Чаро имсол нархи ангишт боло меравад?

Барои мардуми Сӯх, ки дар минтақаи барои Ӯзбекистон эксклав зиндагӣ мекунанд, ангишт яке аз воситаҳои асосии дар фасли сармо гарм кардани хона мебошад.

Бино ба маълумоте, ки банда дастрас намудам, ангишт ба ин ноҳия тибқи тартиби нав барои фурӯш хоҳад расид, ки Девони Вазирон бо қарори рақами 418 муқаррар кардааст, Аммо дар ин шабонарӯз  масъалаи асосие, ки аҳолии ноҳияи мазкурро нигарон мекунад, тағйири нархи ниҳоии ангишт мебошад.

 Гуфта мешавад, як килограмм ангишти гаронбаҳотарин, ки дар кони ангишти Ангрен истихроҷ мекунанд ва ба мардум фурӯхта мешавад, 512 сӯм мебошад. Агар ба ҳар килограмм ангишт 79 сӯм ҳамчун хароҷоти таъмини вагон ва расонидани ангишт ба Фарғона илова карда шавад,  он гоҳ нархи он метавонад 591 сӯмро ташкил намояд. Аммо дар ҳамин ҳол ангиштсанге, ки ба Сӯх оварда мешавад, ба аҳолӣ бо нархи 1000 сӯм пешниҳод шудааст. Дар он сурат нархи он тақрибан 400 сӯм фарқ мекунад.

 Шояд барои интиқол, боркунӣ ва фаровардани ангишт, инчунин дигар хидматрасониҳо хароҷоти иловагӣ вуҷуд дошта бошад. Аммо мардум огоҳ карда нашудааст, ки боло рафтани нархи имсолаи ангишт кадом сабабҳоро дар бар мегирад. Дар он сурат тақозо мегардад, ки дастандаркорони фурӯши ангишт ба мардум фаҳмонанд, ки бар асоси кадом ҳуҷҷат ин тафриқа ба бор омадааст.

 Намешавад, ки масъулон сабаби ба 1000 сӯм боло рафтани нархи ангиштро шарҳу тавзеҳ диҳанд? Зеро якбора ба 400 сӯм болоравии нархи он ҳар каси солимақлро ба фикр водор меосозад?

 Оё дар ҳамин ҳол касе метавонад гӯяд, ки арзиши воқеии интиқоли ангишт ба Сӯх чанд сӯмро ташкил менамояд? Гузашта аз ин, барои интиқол, нигоҳдорӣ ва дигар хидматҳо чӣ қадар маблағ сарф   хоҳад шуд? Оё ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки ин хароҷотро тасдиқ кунанд? Муҳимтар аз ҳама, тартиби муқаррар кардани нарх барои аҳолӣ дар низоми нави таъминот, ки дар асоси қарори рақами 418-и Девони Вазирон қайд шудааст, чист ва кадом ниҳод онро назорат мекунад?

 Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки чунин саволҳоро танҳо барои кунҷковӣ медиҳам. На, ин саволҳо танҳо кунҷковӣ нестанд. Ин саволҳои қонунии аҳолӣ ҳастанд, ки ба зимистон омодагӣ мебинанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар сармо оилаҳои худро бо гармӣ таъмин кунанд.

 Боз як нукта маро ба ҳайрат меорад. Яъне масъулон эълон кардаанд, ки касе харида тавонад, марҳамат, биёяду бихарад! Агар натавонад, чаҳор тарафаш – қибла!  Рости гап, чунин муносибати сард дар ин замина наметавонад посух ба эътирозҳои қонунии аҳолӣ бошад.

 Талаби мардум низ ҳамин аст, ки расман дар ин маврид шарҳу эзоҳ диҳанд ва бигӯянд, ки ба кадом асос нархи ангишт боло рафтааст. Дуюм, ҳисоби муфассали нархи ибтидоии ангишт, хароҷоти интиқол ва харҷҳои иловагӣ, инчунин нархи ниҳоии фурӯш бояд ба мардум пешниҳод карда шавад. Сеюм, мутобиқати нархи ангишт ба тартиби муқарраршуда ва талаботи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби мақомоти ваколатдор тафтиш карда шавад. Чаҳорум, агар дар муқаррар кардани нарх қонуншиканиҳо муайян карда шаванд, бояд дар доираи қонун чораҳои дахлдор андешида шаванд. Ва ниҳоят, ба муроҷиатҳои аҳолӣ расман посухи дуруст дода шавад.

 Мақсади мо айбдоркунӣ нест, балки ошкор намудани нархгузорист, ки боиси эътирози мардум гаштааст. Агар нархи 1000 сӯм бо тамоми хароҷоти воқеӣ асоснок бошад, нишон додани ин ҳисоб набояд кори сахту душвор бошад. Агар он асоснок набошад, масъала бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ карда шавад. Дар баробари ин, аз ташкилотҳои дахлдори таъминот ва мақомоти масъул дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ талаб мекунем, ки ба ин вазъият бепарво набошанд, масъаларо зери назорат гиранд ва ба аҳолӣ посухи расмӣ диҳанд.

Аҳолӣ ҳақ дорад ба шароити муносиби зиндагӣ, нархҳои мувофиқ ва ҳисоббаробаркунии озод дастрасӣ дошта бошад. Бигзор нархҳо шаффоф бошанд ва саволҳои аҳолӣ беҷавоб намонанд.

Камолиддин АЗИЗОВ,

журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: