Равоншиносон парадоксҳои дарки зеҳни сунъӣ миёни донишҷӯёнро ошкор карданд

Равоншиносони Донишгоҳи давлатии Тюмен муайян карданд, ки донишҷӯён зеҳни сунъиро пеш аз ҳама ҳамчун низоми техникӣ барои ҳалли самараноки мушкилот қабул мекунанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, вожаҳои «ақл», «технология», «кумак», «суръат» ва «оянда» аз ҷумлаи мафҳумҳое буданд, ки иштирокдорони пурсиш ҳангоми шунидани ибораи «зеҳни сунъӣ» бештар ба забон оварданд. Ҳамзамон, ҷавонон таъкид кардаанд, ки зеҳни сунъӣ дорои сифатҳои инсони нест ва онро наметавон ақли зинда донист — он танҳо як абзор аст.
Дар тасаввури донишҷӯён ду тамоюли ба ҳам зид ҳамзамон ҷой доранд. Аз як тараф, зеҳни сунъӣ ҳамчун ёвари технологие пазируфта мешавад, ки метавонад самаранокии корро ба таври назаррас баланд бардорад. Аз ин рӯ, онро як воситаи амалӣ ва механизми пуриқтидори иҷрои вазифаҳо медонанд. Аз тарафи дигар, тамоюли инсонмонандсозии зеҳни сунъӣ низ мушоҳида мешавад: донишҷӯён ба он хусусиятҳои инсонӣ, аз ҷумла қобилияти фикрронӣ, эҷодкорӣ ва ақлу фаросатро нисбат медиҳанд ва ҳатто эҳтимоли «аҳмақона» рафтор кардани онро низ истисно намекунанд.
Бо вуҷуди муносибати умумии мусбат, донишҷӯён нигарониҳои ҷиддӣ низ доранд. Ҳарчанд онҳо имкониятҳои зеҳни сунъиро дар оянда эътироф мекунанд, бисёриҳо ба эътимоднокӣ ва амнияти он бо шубҳа менигаранд.
«Ин масъалаҳо нозук буда, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунанд», — гуфтааст профессори Мактаби маорифи Донишгоҳи давлатии Тюмен И. Василева.
Дар таҳқиқот 556 донишҷӯ иштирок кардаанд. Барои омӯзиши тасаввуроти онҳо олимон аз усули ассотсиатсияҳои озод истифода бурдаанд. Ба иштирокдорон пешниҳод шудааст, ки ҳангоми шунидани ибораи «зеҳни сунъӣ» нахустин калимаҳо ва образҳои ба зеҳнашон омадаро баён кунанд. Сипас, маълумоти ҷамъоваришуда бо истифода аз таҳлили басомадӣ ва ҳисобкунии рангҳо коркард шудааст. Ин имкон додааст, ки мафҳумҳои бештар такроршаванда муайян ва аз рӯйи аҳамият гурӯҳбандӣ шаванд.
Ба таъкиди равоншиносон, меҳвари асосии тасаввуроти донишҷӯёнро ду категория — «техника» (қутби маҷозӣ) ва «вазифаҳо» ташкил медиҳанд. Ин нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ пеш аз ҳама ҳамчун воситаи техникӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ қабул мешавад.
Ҳамзамон, сатҳи дарки моҳияти зеҳни сунъӣ дар байни ҷавонон ҳанӯз чандон баланд нест. Тасаввуроти онҳо дар ин бора нопурра буда, баъзан ҳатто бо ҳам мухолифат мекунанд. Ба андешаи муҳаққиқон, ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми тасаввурот дар бораи зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар марҳалаи ташаккул қарор дорад.
Равоншиносон бар ин назаранд, ки омӯзиши муносибати донишҷӯён ба зеҳни сунъӣ метавонад барои ба роҳ мондани истифодаи дурусти он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат кунад. Бо дарназардошти тасаввуроти ҷавонон метавон раванди таълимро самараноктар ба роҳ монд, хатарҳои эҳтимолиро шарҳ дод ва роҳҳои истифодаи зеҳни сунъиро нишон дод. Инчунин, чунин равиш ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки истифодаи ин технологияро бошуурона ва бо саводи бештар аз худ кунанд.
Дар ин бора сомонаи  naked-science.ru хабар додааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: