Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати «Cengiz Holding»-ро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати «Cengiz Holding»-ро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи Шӯрои сармоягузорони бахши сӯзишворию энергетика раиси раёсати «Cengiz Holding» Меҳмет Ҷенгизро қабул кард.

Роҳбари давлат афзудани ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро бо қаноатмандӣ қайд намуд.

Зимни мулоқот бо раиси ширкати «Cengiz Holding» масъалаҳои густариши минбаъдаи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, геология ва инфрасохтор баррасӣ гардиданд.

Инчунин, аз рӯйи лоиҳаҳои ояндадори сохтмони неругоҳҳои барқи ҳароратӣ ва навсозии шабакаҳои тақсимоти неруи барқ ба мувофиқа расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: