Аз 1 ноябри соли 2026 дар Ӯзбекистон як қатор қоидаҳои нав мавриди амал қарор мегиранд. Онҳо таъини нафақа, интиқоли гази моеъ, пардохтҳои пешпардохти соҳибкорон, паҳн кардани реклама тавассути телефон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин чанд соҳаи дигарро фаро мегиранд.
Тартиби нави таъини нафақа
Ба баъзе шаҳрвандон хизматрасонӣ оид ба таъини нафақаи пиронсолӣ ду сол пештар аз расидан ба синни умумии муқарраршуда дар шакли проактивӣ пешниҳод карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар шароити зараровар ва вазнини меҳнатӣ кор кардаанд ё ҳуқуқи гирифтани нафақаро бо тартиби имтиёзнок ва дар синни камтар доранд, тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ ё Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ хизмат расонида мешавад.
Кам шудани маблағи пешпардохти соҳибкорон
Барои субъектҳои соҳибкорие, ки ба низомҳои автоматикунонидашудаи баҳисобгирии неруи барқ ва гази табиӣ пайвастанд, ҳаҷми пешпардохти моҳона барои истеъмоли ин захираҳо 15 фоиз муқаррар карда мешавад.
Ин тадбир имкон медиҳад, ки сарбории молиявии соҳибкорон ҳангоми пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ коҳиш ёбад.
Тағйир дар низоми интиқоли гази моеъ
Харид ва интиқоли гази моеъ ба аҳолӣ аз ҷониби ҶДММ «LPG-Trade» тавассути биржа амалӣ карда мешавад.
Ба муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ низ гази моеъ бо нархҳои биржавӣ, ки дар асоси принсипҳои бозорӣ ташаккул меёбанд, интиқол дода мешавад.
Маҳдудиятҳо дар паҳн кардани реклама тавассути телефон
Аз 1 ноябр шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд тавассути SMS рекламаи молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳоро танҳо баъди гирифтани розигии хаттӣ ё электронии муштарӣ ирсол намоянд.
Ҳамчунин, аз соати 18:00 то 09:00 тавассути шабакаҳои алоқаи мобилӣ анҷом додани зангҳо ва фиристодани паёмҳои рекламавӣ манъ карда мешавад.
Операторони алоқаи мобилӣ вазифадоранд, ки бо дархости муштарӣ имкони пурра ё қисман масдуд кардани зангҳо ва паёмҳои рекламавиро фароҳам оваранд.
Маҳдудият барои вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти муҳофизат аз рӯйи хабарҳои марбут ба ҷиноят, ки тавассути низоми «112» ворид мешаванд, на танҳо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, балки ба биноҳои истиқоматӣ низ ҳозир мешаванд.
Ҳамчунин, иштироки шахсоне, ки дар чорабиниҳои оммавӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, дар чорабиниҳои минбаъда метавонад маҳдуд карда шавад.
Кам шудани боҷи гумрукӣ барои фиристодаҳои байналмилалии хаткашонӣ
Меъёри амалкунандаи боҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукии фиристодаҳои байналмилалии хаткашонӣ 20 фоиз кам карда мешавад.
Маълумоти ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба низоми ягона ворид мешавад
Ташкилотҳо, аз ҷумла бойгониҳои ғайридавлатӣ, вазифадор мешаванд, ки маълумотро дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонии дар ихтиёрашон маҳфузбуда тавассути Низоми иттилоотии бойгонӣ ба бойгониҳои давлатӣ пешниҳод кунанд.
Қисми асосии қоидаҳои нав аз 1 ноябри соли 2026 мавриди амал қарор мегиранд.