Намоишгоҳи навгониҳои саноати автомобилсозӣ
Навгониҳои саноати автомобилсозии ватаниву ҷаҳонӣ дар фестивали автомобилии «Motorfest – 2026 Part II» ва намоишгоҳи «Automechanika Tashkent – 2026», ки рӯзҳои охир дар маҷмааи намоишгоҳии «Central Asian Expo Uzbekistan» (CAEx)-и пойтахт баргузор мешаванд, ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.
Ин чорабинии фарогир барои ҳамаи онҳое, ки ба истеҳсол ва хизматрасонии автомобил, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва чарх, рушди нақлиёти шаҳрӣ ва ҳамлу нақли байнишаҳрӣ, роҳсозӣ ва инкишофи автомобили варзишӣ алоқаманданд, таваҷҷуҳи хос дорад.
Дар як майдон гӯшаҳои намоишии маъруфтарин тамғаҳои автомобилии кишварҳои узви ИДМ, Чин ва Аврупои Ғарбӣ ҷамъ омадаанд. Дар паҳлуи онҳо маҳсулоти истеҳсолкунандагони қисмҳои эҳтиётӣ, ширкатҳои ороишу такмили техникии автомобилҳо ва корхонаҳои таҳияву татбиқи зеҳни сунъӣ барои идоракунии самараноки ҳамлу нақли бор низ ба намоиш гузошта шудаанд.
– Мо чандин сол аст, ки дар чунин намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои мавзӯӣ иштирок мекунем, – мегӯяд директори тиҷоратии корхонаи муштараки Ӯзбекистону Кореяи «Technologies of Real Time» (TRT), воқеъ дар ноҳияи Зангиато, Иван Якиманский. – Ширкати мо ҷузъу қисмҳои автомобилҳои ватаниву хориҷиро истеҳсол мекунад, ки аз ҷиҳати сифат ва хусусиятҳои техникӣ аз намунаҳои воридотӣ камӣ надоранд.
Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин консертҳо баргузор гардида, муаллифони лоиҳаҳои нодир ва ояндадори автомобилӣ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.
Сергей МУТИН.
Аксбардор: Рашид ГАЛЕЕВ.