Дар шоҳмоти классикӣ назорати вақт метавонад кӯтоҳтар шавад

Ин ташаббусро Федератсияи шоҳмоти Исландия пешниҳод кардааст.

Ассамблеяи генералии FIDE (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) пешниҳоди кӯтоҳ кардани давомнокии партияҳои шоҳмоти классикиро ҷонибдорӣ кард. Дар ин бора дар саҳифаи расмии лоиҳаи «Uzchess» хабар дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ташаббуси Федератсияи шоҳмоти Исландия бо гирифтани 33 овоз дастгирӣ ёфтааст. Тибқи пешниҳод, имкони истифодаи низомҳои нави назорати вақт дар мусобиқаҳои шоҳмоти классикӣ васеъ карда мешавад. Барои мавриди амал қарор гирифтани тартиби нав онро Шӯрои FIDE бояд тасдиқ кунад.
Ҳадафи асосии ин ташаббус дар муддати кӯтоҳтар баргузор намудани мусобиқаҳо ва кам кардани хароҷоти ташкилии онҳо мебошад.
Дар доираи пешниҳод истифодаи чанд низоми назорати вақт пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла:
- 60+30 – ба ҳар як шоҳмотбоз барои тамоми партия 60 дақиқа вақт дода шуда, пас аз ҳар як ҳаракат 30 сонияи иловагӣ зам мегардад. Пешбинӣ мешавад, ки истифодаи ин низом бидуни иҷозати махсус низ имконпазир гардад.
- 45+30 – ҳар як бозигар барои партия 45 дақиқа вақт мегирад ва пас аз ҳар як ҳаракат ба вақти боқимондааш 30 сония илова мешавад. Ин низом метавонад дар баъзе мусобиқаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои доираи «FIDE Circuit», низ истифода шавад.
Ҳамчунин, Федератсияи шоҳмоти Исландия пешниҳод кардааст, ки дар баъзе мусобиқаҳо дар як рӯз баргузор намудани се давр иҷозат дода шавад. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқаҳое, ки натиҷаҳои онҳо барои дарёфти унвонҳои шоҳмотӣ ва иҷрои меъёрҳои унвонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, маҳдудияти кунунӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд: дар як рӯз на бештар аз ду давр баргузор мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: