Президенти Ӯзбекистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои «SOCAR» ва «British Petroleum»-ро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои «SOCAR» ва «British Petroleum»-ро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбари ширкати «SOCAR»-и Озарбойҷон Ровшан Наҷаф ва ноиб-президенти аршади ширкати «British Petroleum» Ҷованни Кристофолиниро, ки барои иштирок дар ҷамъомади Шӯрои сармоягузорони бахши сӯзишворию энергетика ба мамлакатамон омада буданд, қабул кард.

Зимни мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо ин ширкатҳои пешсаф дар соҳаи энергетика бомуваффақият роҳандозӣ шудааст.

Чораҳои амалии минбаъда ҷиҳати азхудкунии конҳои карбогидрид дар паҳнкӯҳи Устюрт баррасӣ шуданд. Ба ин лоиҳаи бузург ҳамроҳ гардидани ширкати «British Petroleum»-и Бритонияи Кабир баланд арзёбӣ гардид.

Зарурати пешбурди лоиҳаҳои нав дар соҳаи нафту газ, роҳандозии низоми дарозмуҳлати интиқол ва фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: