Сайқали рӯйи замин аст

Алҳол дар Самарқанд вазъият нисбати гузаштаи наздик, ҳангоме ки инфрасохтори сайёҳӣ акнун ташаккул меёфт, куллан дигаргуна аст.

Мавҷи сайёҳон рӯз аз рӯз меафзояд, шаҳр низ торафт бештар ба самтҳои оммавитарин майл мекунад ва беш аз пеш ба ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ мубаддал мегардад. Инро маводу матолибе, ки дар нашрияҳои ҷаҳонӣ чоп мешаванд, низ собит мекунанд. Содакунии режими раводид дар ин бобат нақши хеле муҳим гузошт.

Хатсайрҳои бевосита Самарқандро бо Маскав, Истанбул, Дубай, Пекин ва дигар шаҳрҳои бузург вобаста мекунанд, сайёҳиро барои сайёҳони қитъаҳои мухталиф осону дастрас менамоянд.

Солҳои охир шаҳр ба майдони дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфт. Моҳи сентябри соли 2022-юм дар ин ҷо ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он роҳбарони анқариб 20 давлат – бори аввал дар тӯли се соли мулоқоти васеъмиқёс иштирок карданд.

Соли 2025 дар шаҳр ҳамоиши 2-юми мулоқоти стратегии «Осиёи Марказӣ – кишварҳои халиҷи Форс» – яке аз анҷумани баландпояи байни Иттиҳоди Аврупо ва минтақа ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон дар соҳати маркази сайёҳии «Роҳи абрешим – Самарқанд» анҷумани дувумини байниминтақавии ӯзбекистониву чинӣ баргузор шуд, ки беш аз 1500 иштирокдор – соҳибкорон, олимон ва намояндагони муассисаҳои таълимии ду мамлакатро ҷамъ овард.

Соли 2026 низ дар ин ҷо қабул кардани на камтар аз панҷ баромади ҳунармандони дараҷаи ҷаҳонӣ ва даҳ анҷумани бузурги корчаллониву ҷашнвораҳо дар доираи стратегияи ҷалби шаш миллион сайёҳ пешбинӣ гардидааст.

Мероси куҳани қарнҳои дур

Сарвати бебаҳои Самарқанд, пеш аз ҳама мероси меъмории ӯст, ки ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Инҳо майдони Регистон бо се мадрасаи муҳташами худ – Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ, ки барҳақ аз ҷумлаи маҷмӯҳои зеботарини меъморӣ шумурда мешаванд.

Мақбараи Гури Амир – қабри сарлашкари бузург Амир Темур, ки низ комилан таъмир шудааст ва эҳтиёткорона ҳифз мешавад. Гунбади машҳури он, ки бо хиштакҳои зебову хушранг пӯшида шудаанд, аз нав, тавре ки устоёни аслии он андешида буданд, ҷило медиҳанд. Маҷмӯъи нодири мақбараҳои Шоҳизинда ҳам ҳусни тоза касб кард ва назарработар гардид.

Муҳаддиси машҳур Имом Бухорӣ, ки маҷмӯаи ҳадисҳои ӯ тӯли асрҳо асари бебаҳо ва муҳимтарин шумурда мешавад, дар мероси маънавии мо мақоми махсус дорад. Мақбараи Имом ал-Бухорӣ, ки дар деҳаи Хартанги қарибии Самарқанд воқеъ аст, аз ҷумлаи ҷойҳои зиёрати олами ислом маҳсуб меёбад. Маҷмӯа куллан таъмир карда шуд ва алҳол як ансамбли муҳташами меъмориро бо ҳавлии кушоди дохилӣ, айвон ва гунбадҳо ташкил медиҳад. Ҳар сол ба ин ҷо садҳо ҳазор зоирон ва сайёҳон аз тамоми ҷаҳон қадам ранҷа мекунанд.

Роҳбари давлат аз мақбараи Имом ал-Бухорӣ чандин бор боздид намуд ва Президент дар ҳар сафараш бобати беш аз пеш ободу зебо кардани ҳудуди он, беҳтар намудани шароит барои зоирон ва вусъат додани инфрасохтори замонавӣ супоришҳо медиҳад.

Ҳар бори боздид аз Самарқанд бо ҷараёни сохтмон ошно гардида, таъкид менамояд, ки ин маҷмӯъ – бояд нафақат зиёратгоҳи одӣ  бошад, балки ба маркази илм, маърифат, тарбия ва маънавият табдил ёбад, то ки осори бузург, дониш ва камолоти маънавии Имом ал-Бухорӣ, пеш аз ҳама, барои ҷавонон  ибратпазир, барои корҳои бузурги оянда илҳомбахш бошанд. Бо ташаббуси Президент маҷмӯъ куллан бозсозӣ шуд ва ба яке аз марказҳои пуршукӯҳи  маънавиву сайёҳӣ бадал гардид.

Бо ин мақсад дар ҳудуди он осорхонаи инноватсионӣ, бахшида ба ҳаёт ва мероси мутафаккири бузург боз гардид. Барои фароҳам овардани мусоидати бештар ба зоирону меҳмонон 22 меҳмонхонаи оилавӣ бунёд карда шуд. Чунин эътибори шахсии сарвари мамлакат шаҳодати он мебошад, ки дар Ӯзбекистони кунунӣ ба ҳифз кардани мероси бузурги гузаштагон эътибор меафзояд.

 

Инфрасохтори дараҷаи нави сайёҳӣ

 

Якҷо бо тармиму таъмири иншооти таърихӣ дар Самарқанд инфрасохтори замонавӣ низ фаъолона инкишоф меёбад. Ҳанӯз чанд сол муқаддам интихоби меҳмонхона дар шаҳр хеле маҳдуд буд. Алҳол дар ин ҷо даҳҳо маҷмӯаҳои меҳмонхонавӣ – аз хонаҳои хурду кучаки меҳмонқабулкунӣ, ки дар биноҳои таърихӣ бо ҳавливу айвонҳои анъанавӣ ташкил шудаанд, то шабакаҳои бузурги байналхалқии дорои қулаиҳои васеъ амал мекунанд. Бисёр меҳмонхонаҳо бо усуле, ки анъанаҳои меъмории маҳаллиро инъикос мекунанд, ороиш ёфтаанд. Сутунҳои гулкории чӯбӣ, хиштакҳои наққошӣ, ҳавзҳои дохили ҳавлиҳо ҳамаи ин муҳити гузаштаи дури моро ба ёд меоваранд.

Моҳи апрели соли 2021 Президент Шавкат Мирзиёев эълом дошт, ки ба шаҳр 18 ҳазор гектар замин аз ҳисоби ноҳияҳои ҳамҳудуди он илова карда мешавад. Бо ин ташаббуси Президент ба дигаргуниҳои васеъмиқёси шаҳри бостонӣ иқдом гузошта шуд. Моҳи январи соли 2025 депутатҳои Олий Маҷлис лоиҳаи қонун дар бораи тағйир додани ҳудуди Самарқандро қабул карданд, моҳи феврал бошад, онро Сенат маъқул намуд. Баъди ҳамроҳ шудани ин ҳудудҳо сарҳади шаҳр ба 28,08 гектар мерасад. Ҳудуд ба 5 ноҳия: Қарасув, Сиёб, Суғдиёна, Боғишамол ва Мароқанд тақсим карда мешавад. Аҳолии Самарқанд тез зиёд мегардад ва низоми идораи пешина аз иҷрои ин миқёси васеъи корҳо баромада наметавонад. Панҷ ноҳияи нав бо дарназардошти сохтори бамиёномадаи шаҳр: маркази таърихӣ бо иншооти сайёҳӣ ва ёдгориҳо, минтақаҳои саноатӣ ва логистикӣ ташаккул меёбанд, ҳамчунин ҳудудҳои наздишаҳрӣ зуд инкишоф ёфта истодаро фаро мегиранд, ки алҳол амалан қисмати шаҳри бузург гардидаанд. Тақсимоти нави маъмурӣ бояд тарзу тартиби идораи шаҳрро самарабахштар кунад, рушди инфрасохторро дар ҳар ноҳия тезонад ва бори сармоявиро баробар тақсим кунад.

Баробари ин сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва майдонҳои ҷамъиятӣ, ки маркази таърихии дорои мавзеъҳои нави алоҳидаро ҳусн мебахшанд, ба нақша гирифта шудааст.

Сифати хидматрасонии сайёҳӣ низ хеле беҳтар гардид. Акнун метавон мавзеъҳои таърихиро бо истифода аз гиди аудиоии дорои чандин забон саёҳат кард, дар ҳама ҷо девораҳои иттилоотӣ, ки ҷойҳои дидании шаҳрро муфассал намоиш медиҳанд, устувор карда шудаанд. Гидҳо (роҳбаладҳо) саёҳати гуногунрангу гуногунмавзуъ – аз саёҳатҳои иттилоотии классикӣ то хатсайрҳои махсусро пешниҳод мекунанд.

Фарҳанг

Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» дар ҳаёти фарҳангии шаҳр мақоми махсус дорад. Он дар ду сол як бор дар майдони Регистон баргузор мегардад ва аз ҷумлаи воқеаҳои муҳимтарини мусиқии нафақат Осиёи Марказӣ, балки тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Таърихи ҷашнвора аз соли 1997 ибтидо мегирад. Маҳз ҳамон сол бо ташаббуси Президенти нахустини Ӯзбекистон дар шаҳр бори аввал оҳанги шарқӣ садо дод ва мусиқорону иҷрогаронро ба ин замини куҳан ҷамъ овард.   

Дар ҷашнвораи байналхалқии ин майдони асосии шаҳри бостонӣ иҷрогарон аз даҳҳо кишвар ширкат меварзанд ва мусиқии анъанавии халқҳои худро пешниҳод мекунанд. Деворҳои муҳташами мадрасаҳои майдони Регистон  оҳангҳои дутор, карнай, сурнай ва дигар асбобҳои мусиқиро ҷолибу ҷаззобтар мекунанд. Ҷашнвора нафақат баромадҳои консертӣ, балки боз мулоқоти оҳангсозону фарҳангиён, сабақҳои устодони соҳаро фаро мегирад. Ғолибони барномаҳои озмунӣ бо ҷоизаи «Танбӯри заррин» – мукофоти бонуфузи соҳаи мусиқии анъанавӣ тақдир карда мешаванд.

Самарқанди дорои таърихи ҳазорсолаҳо, ки бо шуҳрати пешинаи худ қонеъ нашуда, мунтазам рушд мекунад, инкишоф меёбад ва барои ҷаҳониён бештар оғӯш мекушояд. Ноҳияҳои нав, анҷуманҳои байналмилалӣ, миллионҳо сайёҳон, оҳангҳои «Таронаҳои Шарқ» дар фазои майдони Регистон – ҳамаи инҳо паҳлуҳои гуфтаниву таърифии як шаҳр мебошанд, ки қодир аст ҳам куҳан ва ҳам замонавӣ, нигаҳдори анъанаҳо ва кошифи навгониҳо барои тамоми олам бошад.

Ораш Акабоев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: