«Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо

  • «Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо
  • «Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо
  • «Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо
  • «Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо
  • «Ҷилои қолинҳо» – таҷассумгари муколамаи фарҳангҳо

17–18 октябр дар маҷмааи «Арда Хива» намоишгоҳи II байналмилалии «Ҷилои қолинҳо» баргузор гардид. Чорабинии фарҳангиву ҳунармандӣ намояндагони мактабҳои гуногуни гилембофӣ, устоҳои соҳибтаҷриба ва дӯстдорони ҳунарҳои мардумиро гирди ҳам оварда, барои муаррифии мероси миллии халқҳо, табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Намоишгоҳ бо ҳамкории Иттиҳодияи «Ҳунарманд», Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ ва ҳокимияти вилояти Хоразм баргузор шуда, дар доираи татбиқи қарори Президент аз 15 ноябри соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии вилояти Хоразм дар солҳои 2024–2026» роҳандозӣ гардид.

Дар намоишгоҳ 20 нафар ҳунармандони хориҷӣ аз Русия, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин, наздики 100 нафар гилембофони маҳаллӣ аз минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гилембофӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимии мардумӣ буда, дар тӯли асрҳо на танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои рӯзгор, балки ҳамчун воситаи ифодаи завқи зебоипарастӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти фарҳангии мардум хидмат кардааст. Нақшу нигор, интихоби рангҳо ва тарзи бофтани гилем дар ҳар минтақа хусусияти хоси худро дорад. Дар паси ҳар нақш таҷрибаи чандин насли устоён, хотираи таърихӣ ва анъанаҳои мардумӣ нуҳуфтаанд.

«Ҷилои қолинҳо» имкон дод, ки ин гуногунрангӣ дар як макон муаррифӣ гардад. Меҳмонон тавонистанд бо намунаҳои гилембофии кишварҳои гуногун шинос шуда, шабоҳату фарқияти мактабҳои ҳунармандӣ, усулҳои анъанавии бофандагӣ ва вижагиҳои нақшу нигори миллиро мушоҳида намоянд. Аҳамияти чунин чорабиниҳо танҳо бо намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ маҳдуд намешавад. Онҳо барои ҳифзи донишҳои суннатӣ, ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши касбҳои мардумӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва муаррифии маҳсули дасти устоҳо дар бозорҳои васеътар мусоидат мекунанд.

Яке аз иштирокдорони намоишгоҳ ҳунарманди тоҷик Замира Турсунова буд, ки бо ҳунари гилембофӣ машғул аст. Иштироки ӯ дар ин чорабинӣ бозгӯи пайванди деринаи анъанаҳои ҳунармандии мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Ба гуфтаи  Замира Турсунова, чунин намоишгоҳҳо барои устоҳо на танҳо имконияти муаррифии маҳсули кори худ, балки фурсати шиносоӣ бо таҷрибаи ҳамкасбон ва дарёфти ғояҳои нав низ ҳастанд.

– Чанд сол аст, ки бо оила бо ҳунармандӣ мағул ҳастем. Шавҳарам Бӯстон Турсунов низ имрӯз бо ман аст. Ё рассом ва ҳайкалтарош. Барои ҳар як ҳунарманд муҳим аст, ки меҳнати дастони ӯ қадр карда шавад ва мардум ба арзиши аслии ҳунари суннатӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Гилем танҳо як ашёи рӯзгор нест. Дар нақшу рангҳои он таърих, завқ ва фарҳанги мардум инъикос меёбад. Вақте ки устоҳои кишварҳои гуногун як ҷо ҷамъ меоянд, ҳар кадом аз таҷрибаи худ нақл мекунад ва аз дигарон чизҳои нав меомӯзад. Ин гуна вохӯриҳо барои нигоҳ доштани анъанаҳо ва ба насли оянда расонидани онҳо аҳамияти калон доранд, – иброз дошт  Замира Турсунова.

Намояндагони Иттиҳодияи «Ҳунарманд» низ баргузории намоишгоҳро қадами муҳим дар роҳи муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд.

Раиси Иттиҳодияи «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов таъкид намуд, ки ҳифзу рушди гилембофӣ таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамаҷонибаро талаб мекунад.
– Ҳадафи асосии намоишгоҳи «Ҷилои қолинҳо» танҳо ба намоиш гузоштани маҳсулоти ҳунармандон нест. Мо мехоҳем, ки анъанаҳои қадимаи гилембофӣ ҳифз гардида, таҷрибаи устоҳои соҳибмаҳорат ба насли ҷавон расонида шавад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо барои шиносоии ҳунармандони кишварҳои гуногун бо ҳамдигар, табодули таҷриба ва пайдо кардани самтҳои нави ҳамкорӣ имконият фароҳам меоранд, – гуфт Расулҷон Мирзоаҳмедов.

Барномаи намоишгоҳ намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, вохӯриҳои касбӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро фаро гирифт. Дар маҷмааи «Арда Хива»-и шаҳри Хива шаҳраки ҳунармандон ташкил шуда, сайри мардумӣ, мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, ҳунарнамоии дорбозон, лӯхтакбозон ва намоиши либосҳои этникӣ баргузор гардиданд.

17 октябр дар Тошканд конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Гилембофии Ӯзбекистон: анъана ва навоварӣ» низ доир шуда, масъалаҳои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунармандӣ баррасӣ шуданд.

П. Фаттоҳзода.

Аксбардор: М. Айюб.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: