Форум ва намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ

Дирӯз дар Тошканд аввалин форум ва намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ баргузор гардид.

 Мизбонии ин форумро, ки Донишгоҳи Роҳи Абрешим роҳандозӣ намуд, Мактаби махсусгардонидашудаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бар ӯҳда дошт.  

-Муайян кардани ҷавонони боистеъдод, рушди потенсиали зеҳнии онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои гирифтани маълумоти босифат дар меҳвари сиёсати Президенти мамлакат қарор гирифтааст,- гуфт Севара Шокирова, директори Агентии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи форум. - Бар ин асос барои насли ҷавон мактабҳои президентӣ, махсусгардонидашуда ва эҷодӣ таъсис дода шудаанд, ки дари имкониятҳои наверо барои ба даст овардани дониш ва кашфи истеъдодҳо боз намудаанд ва мувофиқи талаботи ҷаҳони муосир фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

 Вай афзуд, ки соли 2019  16 муассисаи таълимӣ фаъолият менамуд. Дар солҳои баъдӣ, ин система васеъ шуд ва то соли 2026 шумораи муассисаҳои таълимии марбути Агентӣ аз 250 адад гузашт. Дар натиҷаи кушода шудани мактабҳои нав байни солҳои 2021 ва 2026, дар маҷмӯъ 10 ҳазору 910 ҷойҳои нави корӣ барои роҳбарият ва омӯзгорон таъсис дода шуданд..

Чорабинии мазкур аз ҷониби Шабакаи Машваратчиёни Коллеҷи Ӯзбекистон (CCNU) якҷоя бо Агентии Муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда ташкил  шуда, барои рушди ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва мактабҳои Ӯзбекистон, баланд бардоштани огоҳии ҷавонон дар бораи имкониятҳои таҳсил дар хориҷа ва тақвияти иқтидори касбии мушовирони мактабӣ равона шудааст.

Дар форум-намоишгоҳ, ки рӯзи аввал доир гардид, намояндагони беш аз 40 донишгоҳи 10 кишвар ширкат варзиданд. Инчунин беш аз 1 ҳазору 150 хонандагони мактабҳои миёна, беш аз 300 мушовир ва қариб 200 директори мактабҳоро гирдиҳам овард. Аз ҷумла, намояндагони муассисаҳои таълими олии Австралия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг (Чин), Гренада, Олмон, Испания, Канада, Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Чин ва Швейтсария дар намоишгоҳ иштирок варзида, имкониятҳои донишгоҳи худро мавриди муаррифӣ қарор доданд.

 Интизор меравад, ки 28 октябр чорабинӣ бо иҷлосияҳои омӯзишӣ ва семинарҳое, ки барои рушди дониш ва малакаҳои касбии мушовирони мактабӣ равона шудаанд, идома хоҳад ёфт.

 Инчунин боздиди намояндагони донишгоҳҳои байналмилалӣ аз якчанд мактабҳои Тошканд ва мулоқот бо донишомӯзон ва муаллимони низ барномарезӣ шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: