Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) рӯйхати «100 зани қаҳрамон дар ривоҷдиҳии соҳаи кишоварзӣ, низомҳои озуқаворӣ ва заминҳои деҳот»-ро эълон кард.
15 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи марказии ФАО, воқеъ дар шаҳри Рими Италия маросими қадрдонии барандагони ин эътирофи бонуфуз баргузор гардид. Дар он бонувони фидокоре, ки дар беҳтар намудани зиндагии мардум ва тағйир додани низомҳои кишоварзиву озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд, арҷгузорӣ шуданд.
Ба ин рӯйхат намояндаи Ӯзбекистон – роҳбари агрофирмаи «Қува анори»-и вилояти Фарғона Мастурахон Сайфутдинова низ шомил гардид. Ӯ барои хидматҳояш дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ дар соҳа, ташаббуси таъсиси Иттиҳодияи анорпарварон, инчунин таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои соҳавӣ ба ин эътирофи бузург сазовор дониста шуд.
Директори генералии ФАО Тсюй Дунъюй ғолиби ӯзбекистониро шахсан қадрдонӣ намуда, таъкид кард, ки ин на танҳо дастоварди шахсӣ, балки натиҷаи амалии ислоҳоте низ мебошад, ки дар Ӯзбекистон ҷиҳати рушди низоми кишоварзӣ ва таҳкими нақши зану духтарон дар ҷомеа амалӣ мегарданд.
Мастурахон Сайфутдинова, ки аз миёни беш аз 600 номзад аз зиёда аз 130 кишвари ҷаҳон интихоб гардид, бо қобилияти роҳбарӣ, меҳнатдӯстӣ ва ташаббускории худ дар радифи 100 зани қаҳрамони ҷаҳон ҷой гирифт.
АИ «Дунё»,
шаҳри Рим