Дар таърихи адабиёти ӯзбек адибоне ҳастанд, ки ҳангоми мутолиаи асарҳояшон инсон на танҳо бо воқеаҳо ошно мешавад, балки ба қалби худ низ назар меафканад.
Тавассути сарнавишти қаҳрамонҳо дар бораи зиндагӣ андеша мекунад, қадри инсон, виҷдон, адолат ва моҳияти ҳақиқатро амиқтар дарк менамояд. Нависандаи халқии Ӯзбекистон Одил Ёқубов аз ҷумлаи чунин қаламкашон буд. Бесабаб нест, ки осори ӯ дар хазинаи адабиёти ӯзбек ҷойгоҳи шоистаеро ишғол кардааст. Зеро дар меҳвари эҷодиёти адиб мавзӯи печидатарин ва ҳамзамон азизтарин – ИНСОН қарор дорад.
Одил Ёқубов 20 октябри соли 1926 дар деҳаи Қарноқ, ки ҳоло дар қаламрави Қазоқистон воқеъ аст, ба дунё омадааст. Зиндагии ӯ бо рӯйдодҳои мураккаб, озмоишҳои сангин ва дигаргуниҳои бузурги асри XX сахт пайванд дошт. Таҷрибаи зиндагӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, сарнавишти одамон ва имтиҳонҳои душвори замон дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва муносибати нависанда ба инсонҳо нақши муҳим бозиданд.
Баъдан ӯ дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсил карда, ба олами адабиёт боз ҳам амиқтар ворид шуд. Қиссаи «Ҳамсолон», ки соли 1951 ба табъ расид, қадами нахустини муҳимми ӯ дар роҳи эҷодӣ гардид. Пас аз он адиб бо сабки нотакрор, қаҳрамонҳои воқеӣ ва тасвирҳои самимии худ таваҷҷуҳи хонандагонро ба даст овард. Соли 1985 ба ӯ унвони фахрии «Нависандаи халқии Ӯзбекистон» дода шуд.
Вақте ба зиндагии Одил Ёқубов назар меафканем, ба як ҳақиқати муҳим мерасем: ӯ адабиётро на танҳо касб, балки масъулияти маънавӣ дар назди инсон ва ҷомеа медонист. Дар қалами ӯ ҳатто манзараҳои зоҳиран одии зиндагӣ маънои бузург пайдо мекунанд. Хомӯ-шии як инсон, сухани ба забон наомада, лаҳзаи кӯтоҳи дудилагӣ ё интихоби виҷдон метавонад ба ғояи асосии асар табдил ёбад.
Ҳангоме сухан дар бораи эҷодиёти Одил Ёқубов меравад, пеш аз ҳама асарҳои «Хазинаи Улуғбек», «Дунёи куҳан», «Диёнат», «Агар ба сари мард кор ояд…», «Қуҳои сап-сафед» ва «Мақсади адолат» ба ёд меоянд. Ҳар яке аз онҳо бо олами бадеӣ, қаҳрамонҳо ва ғояҳое, ки хонандаро ба андеша водор месозанд, фарқ мекунад. Мероси ғании адабии устоди сухан таваҷҷуҳи хонандагони ҷаҳонро низ ба худ ҷалб кардааст. Дар сарчашмаҳо зикр мешавад, ки асарҳои адиб ба 90 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд. Хусусан, романи «Хазинаи Улуғбек» ба забони халқҳои зиёде гардонида шуда, ба боло рафтани шуҳрати адабиёти ӯзбек дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кардааст.
Романи «Хазинаи Улуғбек»-и адиб сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. Дар асар сарнавишти фоҷиабори мутафаккири бузург – Мирзо Улуғбек, садоқати ӯ ба илму маърифат ва муборизааш дар роҳи ҳақиқат ба таври бадеӣ таҷассум ёфтааст. Ҳангоми мутолиаи роман эҳсос мекунем, ки бузургии инсон на танҳо бо мақоми ишғолкарда ё сарватҳои атрофаш муайян мешавад. Хазинаи ҳақиқӣ илму дониш, тафаккур, маънавият ва мероси неке мебошад, ки ба наслҳои оянда боқӣ мегузоранд.
Нависанда тавассути образи Улуғбек саволи муҳиммеро ба миён мегузорад: агар инсон ҳақиқатро дарк кунад, вале ҳимояи он осон набошад, бояд кадом роҳро интихоб намояд? Ин савол танҳо ба таърих тааллуқ надорад. Он имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Зеро дар ҳар давру замон қадр кардани дониш, ҳимояи адолат ва содиқ мондан ба виҷдон аз инсон ҷасорат талаб мекунад.
Дар романи «Диёнат» бошад, симои маънавии инсон, поквиҷдонӣ ва масъалаҳои виҷдон ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар зиндагӣ метавон ба муваффақият расид, соҳиби обрӯю эътибор шуд, аммо агар инсон бо виҷдони худ созгор набошад, ба оромии қалб расидан барояш душвор аст. Таъсирбахшии асарҳои Одил Ёқубов низ дар ҳамин аст: ӯ хулосаи тайёрро ба хонанда иҷборӣ талқин намекунад, балки ӯро водор месозад, ки мустақилона андеша кунад, муқоиса намояд ва ба натиҷа бирасад.
Мутолиаи асарҳои Одил Ёқубов лаззати хос дорад. Қаҳрамонҳои ӯ одамони сохтаву сунъӣ нестанд, ки аз зиндагии воқеӣ дур бошанд. Онҳо шод мешаванд, азоб мекашанд, хато мекунанд, пушаймон мешаванд, гоҳе манфиати худро интихоб менамоянд ва гоҳе бошуурона мекӯшанд, ки бо вуҷуди душвориҳо дар канори ҳақиқат бимонанд.
Адиб инсонро танҳо ба ду гурӯҳ: хубу бад ҷудо намекунад. Ӯ ба муборизаҳои ботинии инсон, сабаби қарорҳои ӯ ва интихоби маънавии вай таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Аз ҳамин сабаб, воқеаҳои осори ӯ на танҳо хонандаро ба шавқ меоранд, балки дар қалбаш низ акси садо медиҳанд.
Инсон баъзан танҳо пас аз гузашти муддати зиёд дарк мекунад, ки касеро ранҷондааст. Гоҳе аз гуфтани ҳақиқат метарсад. Баъзан, вақте ҳама роҳи осонро интихоб мекунанд, бояд барои пеш гирифтани роҳи дуруст дар худ ҷасорат пайдо намояд. Одил Ёқубов дар осораш кӯшиш ба харҷ додааст, ки моҳияти чунин ҳолатҳои зиндагиро ошкор созад.
Дар асарҳое аз қабили «Дунёи куҳан» низ муроҷиат ба гузашта барои дарки муносибати инсон ва замон хидмат мекунад. Ҳодисаҳои таърихӣ метавонанд тағйир ёбанд, давраҳо иваз шаванд ва тарзи зиндагии одамон дигаргун гардад. Аммо бархе саволҳое, ки дар назди инсон қарор мегиранд, ҳамеша боқӣ мемонанд: ҳақиқат чист, адолат дар куҷост ва ҳангоми бархӯрди манфиат бо виҷдон кадоме бояд бартарӣ дошта бошад?
Дар замони пуршитобу пуртазоди имрӯза низ ин саволҳо барои мо мубраманд. Рушди технологияҳо, афзоиши ҷараёни иттилоот ва тағйир ёфтани тарзи зиндагӣ масъулияти маънавии инсонро кам намекунанд. Баръакс, дар ҳама гуна шароит мустақилона андешидан, дарки ҳақиқат ва эҳтиром гузоштан ба қадри инсон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мероси Одил Ёқубов на танҳо барои дӯстдорони адабиёт, балки барои ҳар инсоне, ки мехоҳад маънои зиндагиро амиқтар дарк кунад, арзишманд аст.
Одил Ёқубов на танҳо насрнавис, балки ҳамчун драматург, публитсист ва ходими адабиёт низ фаъолияти пурсамар дошт. Меҳнати ӯ дар тӯли умраш ба рушди адабиёт ва фарҳанги ӯзбек хидмат кард. Соли 1977 барои романи «Диёнат» бо Ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза сарфароз гардонида шуд ва баъдан ба дигар мукофоту орденҳо низ мушарраф гардид. Адиб 21 декабри соли 2009 дар шаҳри Тошканд даргузашт.
Аммо умри ҳақиқии эҷодкорро бо шумораи солҳои зиндагиаш чен намекунанд. Умри воқеии ӯ ҳамон вақт идома меёбад, ки асарҳояш дубора мутолиа мешаванд, баҳсҳо дар бораи қаҳрамонҳояш идома меёбанд ва хонанда аз сатрҳои ӯ маъноеро пайдо мекунад, ки ба зиндагии худаш дахл дорад.
Арзиши асарҳои Одил Ёқубов низ дар ҳамин аст. Насли ҷавоне, ки китобҳои ӯро ба даст мегирад, на танҳо бо имкониятҳои ғании адабиёти ӯзбек ошно мешавад, балки дар бораи поквиҷдонӣ, масъулият, қадри инсон ва ҷасорати маънавӣ низ андеша мекунад. Хонандаи калонсол бошад, метавонад дар онҳо таҷрибаи зиндагӣ, мураккабии табиати инсон ва сабақи солҳои гузаштаашро аз нав кашф намояд.
Одил Ёқубов адибест, ки тавассути асарҳои худ инсонро ба шинохти моҳияти инсонӣ, ҳифзи некиҳои қалб ва нисбат ба зиндагӣ бетафовут набудан даъват кардааст. Эҷодиёти ӯ ба мо як ҳақиқатро хотиррасон мекунад: қадри инсон на бо сарват, мансаб ё намуди зоҳириаш, балки бо виҷдон, меҳру муҳаббат, муносибаташ ба адолат ва масъулияташ дар назди сарнавишти дигарон муайян мешавад.
Ҳангоми мутолиаи китобҳои адиб гӯё бо қаҳрамонҳои гузашта ҳамсуҳбат мешавем, ба зиндагии имрӯзаи худ бо нигоҳи дигар менигарем ва масъулияти худро дар назди фардо эҳсос мекунем. Шояд бузургии адабиёти ҳақиқӣ низ дар ҳамин бошад: он танҳо зиндагиро нишон намедиҳад, балки инсонро водор месозад, ки дар бораи чӣ гуна зистан андеша кунад.
Эҳтироми волое, ки соли 2026 ба хотираи адиб Одил Ёқубов зоҳир гардид, бори дигар ҷойгоҳи ӯро дар ҳаёти маънавии халқамон нишон дод. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 28 май, адиби барҷастае, ки дар рушди адабиёти ӯзбек саҳми бузург гузоштааст, Одил Ёқубов, бо ордени «Буюк хизматлари учун» («Барои хидматҳои бузург») сарфароз гардонида шуд.
Ин мукофот на танҳо ба фаъолияти чандинсолаи эҷодии адиби бузург баҳои баланд медиҳад, балки ифодаи эҳтироми амиқ ба мероси ғании адабии ӯ ва хидматҳояш дар роҳи пешрафти маънавиёту тафаккури миллат низ мебошад.
То замоне ки асарҳои Одил Ёқубов дар қалби халқамон зиндаанд, номи ӯ, ҷасорати эҷодӣ ва мероси маънавиаш ҳамеша гиромӣ дошта мешаванд. Зеро умри адиби ҳақиқӣ дар асарҳои офаридааш ва хотираи халқ идома меёбад.
Бояд гуфт, ки ба муносибати 100-солагии адиб Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон омодагии ҷиддӣ мебинад. Дар назар аст, ки бо мақсади тарғиби осори ӯ маҳфилҳои адабӣ, нишастҳои гирди миз ва мулоқотҳо баргузор карда шаванд. Ҳамаи ин далели амалии он аст, ки адабиёт, маънавият ва эҷодиёти устодону нависандагону шоирон дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд.
Назокат Усмонова, хабарнигори ӮзА.