Мувофиқи иҷрои қарори 231-уми Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи методии муаллимон ранги дигар гирифт. Яъне «Рӯзи рушди касбӣ» ва «Соати рушди касбӣ» барои фанҳо дар вақтҳои муайян гузаронида мешавад. Ин ҷараён ҳар сол аз моҳи сентябр оғоз меёбад, ки иҷрои машғулиятҳо барои тренерони соҳа аз 15 то 17 сентябр дар Тошканд гузаронида шуд.
Тренерон барои менторони ноҳияҳои вилояти худ аз 28 то 30 сентябр дарсҳоро гузашта, маводи заруриро месупоранд. Тренерони фанҳои филологӣ дар миқёси вилояти Фарғона Моҳичеҳра Эралиева ва Ҳусниддин Каримовҳо дар давоми соли хониш ба менторони ноҳияҳо кумак мерасонанд. Менторони фанҳои мухталиф як соат дарсро дар шакли муфассал барои муаллимони пешқадами мактабҳо меомӯзонанд, ки ин рӯзро «Рӯзи рушди касбӣ» меноманд. Муаллимони пешқадам ҳафтаи оянда барои аъзоёни иттиҳодияи методии фанҳои мухталиф маводҳоро меомӯзонанд, ки ин лаҳзаро «Соати рушди касбӣ» мегӯем. Ба таври умумӣ гӯем, дар 11 равияи фанҳои ҷудогона тадбирҳои методӣ аз моҳи октябр сар карда ҳафтаи аввал дар мактабҳои такягоҳӣ ва ҳафтаи дуюм бошад, дар ҳар як мактаб 3 соатӣ машғулият гузаронида мешавад. Материалҳо ва навгониҳои таълим вобаста ба ҳар як фан аз ташкилотҳои дахлдори соҳа хушсифату пурмазмун омода гардида, барои сайқал ёфтани фаъолияти педагогии муаллимон саҳм хоҳад гузошт. Дар аксари мавзӯъ ва қисми таркибии он оиди рушди касбии муаллим ва истифодаи методҳои наву корбасти зеҳни сунъӣ ва ғайра маълумот дарҷ гардидааст.
Хушбахтона, имсол ҳам камина ҳамроҳи С. Ҳисомов дар Маркази маҳорати вилояти Фарғона дар дарсҳои тренерони фанҳои филологӣ ширкат варзидем. Баъд дарси аввалро дар мактаби такягоҳии якуми ноҳияи Сӯх оғоз намудем, ки боқимонда то 16 марти соли 2027 мустаамал хоҳад гашт. Дар қисми оғози дарс мудири шуъбаи таълим ва илму фанни ноҳия Фозилҷон Мирзоев иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар нутқи худ оиди фаъолнокии муаллимони забон ва адабиёт таъкид намуд. Сипас, барои муаллимони пешсафи 33 мактаби ноҳия маводи дарси аввал дар мавзӯи «Омили таъмин намудани фаровонии касбӣ ва барқарории он» тақдим карда шуд. Ин раванд барои дар сатҳи олӣ таълим гирифтани донишомӯзони мактабҳо шароити мусоид фароҳам меорад ва ба шахсияти муаллим ҳам эътибори ҷиддӣ нигаронида мешавад.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
ментори фанҳои филологӣ.
Вилояти Фарғона.