Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили як мактаб нест!

  • Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили як мактаб нест!
  • Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили як мактаб нест!
  • Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили як мактаб нест!
  • Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили як мактаб нест!

Дар чанд шумораи охирини рӯзномаи «Овози тоҷик» дар бораи вазъи китобҳои дарсии тоҷикӣ, норасоии онҳо ва дигар мушкилоте, ки дар ин самт мавҷуданд, якчанд мақола ба табъ расид.

Нахуст, ба рӯзномаи «Овози тоҷик» барои таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим ва баёни дарди омӯзгорону донишомӯзон сипосгузорӣ менамоем. Зеро масъалае, ки дар мақолаҳо ба миён гузошта шуд, танҳо мушкили як мактаб ё чанд омӯзгор нест. Ин масъала ба кулли муаллимон ва хонандагони мактабҳоямон  дахл дорад гӯем, хато нахоҳад шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Сӯх низ вазъ нигаронкунанда аст ва ин пеш аз ҳама, дар зинаи таълими ибтидоӣ эҳсос мешавад.

Масалан, ҳоло дар синфҳои ибтидоии мактаби мо 315 нафар хонанда таҳсил мегиранд. Аксар китобҳои дарсии онҳо кӯҳнаанд ё ба қадри кофӣ дастрас нестанд. Мисол, китобҳои «Математика», «Технология», «Информатика» ва «Санъати тасвирӣ»-и синфи якум дар ҳолати фарсуда қарор доранд. Китоби «Тарбияи ҷисмонӣ» умуман дастрас нашудааст.

Вазъ дар синфи сеюм низ чунин аст. Хонандагон то ҳол аз китобҳои даридаву рангпаридаи «Математика», «Технология», «Санъати тасвирӣ» ва «Тарбия» таълим мегиранд. Ин аст, ки омӯзгорон барои фаҳмонидани мавзӯъ аз шакли электронии китобҳо истифода мебаранд. Ин, албатта, дар кори омӯзгор мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад.

Мушкили дигар бо китобҳое вобаста мебошад, ки қисм-қисм дастрас мешаванд. Соли гузашта чанд китоби синфи якум дар чунин шакл тақдим гардид. Яъне барои ҳар як чоряк китоби алоҳида. Афсӯс, ки дар ин раванд низ хонандагон на бо ҳамаи қисмҳо таъмин гардиданд. Масалан, як чорякро дар асоси китоби нав гузаштанд, аммо бинобар дастрас нашудани қисми дигар, омӯзгорон чорякҳои дигарро ноилоҷ дар асоси китобҳои кӯҳна ҷамъбаст карданд. Имсол ин хонандагон синфи дуюм шуданд, лекин ба онҳо ягон китоби нави дарсии қисмнок дастрас нашуд ва алҳол аз китобҳои пешина дарс мегузаранд. Дар онҳо низ, ба ҷуз аз «Математика», дигар китобҳо – «Санъати тасвирӣ», «Тарбия» ва «Технология» хеле куҳнаву фарсуда шудаанд.

Ин вазъ танҳо мушкили омӯзгор нест. Хонандагон низ онро эҳсос мекунанд. Чанд нафар хонандае, ки дар мактабҳои шаҳр таҳсил карда, баъдан ба ноҳия баргаштаанд, саволи табииеро ба миён мегузоранд: «Чаро китобҳои мо ба мисли китобҳои мактабҳои шаҳр наву замонавӣ нестанд?»

Ин саволро падару модарон низ медиҳанд ва мо наметавонем аз ин ҳама сарфи назар кард. Зеро сухан танҳо дар бораи намуди зоҳирии китоб ё нав шудани муқоваи он намеравад. Мавзӯъ ва мундариҷаи онҳо низ куллан фарқ мекунад.

Ин мушкил дар синфҳои болоӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, хонандагони синфҳои 5 ва 6 «Фанҳои табиӣ»-ро меомӯзанд. Аммо то ҳол на китобҳои дарсӣ ва на дафтарҳои машқи ин фан дастрас шудааст. Ҳамчунин, дар синфҳои ҳаштум ҳам китобҳои «Тарбия», «География», «Биология», «Геометрия» ва «Иқтисод» намерасанд. Аз ин рӯ, як китобро ду-се нафар хонанда бо навбат истифода мебаранд ва ин ҳолат гоҳо боиси ба миён омадани муноқишаву зиддият миёни донишомӯзон мегардад...

Ҳоло омӯзгорон, бо вуҷуди ин мушкилиҳо, кӯшиш мекунанд раванди таълимро дуруст ба роҳ монанд. Аммо бидуни китоби дарсӣ ва маводи зарурии таълимӣ нигоҳ доштани сифати дарс дар сатҳи зарурӣ корест мушкил.

Бояд гуфт, ки солҳост масъалаи навсозии китобҳои дарсӣ матраҳ мешавад. Аз ҷумла, дар «Овози тоҷик» (№92, 16 ноябри соли 2024) мақолае таҳти унвони «Китобҳои дарсӣ кай дастрас мегарданд?» нашр шуд. Аз гӯшаву канори мамлакат мардум низ роҷеъ ба ин масъала муносибати худро баён карданд. Аз байн чанде гузашта, ба мактабҳо корвони китобҳои нави дарсӣ омад ва дар ин бора дар рӯзнома мақолаи омӯзгори мактаби мо Хушбахтҷон Бобеков зери унвони «Ба мактабҳо корвони китобҳои дарсӣ омад» (№16, 22 феврали соли 2025) ба табъ расид. Афсӯс, ки бо ҳамин дигар китоби нав дастрас нашуд.

Ҳар сол умед мебандем, ки соли оянда вазъ беҳтар мешавад, аммо баъзе хонандагон то хатми синфи ибтидоӣ ҳамоно аз китобҳои кӯҳна истифода мебаранд ё китоберо, ки бояд дар ихтиёрашон бошад, умуман дастрас намекунанд.

Набояд фаромӯш кард: хонанда асосҳои дониш ва малакаҳои таълимиро маҳз дар синфҳои ибтидоӣ аз худ мекунад. Агар ин замина бо китобҳои фарсуда, норасоии маводи таълимӣ ва шароити нокифоя гузошта шавад, таъсири он метавонад дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил низ эҳсос гардад.

Мо, омӯзгорон, мехоҳем ба хонандагон дар асоси китобҳои нав, муҳтавои муосир ва манбаъҳои босифат таълим диҳем ва дар тарбияи насли босавод саҳми бештар гузорем. Бинобар ин, аз масъулони соҳа эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки масъалаи таъмини мактабҳо бо китобҳои нави дарсӣ ва маводи таълимиро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор диҳанд. Зеро, мо дар ин ҷо танҳо мушкили як мактабро баён накардем. Пас моро зарур аст, ки ба он на ба сифати мушкили ҷудогона, балки ҳамчун масъалаи муҳими таълим назар кунем.

Зеро саволи «Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?», ки омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 49-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Қурбон Маҳкамов дар мақолаи худ ба миён гузошт, танҳо саволи як омӯзгор нест. Ин саволи падару модарон, хонандагон ва ҷомеа аст, ки ҳам посух ва ҳам натиҷаи амалии худро интизор аст.

Султонҷон СИДИРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

Ҳамидулло МИРЗОЕВ,
омӯзгори фанни биологияи мактаби №11 ноҳияи Сӯх.

Вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: