Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Ӯзбекистон дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар ин давра музди миёнаи моҳонаи номиналии ҳисобшуда 7 миллиону 274,1 ҳазор сӯмро ташкил додааст.
Музди миёнаи моҳона дар минтақаҳо чунин аст:
шаҳри Тошканд — 12 миллиону 300,8 ҳазор сӯм;
вилояти Навоӣ — 8 миллиону 820,5 ҳазор сӯм;
вилояти Тошканд — 6 миллиону 889,9 ҳазор сӯм;
вилояти Бухоро — 5 миллиону 840,9 ҳазор сӯм;
вилояти Андиҷон — 5 миллиону 765,4 ҳазор сӯм;
вилояти Сирдарё — 5 миллиону 736 ҳазор сӯм;
Ҷумҳурии Қароқалпоқистон — 5 миллиону 676,8 ҳазор сӯм;
вилояти Хоразм — 5 миллиону 623,2 ҳазор сӯм;
вилояти Ҷиззах — 5 миллиону 506,4 ҳазор сӯм;
вилояти Намангон — 5 миллиону 395,9 ҳазор сӯм;
вилояти Фарғона — 5 миллиону 383,3 ҳазор сӯм;
вилояти Самарқанд — 5 миллиону 373,4 ҳазор сӯм;
вилояти Сурхондарё — 4 миллиону 988,9 ҳазор сӯм;
вилояти Қашқадарё — 4 миллиону 969,7 ҳазор сӯм.
Аз рӯйи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, музди миёнаи моҳонаи баландтарин ба соҳаҳои бонкдорӣ, суғурта, лизинг, қарздиҳӣ ва фаъолияти миёнаравӣ рост меояд. Дар ин соҳаҳо нишондиҳанда 19 миллиону 712,6 ҳазор сӯмро ташкил додааст.
Дар соҳаи иттилоот ва алоқа музди миёнаи моҳона 17 миллиону 6,9 ҳазор сӯм, дар соҳаи нақлиёт ва нигоҳдорӣ 11 миллиону 269,2 ҳазор сӯм ва дар саноат 8 миллиону 365,9 ҳазор сӯмро ташкил додааст.
Ин нишондиҳанда дар соҳаи савдо 7 миллиону 694,4 ҳазор сӯм, сохтмон 7 миллиону 138,1 ҳазор сӯм, санъат, фароғат ва истироҳат 5 миллиону 732,8 ҳазор сӯм ва хизматрасонии манзил ва хӯрокхӯрӣ 5 миллиону 359,2 ҳазор сӯмро ташкил кардааст.
Музди миёнаи моҳона дар соҳаи маориф 5 миллиону 15,2 ҳазор сӯм ва дар соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ 4 миллиону 454,2 ҳазор сӯмро ташкил додааст.
Ҳамзамон, тибқи ҳисобҳои таҷрибавӣ, музди медианӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ–августи соли 2026 ба 4 миллиону 166,3 ҳазор сӯм баробар шудааст.