Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 октябр фиристодаи махсуси Президенти ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро қабул кард.
Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон – ИМА баррасӣ шуданд.
Ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари дарпешистодаи котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба Ӯзбекистон, вохӯрии вазирон дар формати «C5+1» ва ҷамъомади дуюми Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории Ӯзбекистону Амрико диққати махсус дода шуд.
Зарурати ғанӣ гардондани муҳтавои чорабиниҳои минбаъда, таҳияи ташаббусҳои нав ва татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.
Ҳамчунин, аҳамияти рӯзафзуни Шӯрои соҳибкорӣ, ки дар муддати кӯтоҳ ба механизми муассири рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва пешбурди ташаббусҳои муштараки соҳибкорӣ табдил ёфтааст, махсус зикр гардид.
Дар мавриди нақшаи баргузории чорабиниҳои байналмилалии минбаъда бо иштироки роҳбарони ду мамлакат низ мубодилаи афкор карданд.