Рӯзноманигори фидоӣ

Рӯзноманигорӣ касби осон нест. Ҳар як хабар, ҳар кадом мақола ва очерк аз журналист андешаи амиқ, масъулиятшиносӣ, мушоҳидакорӣ ва муҳаббат ба ҳақиқатро талаб мекунад. Бахусус, омода намудани ҳар як шумораи рӯзнома заҳмат дорад: бояд ҳар як калима санҷида, ҳар як ҷумла таҳрир ва ҳар мавод аз нигоҳи мазмуну моҳият арзёбӣ шаванд.

Дар ин роҳи пурмашаққат шахсоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ ба касби худ содиқ монда, як умр бо қаламу коғаз зиндагӣ мекунанд. Нарзулло Холиқов, аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои соҳибэҳтиром мебошад.
Мавсуф 25-уми октябри соли 1951 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун ба дунё омад. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи ба номи С. Саъдуллоев барои ташаккули ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим гузоштанд.
Ӯ омӯзгори забон ва адабиёт А. Абророваро бо меҳри хос ёд мекунад. Муаллим китобхонаи ғанӣ дошт ва Нарзуллои ҷавон аз ин ганҷинаи маърифат ба таври фаровон истифода мебурд.

Ҳамин муҳаббат ба китоб ӯро соли 1969 ба бахши журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Дар муҳити донишгоҳ аз устодони маъруфи соҳа – Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ ва Юсуф Нуралиев нозукиҳои касбро омӯхт.
Соли 1976 пас аз хатми донишгоҳ тақдир ӯро ба идораи рӯзномаи ноҳиявии «Сариосиё» овард. Дар ин ҷо фаъолияти касбии ӯ оғоз гардид.
Нарзулло Холиқов, метавон гуфт, тақрибан тамоми ҳаёти худро ба рӯзномаи «Сариосиё» бахшидааст. Дар ин коргоҳ аз вазифаи хабарнигори одӣ то дараҷаи баланд расид. Солҳои 1991–1996 сармуҳаррири рӯзнома буд.
Фаъолияти ӯ бо жанрҳои гуногуни журналистӣ пайванд дорад. Фелетонҳои ӯ охири солҳои ҳафтодум, очеркҳои пурмуҳтавояш солҳои ҳаштодум ва мақолаҳои иҷтимоию иқтисодиаш солҳои навадум миёни рӯзномахонон маълуму маъруф буданд.
Ростгӯйӣ, мушоҳидакорӣ ва талош барои расидан ба моҳияти масъала махсусияти навиштаҳои ӯ мебошанд. Ӯ ба публисистика низ таваҷҷуҳ дорад. Ба назари ӯ, ин жанр бояд аз муросокорӣ дур бошад ва камбудиҳои ҷомеаро бо далелу масъулият ба миён гузорад. Дар ин замина фелетонро низ жанри муҳим медонад.
Ӯ таъкид мекунад, ки журналист бояд «шаф-шаф нагуфта, шафтолуи гапро гӯяд, суханаш кӯтоҳ, равшан, ҳадафрас бошад».
Ҳамкорон ва қаламкашони маҳаллӣ ӯро «ақли рӯзнома» меноманд. Ин тасодуфӣ нест. Солҳои тӯлонии таҷриба ба ӯ имкон додааст, ки бо як назар нуқсони матн, норавшании фикр ё заъфи мантиқии онро дарёбад. Ин аст, ки эҷодкорони ҷавон пеш аз нашри маводи худ ба маслиҳати ӯ такя мекунанд.
Ӯ гапи зиёдатиро дӯст намедорад. Барои ӯ муҳим он аст, ки хонанда баъди мутолиаи мақола андешаи асосиро дарёбад.
Аз ин рӯ нисбати ҳар як калима муносибати ҷиддӣ дорад. «Агар нависӣ, дурусттар навис, вагарна ба уволи қалам намон» – аз андешаҳои маъмулии ӯст ва ин тақозо, пеш аз ҳама ба худи ӯ дахл дорад.
Фаъолияти Нарзулло Холиқов танҳо бо рӯзноманигорӣ маҳдуд набуд. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сарвари созмони ибтидоии журналистони ноҳия ба эҷодкорони маҳаллӣ ёрӣ расонд, дар омода ва таҳрир шудани даҳҳо китобу маҷмӯа саҳм гузошт.
Китобҳои Абдураҳмон Аҳмедов «Дашнободам, дашти ободам», Ҳамроқул Саидов «Савдои дил», Аннамурод Ҷумъақулиев  «Малламӯй», Абдуқаҳҳор Маҳмадалиев «Як рӯз бошу хурӯс бош», Асадуллоҳ Шукуров «Атри ваҳдат», Раҷаб Ниёзов «Мулки дил», муаллифи ин сатрҳо «Тафсири дил» ва маҷмӯаи шоирони ноҳияи Узун «Ҳавас» бо таҳрир ва дастгирии ӯ ба дасти хонандагон расидаанд.
Худаш низ соҳиби қалам аст, дар баробари рӯзноманигорӣ ва муҳаррирӣ ба таълифи китоб машғул  буду ҳаст. Асарҳои «Тақдирҳои пайванд бо ҷанги афғон», «Аз Хӯҷа Пирях то Чумчуқлиҷар» ва «Роҳи пурзавқ ва заҳматнок» аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд. Дар «Тақдирҳои пайванд бо ҷанги афғон» номи беш аз 700 нафар ҷавонони сариосиёӣ оварда шудааст, ки хидмати ҳарбии худро дар ҳудуди Афғонистон гузарондаанд.
Дар китоби «Аз Хӯҷа Пирях то Чумчуқлиҷар» масъалаҳои таърих, ҷуғрофия, шахсият ва марҳилаҳои рушди ноҳияи Сариосиё мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Муаллим камгап, ҷиддӣ, ростқавл ва серталаб аст. Эҳтироме, ки миёни қаламкашон ва зиёиёни маҳаллӣ дорад, маҳз аз ин хислатҳои хубу ҳамидаи ӯ ба даст омадаанд.
Ҳоло чун ба роҳи ҳаёти Нарзулло Холиқов назар меафканем, пеши назарамон  танҳо симои як журналисти одӣ не, балки чеҳраи инсоне падидор мешавад, ки умри худро ба сухан, рӯзнома, китоб ва мардум бахшидааст.
Устоди ҳақиқии қалам бо унвон ё вазифа ба ин ном арзанда намешавад. Ӯро  меҳнат, таҷриба, садоқат ба касб ва муносибати ҳалол ба сухан устод месозад. Устод Нарзулло Холиқов низ аз ин мактаб гузаштаанд.

Фозилҷон ШУКУРӢ,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: