Ҳолдонон нақл мекунанд, ки Султонмурод яке аз муллоёни мактабдори деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато будаанд.
Мулло Султонмурод – бародари Субҳонмурод, Субҳонмурод – бобои падарии инҷониб.
Ҳолдонон нақл мекунанд, ки Султонмурод яке аз муллоёни мактабдори деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато будаанд. Солҳои табъид эшонро ба сифати муллои мактабдор (чӣ кӯрию беадолатӣ) дастандаркорони шӯравӣ бадарға мекунанд. Он кас таҳти фишори зиндонбонон ё бар асари маризие дар маҳбас ҷон ба Офаридгор месупорад.
Дар баробари Қуръону дигар кутуби динӣ девони Хоҷа Ҳофиз низ ба писари он кас – мулло Абдунабӣ ва духтарашон Гуласал ба мерос мемонад.
Пирони деҳа нақл мекарданд, ки то нимаи аввали садаи ХХ аҷдоди мо девони Хоҷа Ҳофизро, ба хотири пешгирии касолатҳо ва хоби бароҳати тифлон, дар гаҳвора зери болини онҳо мегузоштаанд.
Ёд дорам, тақрибан даҳ сол доштам. Бино ба зарурате ба хонаи момои Гуласал, ки саводи кӯҳна доштанд, рафтам. Момо дар рӯйи суффа бо кампири ҳамсоя гарми суҳбат буданду дар гирду пешашон чанд китоби динӣ қарор дошт. Кампири ҳамсоя суол кард:
– Гуласал, китоби зери дастат чӣ китоб аст?
Момо бо чеҳраи кушод ва табассуми ширин посух дод:
– Девони Хоҷа Ҳофиз.
Посухи ӯ то ҳанӯз дар паси гӯшам садо медиҳад.
Дертар дар мактаби таълими ҳамагонӣ бо зиндагинома ва осори Хоҷа, ки шарҳу тафсири сатҳӣ доштанд, ошно шудам. Чаро шарҳу тафсири сатҳӣ? Зеро дар он шарҳҳо Ёри Ҳофиз ёри заминӣ – маҳбуба буд, на Ёри осмонӣ. Вале омӯзгорон ҳангоми шарҳи абёти Ҳофиз, зери таъсири мафкураи давр, ёри заминиро дар назар доштанд...
Ҳофизи Шерозӣ чунин як дунёи маънавист, ки бе маърифати исломӣ (ҳазми Қуръон ва аҳодиси набавӣ) наметавон ба он ворид шуд...
Солҳои наврасӣ ба гӯшаи хаёлам наомада буд, ки рӯзи саъде фаро мерасаду дар қатори чанд тан аз Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба Эрон меравам ва қабри Ҳофизи лисонулғайб, падари пандгӯёни дунё – Саъдии Шерозӣ ва шоири бузурги муосири Эрон Суҳроби Сипеҳриро зиёрат мекунам.
Шеъргунаи зер, баъд аз зиёрати марқади Ҳофиз, рӯйи коғаз омада буд. Дар ин рӯзи фархунда хостам онро бо алоқамандони каломи бадеъ ва дӯстдорони шеъри лисонулғайб ба ҳам бинам.
ДАР САРИ МАРҚАДИ ҲОФИЗ
Ту зиндаӣ –
намурдаӣ.
Канори боғи сабзи Ёр хобӣ ту,
Ҳазорҳо алоқаманди шеъри
ноби ту,
Канори санги турбатат
барои саҷда саф кашидаанд.
Дар он миён
ба зону шишта ҳам тане,
ки бо каломи ту калон шуда
падарбузургҳои тоҷикаш.
Барои ту азиз буд каломи Ҳақ,
Ба номи Ҳақ супурдиаш ба
дасти ёд.
Зи роҳи дил ба шеър он
калом рафт,
Сипас ба хосу ом рафт.
Ва хосу ом шеъри қудсии туро
ба зеҳни ёду дил супурд...
На, на,
На бар мазори сабзи ту,
Ниҳода буд зоирин ба пойи
оябайтҳои
мондагор сар.
Ва буд дар ҷаворашон тане,
ки дар канори ҷодаи сухан
(Чӣ марди гӯлу сода аст!)
Дари дукон кушода аст...
Абдулло СУБҲОН.