Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ

  • Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ
  • Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ
  • Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ
  • Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ
  • Ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ

Дар Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ҳамоиши байналмилалии адабӣ-маърифатӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш мероси ғании адабии Ҳофизи Шерозӣ, арзишҳои умумиинсонии дар ашъори ӯ таҷассумёфта, аз ҷумла некӣ, вафодорӣ, муҳаббат ва андешаҳои фалсафӣ дар бораи зиндагиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, ба ҷойгоҳи эҷодиёти шоир дар адабиёти форсӣ ва адабиёти классикии ҷаҳон, инчунин таъсири осори ӯ ба ҳаёти маънавии халқҳои гуногун дар тӯли асрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Саодат Носирова ва сафири Эрон дар Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Искандарӣ аҳамияти рушди робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвар, ҳифзи мероси адабии классикӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онро таъкид намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш паёми видеоии раиси Академияи забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон раиси Бунёди Саъдӣ, намоиш дода шуд.
Сипас, директори Институти таърихи Академияи илмҳои Ӯзбекистон, академик Азамат Зиё дар мавзӯи «Мақоми адабии Ҳофизи Шерозӣ», муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир Фарида Афрӯз дар мавзӯи «Таъсири Ҳофизи Шерозӣ ба адабиёти ӯзбек» ва омӯзгори калони Мактаби олии эроншиносӣ ва афғонистонии Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Мирҷон Қаландаров дар мавзӯи «Ҳофизшиносӣ дар Ӯзбекистон» маърӯза карданд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ намунаҳо қироат карданд. Викторинаи «Шумо Ҳофизро мешиносед?» баромадҳои мусиқӣ ва маросими қадрдонии иштирокдорони фаъол ба ҳамоиш ҳусни тоза бахшиданд.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: