Имрӯз аттестатсияи омӯзгорон оғоз шуд

Омӯзгорон барои иштирок дар имтиҳонҳои санҷиши малака бояд шиносномаи шаҳрвандӣ ё корти ID-ро бо худ гиранд.

Имрӯз, 26 октябр, имтиҳонҳои санҷиши малака дар доираи аттестатсияи тирамоҳӣ барои омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумии миёна ва таҳсилоти беруназмактабӣ оғоз мешаванд. Дар ин бора канали Telegram-и «Назорати таълим» хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз омӯзгорони фанни информатика ва технологияҳои иттилоотӣ аз имтиҳони тестӣ мегузаранд.
Дар рӯзҳои минбаъда бошад, санҷишҳо аз рӯйи дигар фанҳо ва самтҳо тибқи ҷадвали дар расми зер овардашуда баргузор мешаванд:



Аз омӯзгорон хоҳиш карда мешавад, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои санҷиши дараҷаи тахассусӣ шиносномаи шаҳрвандӣ ё корти идентификатсионии ID-ро бо худ гиранд.
Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар аттестатсия иштирок мекунанд, метавонанд тавассути сомонаи www.sinovtest.uz ба саволҳои намунавии тестӣ ҷавоб дода, донишу малакаи худро санҷанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: