Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми парвариши мӯйи сар

4 қошуқ равғани зайтунро гарм карда, ба он шарбати ним дона лимӯро ҳамроҳ намоед. Омехтаи каме гармро ба пӯсти сар молед. Пас аз як соат мӯйи худро бо оби дорои ҳарорати муқаррарӣ шустан мумкин аст.

Барои саломатии мӯйи сар

1 қошуқча бӯра (танакор) ва 2 қошуқ собуни кӯдаконаи майдакардашударо бо 1 истикон ҷӯшобаи бобуна (ромашка) омехта карда, барои 2 соат нигоҳ доред. Ин омехтаро ба ҷойи шампун истифода намудан мумкин аст. Баъд мӯйро бо оби сиркодор (ба 1 литр об 1 қошуқ сиркои себ) ё лимӯдор (ба 1 литр об 0,5 қошуқча кислотаи лимӯ) шустан мумкин аст.

Агар мӯйи сар хушк ва беҷило бошад

Агар мӯятон хушк ва беҷило бошад, равғани гарми зайтунро ба решаҳои мӯй молед ва бо ҳаракатҳои даврӣ нарм масҳ кунед. Барои витаминҳоро беҳтар ҷаббидани мӯй ва мустаҳкам намудани решаи он, мӯйи худро ҷамъ карда, ба сар халтаи полиэтиленӣ пӯшед ва бо дастмоли мулоим печонед. Ниқобро баъд аз 1–1,5 соат бо шампун ва оби ширгарм шустан мумкин аст.

Агар ин усули табобатро истифода намоед, метавонед рехтани мӯйи худро пешгирӣ кунед ва дар муддати кӯтоҳ соҳиби мӯйи дароз, ҷилодор ва мустаҳкам шавед. Ба марҳам (бальзам) ва шампуне, ки мунтазам истифода менамоед, равғани зайтун илова намоед (ба 500 мл – 2 қошуқ равғани зайтун).

Ҳангоми рехтани мӯйи сар

Мӯйи худро шуста, баъд аз байни онҳо фарқ кушоед ва 0,5–1 қошуқ намакро дар сар молед ва барои 15 дақиқа кулоҳи полиэтиленӣ пӯшед. Сипас бо оби гарм бишӯед. Пас аз 6–10 маротиба истифода намудани ин ниқоб рехтани мӯйи сар қатъ мешавад.

Ҳангоми илтиҳоби фолликулаҳои мӯй (решаҳои мӯй)

Ҳангоми пайдо шудани захми фасоддор (думмал, пучак, чипқон)-и гуногун ё илтиҳоби решаи мӯй, хокистари сӯзонидашудаи хурфа (семизӯт) бо равғани растанӣ дар нисбати 1:5 омехта карда шуда, ба ҷойи осебдида молида мешавад. Миқдор: 6,0–12,0 (грамм).

Барои ҷилодории мӯй

Агар ранги мӯятон каме тира бошад, барои шустани он метавонед аз дамкардаҳои гиёҳҳои газна, розак (хмель), мушхор (қариқиз), пӯстлохи лӯбиё истифода баред. Ҳамчунин, агар хоҳед мӯй дурахшад, 2 қошуқ чойро дар 1 литр об 5 дақиқа ҷӯшонед. Баъд мӯйи худро бо ин маҳлули гарм шӯед.

Барои афзоиши мӯй

Яке аз маҳлулҳое, ки афзоиши мӯйро суръат мебахшад, решаи гули арӯсак (чакамуғ) мебошад. 10–15 грамм решаро дар 0,5 литр оби ҷӯш дам кунед. Аз ин дамкарда аввал ҳафтае 2–3 маротиба, баъдтар 1 маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Барои ғафс кардани мӯй

Барои мулоим, ғафс ва дурахшондани мӯйҳои худ 1 дона тухм, 2 қошуқ равғани канакунҷид, 1 қошуқча маҳлули сирко ва 1 қошуқча глитсеринро омехта, кафкдор намоед. Ниқобро ба пӯсти сар молида, мӯйи худро бо дастмоли гарм печонед. Баъд каме дар буғи ҳаммом нишаста, сипас бишӯед.

Ҳангоми оҳиста сабзидани риш

Гиёҳи бӯйимодаронро бо баъзе равғанҳо якҷо ҷӯшонда, ба рӯй моланд, афзоишу инкишофи ришро суръат мебахшад.

Илтиҳоби даҳон (стоматит)

Ҳангоми хушкӣ ва илтиҳоби луобпардаи даҳон (милк, забон ва ғайра), инчунин дарди шадид даҳонро бо ҷӯшобаи бобуна (мойчечак, ромашка) ва асал ғарғара кунед ё бо чойи каме талх дар як рӯз 3–4 маротиба пок намоед. Инчунин, бутқаи картошкаи хомро дар даҳон 5–10 дақиқа нигоҳ доштан, дар як рӯз 2–3 маротиба тавсия мешавад.

 

(Давом дорад).

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: