Дар боғи «Афсоналар водийси»-и Намангон «Ҷашнвораи V байнал-милалии асал», ки 23-25 октябр баргузор гардид, анҷом ёфт.
Солҳои охир Намангон ба маркази тиҷорати хурд, соҳибкорӣ ва саноати Ӯзбекистони Нав табдил меёбад ва вобаста ба соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, саноат ва чорводорӣ чорабиниҳои байналмилалиро баргузор мекунад.
Дар маросими кушоиши ҷашнвора қайд шуд, ки дар вилоят ба рушди минбаъдаи истеҳсоли асал, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Чорабинӣ барои соҳибкорони занбӯрпарвар бобати таҷрибаомӯзӣ ва нишон додани имкониятҳояшон ба як майдони муҳим табдил ёфт.
Дар ин ҷашнвораи бонуфуз беш аз 200 занбӯрпарвари маҳаллӣ ва хориҷӣ, мутахассисони соҳа аз бисёр минтақаҳои кишвар, инчунин аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия бо намоишгоҳҳои тиҷоратӣ иштирок карданд. Онҳо беш аз 35 тонна асали табиӣ ва якчанд намуди маҳсулоти аз он тайёршударо оварданд.
– Ман аз Қирғизистон омадам, – мегӯяд занбӯрпарвар Сафарбек Туралиев – Панҷ сол боз дар ин фестивал иштирок мекунам ва ҳар дафъа барои худ бисёр маълумоти муҳимро ба даст меорам, таҷриба меомӯзам. Ман аз он шодам, ки дар диёри шумо одамон асалро қадр мекунанд. Имсол 100 кило асали тозаи кӯҳӣ ва чанд намуди маҳсулоти аз он омодашударо овардем. Харидорон бисёранд.
Дар чорабинӣ инчунин бозорҳои ҳунармандӣ, озмуни таомҳои миллӣ, намоишгоҳҳои шириниҳои маҳаллӣ, варзишӣ, либосҳои миллӣ, санъати амалии мардумӣ ва бо иштироки сарояндагони номдор барномаҳои консертӣ баргузор гардиданд. Фаъолони марказҳои миллии куриёӣ, рус, тоҷик ва қирғиз низ бо намоишҳои ҳунармандӣ ва либосҳои миллии худ иштирок намуданд.
Ходимони «Алоқабанк», ки мунтазам ҷовононро дастгирӣ мекунанду ба онҳо кумак мерасонанд, барои соҳибкорони ҷавон як қатор қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод карданд, то онҳо барои рушди занбӯрпарварӣ самаранок кор баранд.
Муовини ҳокими вилоят Хондамир Охунбобоев дар маросими мутантани пӯшидашавии ҷашнвора, дар бораи аҳамияти чорабинӣ ва натиҷаҳои бадастомада суханронӣ карда, ба ғолибон, иштирокдорони фаъол ва соҳибкороне, ки дар рушди соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Ҷашнвора барои ба бозорҳои байналмилалӣ баромадани маҳсулоти маҳаллӣ, пешбурди имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба роҳ мондани шарикиҳои нав ва афзоиш додани иқтидори сайёҳии минтақа хидмат мекунад. Он бори дигар меҳмоннавозӣ, имкониятҳои соҳибкорӣ ва анъанаҳои хуби Намангонро намоиш дод.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.