Ба оилаҳои ниёзманд 1 миллион сӯм кумаки якдафъаина пешниҳод шудааст

Дар Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, ки моҳи ноябр ба оилаҳои ниёзманд як миллион сӯмӣ кумаки молиявии якдафъаина расонида шавад.

Тибқи лоиҳа, маблағ бояд то 30 ноябр ба кортҳои иҷтимоӣ ё бонкии гирандагон гузаронида шавад.
Ин масъала дар лоиҳаи фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар раванди гузариш ба принсипҳои бозорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетика» пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур дар Портали муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ нашр гардидааст.
Тибқи пешниҳод, барои гирифтани ин кумак танҳо оилаҳои ба Феҳристи иҷтимоӣ шомилшуда ҳуқуқ нахоҳанд дошт. Оилаҳои дигари ниёзманд низ, ки даромади ҳар як узви онҳо аз ду баробари нишондиҳандаи ҳадди ақали истеъмолӣ зиёд нест, метавонанд дар асоси рӯйхати иловагӣ ба ин барнома фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки меъёри даромади оилаҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ аз ҳисоби хароҷоти неруи барқ ва гази табиӣ васеъ карда шавад. Аз ҷумла, ҳадди ниҳоии даромад аз 1,5 то ду баробари нишондиҳандаи ҳадди ақали истеъмолӣ зиёд карда мешавад.
Дар минтақаҳое, ки ба онҳо гази табиӣ интиқол дода намешавад ё таъмини аҳолӣ бо он мушкил аст, меъёри асосии истифодаи неруи барқ дар мавсими сармо низ тағйир меёбад. Пешниҳод шудааст, ки он аз 200 ба 350 киловатт-соат дар як моҳ расонида шавад.
Дар баробари ин, ҷорӣ намудани тарифҳои нави гармидиҳӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби гарм, инчунин муқаррар кардани нархи гази моеъ ба андозаи 5 ҳазор сӯм барои як килограмм пешбинӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, ба оилаҳои ниёзманд то 1 январи соли 2030 барои хариди гази моеъ низ ҷубронпулӣ дода мешавад. Ҳаҷми он барои ҳар як оила то 20 килограмм дар як моҳ ва меъёри ҷуброн 3 ҳазор сӯм барои ҳар як килограммро ташкил медиҳад.
Бо лоиҳаи фармон аз тариқи  чунин ҳавола шинос шудан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: