Аъзои дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон оид ба робототехника, ки дар мусобиқаи байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омаданд, ҳамроҳ бо мураббиёни худ дар маҷмӯъ ба маблағи 1,3 миллиард сӯм мукофотонида шуданд.
Маросими қадршиносии ғолибон дар технопарки «Inno»-и шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар он муовини якуми Сарвазир — вазири маориф ва илм Эркинҷон Турдимов, вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов, директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев ва дигар масъулон иштирок карданд.
Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба робототехника ва мураббиёни онҳо» ба ғолибон медалҳо ва мукофотҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супурда шуданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, мукофотпулӣ чунин тақсим гардид:
- Аъзои даста: дар маҷмӯъ 2 500 нишондиҳандаи ҳисобӣ, баробар ба 1,1 миллиард сӯм;
- Мураббиён: дар маҷмӯъ 485 нишондиҳандаи ҳисобӣ, баробар ба 200 миллион сӯм.
Ҳамин тариқ, маблағи умумии мукофотпулии ба аъзои дастаи мунтахаб ва мураббиёни онҳо ҷудошуда ба 1,3 миллиард сӯм расид.