Имрӯз харидани мошини шахсӣ дигар орзуи дастнорас, мисли солҳои пеш, нест. Шумораи ҳамватаноне, ки ба тозагӣ аз мақоми камбизоатӣ баромада, ҳарчанд мошини кӯҳнатар бошад ҳам, барои пешбурди рӯзгори оилаашон воситаи нақлиёт мехаранд, меафзояд.
Шахсе, ки дар ҷайбаш 1500 доллар дорад, метавонад соҳиби мошини дорои ҳолати техникии миёна гардад. Ҳар кӣ ба бозори мошинфурӯшии шаҳри Андиҷон рафта бошад, эҳтимол чунин манзараро дидааст.
Гузашта аз ин, дар ин рӯзҳо дар платформаи эълонҳои интернетии olx.uz наздики 1200 мошин бо нархи аз 10 то 20 миллион сӯм барои фурӯш гузошта шудааст. Вобаста ба имкони молиявии худ метавон бо 12 миллион сӯм «Тико», бо 13 миллион сӯм «Лада» ва бо 15–18 миллион сӯм «Матиз» ё «Нексия» харидорӣ кард.
Аммо бо ин ҳанӯз мақсад пурра ҳосил намешавад. Зеро хароҷоти расмӣ кардани моликияти харидашуда ба номи худ метавонад табъи онҳое, ки тоза аз мушкилоти рӯзгор раҳо ёфта, имкони харидани мошини арзонро пайдо кардаанд, хира созад ва шавқу рағбаташонро фурӯ нишонад. Инро касоне, ки аз раванди мазкур огоҳанд, хуб медонанд.
Чунон ки пай бурдед, сухан дар бораи гаронии аз ҳад зиёди хароҷоти расмӣ кардани мошин меравад. Биёед, иддаои худро бо рақамҳо собит кунем ва арзиши хизматрасониҳоро дар ин раванд ҳисоб намоем.
Айни замон барои ба расмият даровардани шартномаи хариду фурӯши мошин дар идораи нотариалӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 716 ҳазор сӯм пардохт кардан лозим аст. Пас аз ин мошини харидашуда бояд дар мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Барои ин 4 миллиону 180 ҳазор сӯм барои гирифтани рақами давлатӣ ва 3 миллиону 10 ҳазор сӯм барои бақайдгирӣ пардохт кардан зарур аст. Илова бар ин, барои шиносномаи техникии мошин 616 ҳазор сӯм ва барои боҷи ариза 44 ҳазор сӯм талаб карда мешавад. Ҳамин тариқ, хароҷоти бақайдгирӣ дар мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ дар маҷмӯъ ба 7 миллиону 850 ҳазор сӯм мерасад. Агар ба ин маблағ боҷи давлатӣ ва ҳаққи хизматрасонии нотариалиро низ илова кунем, хароҷоти умумӣ 9 миллиону 566 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
Акнун, худатон бо инсоф бигӯед: шахсе, ки бо заҳмати зиёд 15–20 миллион сӯм ҷамъ карда, мошин мехарад, барои боз қариб 10 миллион сӯм харҷ кардану ҳуҷҷатҳояшро ба тартиб даровардан имконият дорад ё не? Умуман, агар нархи мошин ҳатто 50 миллион сӯм бошад ҳам, ба андозаи панҷяки арзиши он хароҷоти расмӣ кардан талаб карда шавад, магар ин ба моҳияти аслии принсипҳое, ки давлати иҷтимоӣ пеш мегузорад, мухолиф нест?
Шояд масъулони идораҳои дахлдор ба ҳазорон ҳамватани гирифтори ин мушкил чунин тасаллӣ диҳанд: «Шартномаи хариду фурӯш ягона роҳ нест-ку! Ана, бисёр одамон мошинро бо ваколатнома меронанд».
Дуруст аст. Агар фурӯшанда низ розӣ бошад, харидори мошин метавонад ба ҷойи хароҷоти дар боло зикршудаи нотариалӣ танҳо 1 миллиону 188 ҳазор сӯм боҷи давлатиро пардохт карда, дар асоси ваколатномаи ҳуқуқи фурӯш додашуда аз мошин истифода барад. Ин маблағ ҳамагӣ тақрибан ҳаштяки хароҷоти расмӣ кардани шартномаи хариду фурӯшро ташкил медиҳад.
Аммо оё мебинем, ки дар атрофи мо шумораи одамоне, ки маҳз аз пайомадҳои чунин муносибатҳо зарар дида, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, рӯз то рӯз меафзояд? Оё афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ дар баробари ин раванд моро ба андеша водор намекунад? Дар бораи баҳсҳои зиёде, ки дар судҳои шаҳрвандӣ маҳз вобаста ба ҳамин масъала баррасӣ мешаванд, чӣ гуфтан мумкин?
Барои он ки миқёси мушкил равшантар тасаввур шавад, овардани як мисол кофист.
Рустамҷон, сокини шаҳри Андиҷон (бо хоҳиши худ насабашро намеорем), мошини «Нексия-3»-ро, ки як сол боз меронд, аз шахсе бо нархи 8 ҳазор доллар дар асоси ваколатнома харида буд. Ба ибораи дигар, ӯ аз соҳиби дуюми мошин харид карда буд.
Фурӯшанда низ ин мошинро чанде пештар аз шахсе бо номи Мирзоҳид ба маблағи 9 ҳазор доллар, дар асоси ваколатномаи дорои ҳуқуқи фурӯш, гирифта буд. Пас аз ҳафту ҳашт моҳ истифода бурдани мошин ба ӯ пул лозим шуд ва онро ба Рустамҷон фурӯхт.
Ҳамин тавр, мошин ҳанӯз ҳам ба номи «соҳиби аввал» – Мирзоҳид буд. Миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ нозири мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ Рустамҷонро дар кӯча боздошт карда, хабар медиҳад, ки нисбат ба мошини зери идораи ӯ аз ҷониби Бюрои иҷрои маҷбурӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Мошинро фавран ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ мебаранд. Маълум мешавад, ки Мирзоҳид бо сабаби қарздор будан аз шахси дигар дар суди шаҳрвандӣ ҷавобгар буда, санади иҷрои ҳукми суд дар бораи рӯёнидани 26 миллион сӯм аз ӯ ба фоидаи қарздиҳанда ба Бюрои иҷрои маҷбурӣ ворид шудааст. Иҷрочиёни бюро моликияти ба номи қарздор сабтшударо, аз ҷумла мошини «Нексия-3»-ро низ таҳти маҳдудият қарор медиҳанд.
Зеро талаботи қонун ҳамин аст: он ки мошин бо ваколатномаи дорои ҳуқуқи фурӯш ба шахси дигар дода шудааст, аҳамият надорад.
Рустамҷон барои баргардонидани мошин чоруним моҳ пайваста аз Мирзоҳид илтимос мекунад:
«Ака, илтимос, қарзатонро пардохт кунеду мошинро гирифта диҳед. Манбаи рӯзгузаронии ман ҳамин аст. Агар медонистам, ки чунин мушкил дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ намехаридам».
Мирзоҳид аслан табиати қаллобӣ дошт ё воқеан имкони ҷамъ кардани 26 миллион сӯм ва пардохти қарзашро надошт – инро мо намедонем. Аммо як чиз маълум аст: аз ваъдаҳои пайдарпайи ӯ — «пагоҳ, пасфардо» — расо 137 рӯз гузашт.
Ниҳоят, косаи сабри Рустамҷон лабрез шуд. Ӯ аз чанд нафар қарз гирифта, барои ҳалли мушкили шахси дигар 26 миллион сӯмро ба суратҳисоби дахлдор гузаронд.
Хароҷоти нигоҳ доштани мошин дар таваққуфгоҳи ҷаримавӣ низ ба дарди ӯ дарди дигар зам кард. Тавре медонед, вақте мошин ба чунин таваққуфгоҳ афтод, барои ҳар рӯзи нигоҳдории он 30 ҳазор сӯм ситонида мешавад. Новобаста аз он ки мошин дар тобистон зери чангу хок мемонад ё дар зимистон зери борону барф.
Ҳамин тариқ, Рустамҷон барои 137 рӯзи нигоҳдории мошин беш аз 4 миллион сӯм пардохт карда, ниҳоят воситаи нақлиёташро баргардонд.
Акнун ӯ бояд боз 10 миллион сӯм пайдо кунад, то бори дигар ба Мирзоҳид муроҷиат карда, мошинро ба номи худ расмӣ намояд. Баъдан мехоҳад ба суди шаҳрвандӣ муроҷиат карда, маблағеро, ки барои пардохти қарзи шахси дигар сарф кардааст, рӯёнад.
Ба гумонам, барои дарки мушкиле, ки ҳазорон нафарро ба ташвиш овардааст, мисоли дигар лозим нест. Ҳол он ки дар атрофи мо одамони зиёде ҳастанд, ки мисли Рустамҷон аз хароҷоти расмии хариду фурӯш сарфи назар карда, мошинро бо ваколатнома харидаанду акнун аз як идора ба идораи дигар давида, сарсону саргардон шудаанд. Ба лаҳҷаи хоси андиҷонӣ гӯем, чунин одамон «ашинча» бисёранд.
Ба гуфтаи масъулони таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ, 90 дарсади мошинҳое, ки муддати тӯлонӣ дар ин ҷойҳо чанг гирифтаву занг зада меистанд, маҳз натиҷаи мушкилоте мебошанд, ки соҳибони аслии онҳо ба вуҷуд овардаанд. Гӯё ин мошинҳо ба одамоне тааллуқ надоранд, ки бо ваколатнома меронанд, балки қурбони «оши дарҳам»-и соҳибони аввал шудаанд. Кӣ медонад, шояд чунин бошад!
Акнун ба чанд рақами марбут ба мавзӯъ таваҷҷуҳ кунем.
Дар вилояти Андиҷон дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2025 дар идораҳои нотариалии хусусӣ барои 49 ҳазору 860 мошин ваколатнома ба расмият дароварда шудааст. Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 52 ҳазору 887 адад расидааст.
Агар дар давраи ҳисоботии соли гузашта шумораи шартномаҳои хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 35 ҳазору 88 ададро ташкил дода бошад, имсол ин рақам ба таври назаррас коҳиш ёфта, ба 29 ҳазору 683 адад расидааст.
Ба гуфтаи нотариусҳо дар суҳбатҳои байниҳамдигарӣ, бисёр одамон маҳз ба сабаби гаронии хароҷоти расмӣ кардани шартномаи хариду фурӯш маҷбур мешаванд, ки аз ваколатнома истифода баранд.
Акнун ба нархҳои мошинҳое, ки дар оғози мақола зикр кардем, бармегардем. Чаро масъулони идораҳои дахлдор андеша намекунанд, ки хароҷоти расмӣ кардани воситаи нақлиёт то куҷо ба қобилияти харидории мардум мувофиқат мекунад?
Ҳадди ақал, магар имкон надорад, ки пардохтҳои вобаста ба бақайдгирии давлатӣ аз рӯйи арзиши мошин ба таври табақабандӣ муқаррар карда шаванд? Барои фаҳмидани он ки вазъи иқтисодии оилае, ки бо ҳазорупанҷсад доллар мошини фарсудаи базӯр ҳаракаткунандаро мехарад, аз шароити зиндагии сарватмандоне, ки бо мошинҳои хориҷии
50–100-ҳазордоллара ҳаракат мекунанд, замину осмон фарқ дорад, магар ақли зиёд лозим аст?!
Масъаларо аз зовияи дигар низ муқоиса кунем: чаро шахсе, ки ба маблағи 200 ҳазор доллар хона мехарад, метавонад онро бо пардохти боҷи нотариалии камтар аз 2 миллион сӯм ба номи худ гузаронад, аммо барои он ки мошини 15–20-миллионсӯмиро ба моликияти комилан қонунии худ табдил диҳад, бояд қариб 10 миллион сӯм сарф кунад?
Воқеияти имрӯза тақозо мекунад, ки масъулони идораҳои манфиатдор аз нав меъёрҳои пардохтҳои вобаста ба бақайдгирии воситаҳои нақлиётро баррасӣ карда, онҳоро бо назардошти ин омилҳо ба танзим дароранд. Зеро вазъи амалкунанда ба принсипи «адолати иҷтимоӣ» аслан мувофиқат намекунад.
Бовар кунед...
Нурилло НӮЪМОНОВ
«ИШОНЧ»