиёт» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муаллимону донишомӯзони мактаб ва фаъолони маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳия ширкат варзиданд.

Баромади донишомӯзон оид ба шарҳи ҳол ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯ-дакӣ бо чанд забон, қироати шеъру ғазалҳо, рақсҳои зебои тоҷикӣ, саҳначаҳо аз ҳаёти шоир ҷамъомадагонро болидахотир гардонид. Ғолибони викторина, ки дар мавзӯи ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуд, аз тарафи маъмурияти мактаб бо туҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Дар охир раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Олтинсой Шавкати Абдураҳмон дар бораи чорабинӣ ва аҳамияти он хулосаву андешаҳои худро иброз намуд ва иштирокдорони тадбирро бо ташаккурномаҳо сарафроз гардонид. Инчунин, ба чанд нафар намояндагон ва фаъолони фарҳангӣ, аз ҷумла, директори мактаби рақами 9-уми ноҳия Амин Абдуалимов, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик Гулрӯ Сатторова, Дилшод Содиқов ва дигарон гувоҳномаҳои узвияти марказ супорида шуд.

Фарида Баротова,

омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Олтинсой.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: