Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми бемории саратон

Бемории саратон дар замони рушдёфтаи имрӯза низ аз ҷумлаи бемориҳое мебошад, ки табобаташ ниҳоят душвор аст. Дар ҳамаи узвҳои бадани инсон, ки бофтаи эпителиалӣ доранд – пӯст, луобпардаҳо, сурхрӯда, шуш, роҳи меъдаву рӯда, узвҳои пешобу таносул, инчунин мағзи сар ва ғайра  эҳтимоли пайдоиши саратон вуҷуд дорад. Ҳуҷайраҳои саратонӣ хеле зуд тақсим ва рушд мекунанд ва ба ҳуҷайраҳои солими атроф зарар мерасонанд. Табобати ин беморӣ душвор буда, оқибатҳои вазнин ба бор меорад ва бинобар ин, бемории хеле ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми бемории саратон 250 грамм сирпиёзро майда карда, бо 200 грамм спирти 96-фоиза омехта мекунанд. Сипас, даҳони зарфро маҳкам пӯшида, дар ҷои салқин ва торик мегузоранд. Пас аз 10 рӯз онро соф карда, боз 2–3 рӯз нигоҳ медоранд. Баъдан 50 грамм шири сард гирифта, аз ин омехта мечаконанд ва дар як рӯз 3 маҳал менӯшанд. Дар ин раванд, рӯзи аввал 2 қатра, рӯзи дуюм 5 қатра, рӯзи сеюм 8 қатра илова карда, то ба 25 қатра расондан истеъмол мекунанд ва баъд тадриҷан боз миқдорро кам мекунанд.

Дар бораи рахит

Дар бемории рахит нӯшобаҳое, ки аз пудина (наъно) омода шудаанд, фоидаи хуб доранд. Зеро дар ин беморӣ мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад ва наъно барои барқарор кардани он мусоидат мекунад.
Аз болои як қошуқ наънои хушк 200 грамм оби ҷӯшонидашуда рехта, дам медиҳанд. Ба кӯдак (пас аз 6-моҳагӣ) ин нӯшобаро дар як рӯз 3 маҳал бо қошуқча медиҳанд. Ҳамчунин, кӯдакеро, ки рахит аст, дар оби наънодор оббозӣ дорондан низ фоида дорад. Ин амал кӯдакро ором мекунад, хобашро беҳтар месозад, доғҳои пӯстро бартараф намуда, тонуси пӯст ва мушакҳоро барқарор мекунад. Барои ин, ба як сатил (5 литр) об 150 грамм наънои хушк илова менамоянд.

Ҳангоми пайдо шудани сӯзиш (халиш)

Ҳангоми дарди сар, сӯзиши рӯда, гурда ва ҷигар тарбандӣ (компресс)-и гарм тавсия мешавад. Дар ин раванд таҳти таъсири гармӣ рагҳои хун васеъ шуда, ғизогирии бофтаҳо беҳтар мегардад, мушакҳо ором ва дард кам мешавад.

Матоъ, дастмол ё докаро чанд қабат печонида, компресси гарм кардан мумкин аст. Матоъро дар оби гарм (60–70 дараҷа) тар карда, каме фишурда, ба ҷои дарднок мегузоранд. Баъдан аз болояш плёнка ё коғази обногузар гузошта, ғафстар пахта мегузоранд ва бо рӯймоли пашмин ё пату (одеяло) мепечонанд. Тарбандӣ дар ҳар 5-10 дақиқа иваз карда мешавад.

Фаромӯш накунед, ки компрессро танҳо бо тавсияи духтур гузоштан мумкин аст.

Ҳангоми зардпарвин

Оби 2 дона сирпиёзро бо шарбати 2 дона лимӯ омехта, 2 соат баъд аз хӯрок 1 қошуқча истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа – 1 моҳ. Пас аз 2–3 ҳафтаи танаффус такрор карда мешавад.

Ҳангоми рондани сафро (ихроҷи сафро)

Исфаноҷ хусусияти шустан ва тозакунанда дорад. Дарунро мулоим карда, сафроро меронад.

Роҳи фарбеҳшавӣ

Нӯшобаи лимӯгияҳ (мелисса) хусусияти зиёд кардани вазнро дорад.

Ҳангоми доғҳои рӯй (пигментация)

2 қошуқ судаи ҷаъфарӣ (петрушка)-ро бо 2 қошуқ шарбати лимӯ ва 2 қошуқ асал омехта кунед. Ин омехтаро ба рӯй молида, пас аз 15 дақиқа бо оби гарм шӯед. Ҷаъфарӣ низ мисли лимӯ хусусияти кам кардани доғҳои кунҷидакро дорад.

(Давом дорад).

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: