Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Дар кишвари мо ба намояндагони ин соҳа эҳтироми хосса зоҳир мегардад. Зеро меҳнати пурмашаққат ва шарафноки эшон лоиқи таҳсин мебошад.
Солҳои охир ба қадри меҳнати омӯзгорон бештар расида, барои ҳавасмагардонӣ ва рушди имкониятҳои касбии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.Ташкили озмуни «Муаллими сол» яке аз чорабиниҳоест, ки дар он муаллимони соҳибистеъдод маҳорати касбии худро нишон дода, сазовори комёбиҳо мегарданд. Дар озмуни имсола ғолиб омадани 208 нафар омӯзгор боиси хурсандист. Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ бо яке аз ғолибони озмун Дилноза Нормуродова – омӯзгори фанни забони давлатии мактаби таҳсилоташ умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрени вилояти Тошканд суҳбат оростем.
Дилноза соли 1987 дар деҳаи Ҷангкетмони ноҳияи Фурқати вилояти Фарғона дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби таълимоти умумии деҳааш ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии педагогии вилояти Тошканд (шаҳри Ангрен) супорида, донишҷӯйи ин маскани таълим мегардад. Соли 2010 факултети филологияи ӯзбеки ин донишкадаро хатм намуда, як муддат дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 18-уми шаҳри Ангрен ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолият мебарад. (Барои омӯзонидани ин забон сертификат дошт). Аз соли 2013 фаъолияташро ҳамчун муаллими фанни забони ӯзбекӣ дар мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен давом медиҳад. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки муассисаи таълимии мазкур аз ҳар ҷиҳат пешқадаму шоистаи таҳсин мебошад. Таълим дар ин маскан соф ба забони тоҷикӣ буда, соли 2024 дар озмуни вилоятии «Мактаби бе телефон» ғолибиро ба даст овард ва соҳиби 300 миллион ваучери ҳокими вилоят гардид.
Сабаби пешаи худ намудани касби шарафноки муаллимиро аз Дилноза пурсидем. Ӯ чунин гуфт:
– Аз хурдӣ ба дарси забон ва адабиёти модарии худ шавқ доштам. Ҳарчанде ки дар оилаи мо муаллими ин соҳа набуд, лекин китобҳои бадеии зиёде доштем. Ман он асарҳои бадеиро мехондам. Аз китобхонаи мактаб низ китобҳои зиёдеро барои мутолиа мегирифтам. Гӯё бо қаҳрамонҳои асарҳо зиндагӣ мекардам. Ба дунёи асарҳои бадеӣ афтида, онҳоро дар тасаввуроти худ зинда мекардам. «Рӯзгори мозӣ»-и Абдулло Қодириро волидонам мегуфтанд, ки «ин асар ба синну соли ту мувофиқ нест», лекин ман онро рустӣ хонда, дубора ба ҷояш мегузоштам. Шояд аз таъсири мутолиаи асарҳои бадеӣ бошад, орзуи муаллими забон ва адабиёти модарӣ шудан дар ман пайдо шуд.
– Дар омӯзондани забон ба шогирдон аз кадом усулҳо истифода мебаред ва азхудкунии онҳо дар кадом дараҷа аст? – пурсидам аз ӯ.
– Толибилмони ман мансуби миллати тоҷиканд. Онҳо забони давлатӣ – ӯзбекиро дӯст медоранд ва бо ҳавсалаи пур меомӯзанд. Ман кӯшиш мекунам, ки ба онҳо ҷаззобияти ин забон, мероси ғании адабиро бо роҳҳои ҷолиб омӯзонам. Айни замон якчанд нафар аз донишандӯзони ман дар факултаи забон ва адабиёти ӯзбеки мактабҳои олии кишвар таҳсил мекунанд, то омӯзгори ин фан шаванд. Ин барои ман шарафи бузург аст. Зеро хушбахтии ҳақиқӣ ин аст, ки шогирдон фардо ба мақоми муаллимӣ мерасанд. Онҳо аз пайи муаллимон рафта, на танҳо фанни ӯро дӯст дошта ба ин мартаба мерасанд, балки муаллимашон, яъне маро ба мақоми устодӣ мебардоранд. Аз ин рӯ, ман ифтихор мекунам, ки ин касбро интихоб кардаам.
– Оиди иштирок ва тайёрӣ ба озмун нақл мекардед.
– Албатта, раванди омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол» осон набуд. Ин озмун дар кишвари мо ба як мусобиқаи бонуфуз табдил ёфта, барои баланд бардоштани мақому манзалат ва шаъну шарафи муаллимон мусоидат мекунад. Дар марҳилаи аттестатсия тахассуси дониши муаллим санҷида шуд, дар ҳолати дарсҳои кушод, маҳорати таълимии муаллимро дар фанни ӯ муайян карданд. Дарсҳо дар синфи тасодуфӣ, дар мавзӯи тасодуф, дар назди камера ва доварон баргузор гардид. Ин раванд хеле мураккаб ва ҳаяҷоновар буд.
Пас аз баҳодиҳии доварон ва мардум, омодагӣ барои марҳилаи ҳалкунандаи навбатӣ оғоз ёфт. Дар ин марҳила, бо баробари хондани адабиёти иҷтимоию сиёсӣ ва адабӣ, омодагии пухта ба презентатсияи самаранокии корҳои маънавӣ ва тарбиявӣ нигаронида шуда буд.
Ин марҳила бароям писанд омад. Чанд маротиба мутолиа кардани асарҳо ба афзоиши дониши сиёсии муаллим мусоидат менамояд, инчунин таассурот ва таҷрибаро бой гардонида, эътимоди муаллимро зиёд мегардонад.
Дилноза Нормуродова ба ғайр аз ғолиби озмуни «Муаллими сол» будан дорои сертификати миллӣ аз фанни забони ӯзбекӣ, изофаи 70 фоизӣ ва муаллими тоифаи олӣ мебошад. Албатта ноил шудан ба ин муваффақият аз муаллим донишу маҳорати баланди касбӣ талаб мекунад. Шогирдонаш дар марҳилаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок мекунанд ва ҷойҳои ифтихорӣ ба даст меоранд.
– Чанд сухан аз имтиёзу имкониятҳои ба омӯзгорон муҳайёгардида мегуфтед.
– Имрӯз дар низоми маорифи ҷумҳурии мо имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудаанд. Ман инро мустақиман дар кори худ ва ҳамкоронам равшан эҳсос мекунам. Акнун он ки омӯзгор моҳе 1000 доллар ё бештар аз он даромад мегирад, чизи ғайриоддӣ нест. Омӯзгор метавонад боз ҳам бештар комёб гардад ва он ба орзу, ҳадаф ва кӯшиши ӯ вобаста аст.
Мехоҳам ба Президентамон барои фароҳам овардани чунин имкониятҳо изҳори сипос намоям. Муаллиме, ки касбаш ва заҳматаш қадр шудааст, худро хушбахт мешуморад.
– Лаҳзае, ё рӯҳиятеро, ки аснои шуморо ғолиб эълон кардан фаро гирифт, чӣ тарз ифода мекунед?
– Ман бо хурсандӣ қабул кардам, аммо фикр мекардам, ки ба ин озмун роҳ ёфтан хеле душвор аст. Дар ҳақиқат, ин душвор аст, аммо чунон ки нависанда Пауло Коэло дар романи худ «Алхимик» навиштааст, агар инсон самимона барои орзуи худ талош кунад, тамоми коинот ба ӯ кумак мерасонад. Албатта, дар комёб шудан ба муваффақиятҳо, махсусан ба даст овардани ғолибӣ дар озмун дастгирӣ ва эътимоди волидонам, оилаам ва ҷамоаи азизам – омӯзгорони мактаби рақами 17 бо роҳбарии Зебо Маҳкамова нақши бузург доранд.
Дилноза бо соҳиби оилааш – Бегзод Нормуродов, методисти шуъбаи таълим ва илму фанни шаҳри Ангрен бо орзуҳои нек барои тарбияи ҳаматарафаи фарзандон – Азизбек ва Афрӯзабону камар баста, зиндагии хуш доранд.
Омӯзгори фанни забони давлатиро бо комёбӣ ва Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ба ӯ муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорем.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».