Таҳсилоти касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақши муҳим дорад. Дар шароити тағйирёбии талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт танҳо аз худ кардани донишҳои назариявӣ барои фаъолияти касбӣ кофӣ нест.
Мутахассиси оянда бояд донишҳои андӯхтаашро дар амал татбиқ карда тавонад, бо таҷҳизоту технологияҳои соҳавӣ шинос бошад ва ба муҳити корӣ мутобиқ гардад. Маҳз таълими тавъам барои ба ҳам пайвастани донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Бо ташаббуси Президент ҷорӣ намудан ва такмил додани низоми таълими тавъам (дуал) дар техникумҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа табдил ёфтааст. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯён донишҳои назариявиро дар муассисаҳои таълимӣ аз худ намуда, малака ва маҳорати амалии худро бевосита дар корхона ва муҳити фаъолияти касбӣ такмил диҳанд.
Дар техникуми саломатии ҷамоатии ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Косонсой низ ин шакли таълим, бахусус дар самти саноати дорусозӣ, роҳандозӣ шудааст. Барои шиносоӣ бо таҷрибаи муассиса бо Гулзода РАҲимбердиева, муовини директори техникум оид ба таълими касбӣ суҳбат оростем.
– Гулзода Абдулбориевна, имрӯз таълими дуалӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ ба шумор меравад. Дар техникуми шумо ин раванд чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Таълими дуалӣ пеш аз ҳама аз он ҷиҳат муҳим аст, ки донишҷӯ танҳо бо омӯзиши назария маҳдуд намешавад. Ӯ донишҳои дар муассисаи таълимӣ азхудкардаашро дар муҳити корӣ санҷида, малакаи касбӣ пайдо мекунад.
Дар техникуми мо айни замон 810 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Муассисаи мо аз рӯйи як қатор самтҳои тиббӣ ва дорусозӣ мутахассис омода менамояд. Аз ҷумла, дар самтҳои табобат, ҳамширагӣ, стомотология, ҳамшираи бригадаи тиббӣ, фарматсия ва ташхиси функсионалӣ таълим ба роҳ монда шудааст.
Барои соли таҳсили 2026-2027 ба техникум нақшаи қабули 420 нафар муайян гардидааст. Аз ин шумора 90 нафар аз рӯйи самти саноати дорусозӣ дар шакли таълими дугона қабул шудаанд.
– Оё донишҷӯён аз рӯзҳои аввали таҳсил бо муҳити истеҳсолӣ низ шинос мешаванд?
– Албатта. Ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими таълими дугона мебошад. Донишҷӯ дар як вақт ҳам мехонад ва ҳам имконият дорад дар корхона таҷрибаи амалӣ андӯзад.
Мо ҳамроҳи донишҷӯёне, ки ба самти саноати дорусозӣ қабул шудаанд, ба минтақаи саноатии «Диёри саломатӣ – ба сӯйи оянда» рафтем. Зимни боздид байни донишҷӯён ва корхона шартнома ба имзо расид.
Роҳбарияти корхона бо раванди истеҳсолот, муҳити корӣ ва қоидаҳои дохилии корхона шинос намуд. Чунин шиносоӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар бораи соҳаи интихобкардаашон тасаввуроти равшан пайдо кунанд ва аҳамияти донишҳои назариявиро дар фаъолияти амалӣ беҳтар дарк намоянд. Барои ҷавонон ин як таҷрибаи муҳим аст. Онҳо аз наздик мебинанд, ки фаъолияти истеҳсолӣ чӣ гуна ташкил карда мешавад, кормандон чӣ масъулият доранд ва риояи қоидаҳои технологию бехатарӣ то чӣ андоза муҳим аст. Ин ҳама барои ташаккули муносибати ҷиддӣ ба касб ва омодагӣ ба фаъолияти минбаъда мусоидат мекунад.
– Ба назари шумо, фарқи асосии таълими анъанавӣ ва таълими дугона дар чист?
– Фарқ дар он аст, ки дар таълими анъанавӣ донишҷӯ бештар дар муҳити таълимӣ дониш мегирад, аммо дар таълими дугона ӯ бо хусусиятҳои фаъолияти касбӣ низ аз наздик шинос мешавад.
Масалан, донишҷӯйи бахши дорусозӣ дар синфхона дар бораи дору, тарзи истеҳсол, талаботи технологӣ, бехатарӣ ва масъулияти касбӣ маълумот мегирад. Аммо вақте ҳамин донишро дар муҳити истеҳсолӣ мебинад, мавзӯъ барои ӯ хеле равшан мегардад. Ӯ мефаҳмад, ки дар истеҳсоли доруворӣ ҳар як қадам, меъёр ва ҳар як талаб аҳамият дорад.
Аз ин рӯ, таълими дуалӣ на танҳо дониш, балки масъулият, интизом, дақиқкорӣ ва муносибати ҷиддӣ ба касбро низ ташаккул медиҳад.
– Саҳми саноати дорусозӣ барои чунин шакли таълим то чӣ андоза мувофиқ аст?
– Хеле мувофиқ аст. Дорусозӣ соҳаест, ки аз мутахассис дониши амиқ ва масъулияти баланд талаб мекунад. Маҳсули меҳнати мутахассиси соҳа ба саломатии инсон вобаста мебошад.
Аз ин сабаб барои мо муҳим аст, ки донишҷӯ ҳанӯз дар давраи таҳсил дарк кунад, ки ӯ соҳиби касби одӣ намешавад, балки касберо интихоб мекунад, ки масъулияти бузург дорад. Дар таълими дуалӣ донишҷӯ имконият дорад савол диҳад, мушоҳида кунад, аз мутахассисони соҳа омӯзад ва тадриҷан ба муҳити касбӣ мутобиқ шавад. Ин таҷриба ба фаъолияти минбаъдаи ӯ заминаи хуб фароҳам меорад.
– Яке аз масъалаҳои муҳим дар таҳсилоти дуалӣ робитаи муассисаи таълимӣ ва корфармо мебошад. Ин ҳамкорӣ дар техникуми шумо чӣ гуна сурат мегирад?
– Ҳамкории мо бо корхонаҳо ва корфармоён яке аз омилҳои асосии муваффақияти ин низом мебошад. Дар доираи ин ҳамкорӣ техникум бо се корхонаи воқеъ дар минтақаи озоди иқтисодии «Косонсой-фарм» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ин ҳамкорӣ барои ҷалби хонандагон ба фаъолияти амалии истеҳсолӣ, азхуд намудани малакаҳои касбӣ ва шиносоӣ бо муҳити кор мусоидат мекунад. Онҳо дар раванди бастабандии дору иштирок намуда, ҳамзамон бо марҳилаҳои гуногуни истеҳсоли доруҳои биологӣ аз наздик шинос мешаванд.
Яке аз бартариҳои чунин ҳамкорӣ, хонандагон дар баробари таҷрибаи касбӣ андӯхтан, имконияти ба даст овардани даромадро низ пайдо мекунанд. Ин омил ба баланд гардидани шавқу рағбати онҳо ба касби интихобкарда, ташаккули масъулияти касбӣ ва омодагии бештар ба фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ мусоидат мекунад.
– Яке аз навгониҳои муҳим ҷорӣ шудани стипендия барои донишҷӯёни таълими дуалӣ мебошад ва ин иқдом барои ҷавонон чӣ аҳаммият дорад?
– Дарҳақиқат, пардохти стипендия барои донишҷӯёни таълими дуалӣ як қадами муҳим мебошад. Чунин дастгирӣ метавонад ҳавасмандии ҷавононро ба интихоби касб ва иштироки фаъолона дар раванди таълим зиёд кунад.
Тибқи қарори Президент аз 23 октябри соли 2025, аз соли таҳсили 2026-2027 барои донишҷӯёни техникумҳое, ки бо шакли таълими дуалӣ таҳсил мекунанд, пардохти стипендияи ҳармоҳа пешбинӣ шудааст. Тартиби пардохти он бо қарори Девони Вазирон аз 30-юми июни соли 2026 тасдиқ гардидааст.
Ҳамчунин барои соҳибкороне, ки барномаҳои таълими дугонаро дар техникумҳо ташкил намуда, хатмкунандагонро бо ҷойи кор таъмин мекунанд, дастгириҳои молиявӣ пешбинӣ шудаанд.
Барои мо муҳим аст, ки донишҷӯ ҳам имконияти таҳсил дошта бошад ва ҳам таҷрибаи корӣ андӯзад.
– Оё таълими дуалӣ донишҷӯро ба бозори меҳнат наздик мекунад?
– Бешубҳа, ҳадафи асосӣ ҳамин аст. Мутахассисони ҷавон баъди хатми техникум набояд аз муҳити амалии кор бегона бошад. Ӯ бояд донад, ки аз ӯ чӣ талаб карда мешавад, бо кадом тартиб бояд кор кунад, чӣ гуна масъулият бар дӯш гирад ва донишҳои худро чӣ тавр дар амал истифода барад. Ба назари ман, таълими дуалӣ як навъ пули пайвасткунандаи «таълим» ва «касб» мебошад. Он барои наздик кардани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат ва омода намудани мутахассиси ҷавобгӯйи соҳа замина фароҳам меорад.
– Ба назари шумо, мутахассиси хуби оянда бояд чӣ гуна бошад?
– Мутахассиси хуб танҳо соҳиби диплом нест. Ӯ бояд дониш, таҷриба дошта бошад ва муҳимтар аз ҳама ба кори худ бо масъулият муносибат кунад.
Аз ин рӯ, мо ба таълими дуалӣ ҳамчун як имконияти муҳим барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир менигарем.
Имрӯз ҷавононе, ки дар самти саноати дорусозӣ бо шакли таълими дугона таҳсил мекунанд, ҳамзамон ду мактабро мегузаранд – мактаби дониш ва мактаби таҷриба.
Таҷрибаи техникуми мо нишон медиҳад, ки таълими дуалӣ метавонад байни муассисаи таълимӣ ва бозори меҳнат робитаи бештар ба вуҷуд оварад.
Ҳамин тавр, таълими дуалӣ имконият медиҳад, ки муассисаи таълимӣ, корфармо ва донишҷӯ дар як самт фаъолият намуда, барои омода кардани мутахассисони соҳибихтисос заминаи устувор фароҳам оваранд.
Дар соҳаи саноати дорусозӣ ин масъала аҳаммияти бештар дорад, зеро фаъолияти мутахассисон бо сифат, бехатарии маҳсулоти доруворӣ ва саломатии инсон робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, омода намудани кадрҳои доно, дақиқкор ва масъулиятшинос бояд яке аз ҳадафҳои таҳсилоти касбӣ бошад.
Суҳбаторо Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.