Ислоҳоти кишоварзӣ дар вилояти Қашқадарё: истифодаи самараноки замин, сарфаи об ва афзоиши даромади деҳқонон
Ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоие, ки солҳои охир дар саросари Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, ба ободонӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд. Яке аз самтҳои муҳими ин ислоҳот соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Дар вилояти Қашқадарё, ки яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзӣ ва чорводории ҷумҳурӣ ба шумор меравад, барномаҳои ислоҳотӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд. Тамоюли давлатии «Як контур — як маҳсулот» низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо буда, ҳадафи он истифодаи мақсадноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва рушди соҳибкории кишоварзӣ мебошад. Ин равиш дар байни деҳқонону соҳибкорон таваҷҷуҳи бештар пайдо карда, барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ низ имконият фароҳам меорад.
Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон тадриҷан ба гуногунсозии истеҳсолот ва истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Аз ҷумла, дар баъзе қитъаҳои пахтазор кишти дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.
Пахтакорӣ, ки даҳсолаҳо яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии Ӯзбекистон ба шумор рафта, дар муаррифии иқтидори иқтисодии кишвар саҳми назаррас гузоштааст, ҳамоно аҳаммияти стратегӣ дорад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки фурӯши пахта танҳо дар шакли ашёи хом на ҳамеша даромади дилхоҳ меорад. Аз ин рӯ, коркарди он дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру тайёр метавонад арзиши иловагии бештар ба вуҷуд оварад.
Дар баробари ин, коҳиш додани вобастагии кишоварзӣ аз як навъи маҳсулот ва васеъ намудани майдони кишти зироатҳои дигар низ аз самтҳои муҳими ислоҳот ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим ва кам шудани захираҳои об барои обёр зарурати бознигарии усулҳои анъанавии кишоварзиро бештар кардааст.
Агар истеҳсолот танҳо бо якчанд навъи маҳсулот маҳдуд гардад, эҳтимоли зиёд шудани воридоти дигар маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла гандум, ҷуворимакка, картошка, пиёз, сабзӣ ва меваҷот ба миён меояд. Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон барои парвариши бисёре аз ин маҳсулот иқтидори мусоиди табиӣ ва истеҳсолӣ дорад. Пас, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ метавонад ҳам талаботи бозори дохилиро қонеъ созад ва ҳам барои содирот замина фароҳам оварад.
Маҳз чунин ҳадафҳо дар пасманзари тамоюли «Як контур — як маҳсулот» қарор доранд. Он ба гуногунсозии истеҳсолоти кишоварзӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз як навъи маҳсулот ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин равона шудааст.
Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаи кишоварзӣ танҳо интихоби дурусти зироат кофӣ нест. Истифодаи технологияҳои муосир, сарфаи об ва баланд бардоштани ҳосилхезии замин низ аҳаммияти калон доранд.
Аз ҷумла, ҷорӣ намудани усулҳои обёрии қатрагӣ ва боронӣ, бетонпӯш кардани ҷӯйбору каналҳо, инчунин истифодаи қубурҳои металлӣ ва пластикӣ барои интиқоли об метавонад талафоти онро коҳиш диҳад. Ин тадбирҳо дар шароити камбуди захираҳои обӣ махсусан муҳим буда, ба беҳтар шудани ҳосилнокии замин ва кам шудани хароҷоти истеҳсолӣ мусоидат мекунанд.
Дар Ӯзбекистон барои густариши чунин технологияҳо тадбирҳои гуногун амалӣ мешаванд. Дар вилояти Қашқадарё низ истифодаи усулҳои сарфакоронаи обёрӣ ва ҷорӣ намудани роҳҳои нави ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҷудо кардани қитъаҳои замини обӣ ва лалмӣ ба лотҳои алоҳида ва ба иҷора пешниҳод намудани онҳо тавассути музояда мебошад. Ин раванд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё низ фаъолона идома дорад.
Тамоюли давлатии «Як контур — як маҳсулот» бахши муҳими ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ буда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти зарурӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, фаровонии дастархони мардум, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст.
Ҳанӯз 23 ноябри соли 2021 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами ҚП-20 ба имзо расида буд, ки ба рушди боғдорӣ ва парвариши дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ равона шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдом густариши соҳибкорӣ, ташкили истеҳсолоти сердаромад ва беҳтар намудани некӯаҳволии мардум мебошад.
Дар заминаи чунин ислоҳот тамоюли «Як контур — як маҳсулот» низ аҳаммияти бештар пайдо карда, дар байни кишоварзону соҳибкорони соҳа ҷонибдорони худро меёбад.
Моҳияти он аз он иборат аст, ки дар ҳар як қитъаи муайяни замин як навъи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда шавад. Интихоби зироат бояд бо назардошти иқлими минтақа, хусусиятҳои хок, дастрасии об, талаботи бозор ва имкониятҳои фурӯшу содирот сурат гирад.
Парвариши як навъи маҳсулот дар ҳудуди муайян имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолот ба таври назаррас коҳиш ёбад, истифодаи обу нуриҳои минералӣ ва қувваи корӣ самараноктар гардад. Дар натиҷа, кишоварз метавонад маҳсулоти бештар ва босифаттар истеҳсол карда, даромади худро афзоиш диҳад.
Тибқи ин тартиб, қитъаҳои алоҳидаи замин ба соҳибкорон ба иҷора дода мешаванд. Дар сурати нокифоя будани маблағҳои худӣ, онҳо метавонанд аз имкониятҳои маблағгузории бонкҳо истифода баранд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли 2026 дар вилояти Қашқадарё 38 ҳазору 759 лоти замин бо масоҳати умумии 22 ҳазору 452 гектар ба музояда гузошта шудааст. То замони ҷамъбасти маълумот 94 дарсади лотҳо соҳиби худро ёфтаанд.
Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов охири соли 2025 зимни мулоқот бо кормандони бонкҳои минтақа нақши онҳоро дар рушди соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, муҳим арзёбӣ карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи тамоюли «Як контур — як маҳсулот» дар ҳудуди вилоят 1 022 гектар замин ба 90 контур тақсим шуда, ба ихтиёри кишоварзони соҳибкор гузошта шудааст. Арзиши умумии ин лоиҳаҳои намунавӣ 11,4 миллиард сӯмро ташкил дода, дар натиҷаи татбиқи онҳо 1 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Соли 2026 миқёси татбиқи чунин лоиҳаҳо боз ҳам васеътар гардидааст. Мувофиқи маълумоти бахши вилоятии Бонки марказӣ, дар ҳудуди Қашқадарё 439 лоиҳа роҳандозӣ шуда, 5 394 гектар заминро фаро гирифтааст. Арзиши умумии онҳо 74 миллиарду 955 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Ин рақамҳо аз афзоиши таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба тамоюли «Як контур — як маҳсулот» шаҳодат медиҳанд.
Дар байни ноҳияҳои вилоят аз рӯйи шумораи лоиҳаҳо Китоб бо 56 лоиҳа, Шаҳрисабз бо 43 лоиҳа, Касбӣ ва Миришкор бо 40-лоиҳагӣ пешсафанд. Ноҳияи Деҳқонобод бошад, бо татбиқи ҳамагӣ як лоиҳа дар мақоми охир қарор дорад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин барнома фаро гирифтани заминҳои лалмӣ низ мебошад. Яъне, имкониятҳои соҳибкорӣ танҳо бо заминҳои обӣ маҳдуд намешаванд ва дар сурати интихоби дурусти зироат аз заминҳои камоб низ метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.
Масалан, дар контури рақами 206, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи «Қодирбахшӣ Раҳимов»-и ноҳияи Деҳқонобод, корхонаи хусусии «Муҳаммадиёр Раҳимов» дар масоҳати 10 гектар каврак кишт кардааст. Арзиши умумии лоиҳа 600 миллион сӯмро ташкил дода, соҳибкор онро аз ҳисоби маблағҳои худ амалӣ намудааст.
Ин лоиҳа намунаи истифодаи имкониятҳои заминҳои лалмӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Деҳқонобод мебошад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар контурҳои ҷудошудаи вилояти Қашқадарё соҳибкорон асосан ҷуворимакка, офтобпараст, сабзавот, харбуза, тарбуз, каврак, сияҳдона, сабзӣ, пиёз, картошка, помидор, боқило ва чормағзи заминӣ парвариш мекунанд. Интихоби чунин зироатҳо ба талаботи бозор ва имкониятҳои истеҳсолии минтақа вобаста аст.
Фаровонии бозорҳои дохилӣ аз ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва ҳукумат низ талош дорад, ба кишоварзон шароити хуби корӣ муҳайё созад, имкониятҳои наве фароҳам оварда, фаъолияти онҳоро мунтазам биомӯзад.
Тибқи талаботи барнома, бонкҳо бояд ба соҳибкорони кишоварзӣ дар шакли қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок маблағ пешниҳод намуда, барои ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолшуда мусоидат кунанд. Масъалаи амнияти озуқаворӣ низ дар ин раванд аҳаммияти махсус дорад. Афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва маҳдуд будани захираҳои табиӣ кишварҳоро водор месозанд, ки роҳҳои самараноки истеҳсол ва тақсимоти маҳсулоти ғизоиро ҷустуҷӯ кунанд.
Ӯзбекистон низ, ки яке аз кишварҳои сераҳолии минтақа ба шумор меравад, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва дастрас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати кишвари мо бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев пайваста дар фикри амнияти ғизо, барқарории субот дар бозорҳои дохилӣ, танзими нархи маҳсулоти ниёзи мардум бо роҳи истеҳсоли бетанаффусу пайваста, беҳбуд бахшидани некӯаҳволии халқ, комилан решакан сохтани камбизоатӣ, беш аз пеш ташкил намудани ҷойҳои шуғли доимӣ ҳастанд.
Бо маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин сохтани бозорҳои ватанамон мароми асосии ҳукумат буда, дар ин самт тамоюли «Як контур - як маҳсулот» имкон медиҳад, ки на танҳо кишоварзон даромаде ба даст оваранд, балки барқарории амнияти ғизо дар Ватани офтобрӯяи мо таъмин гардад.
Шариф Халил,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.