Аз истихроҷ ва коркарди захираҳо то имкониятҳои ҷаҳонии содирот

  • Аз истихроҷ ва коркарди захираҳо то имкониятҳои ҷаҳонии содирот
  • Аз истихроҷ ва коркарди захираҳо то имкониятҳои ҷаҳонии содирот
  • Аз истихроҷ ва коркарди захираҳо то имкониятҳои ҷаҳонии содирот

Дар Маркази миллии намоишгоҳии «Ӯзэкспомарказ» 20-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Саноати кӯҳӣ, металлургия ва коркарди металл – Mining Metals Uzbekistan-2026» ва 8-умин Форуми саноати кӯҳӣ ва металлургии Ӯзбекистон – UIMF-2026 баргузор гардиданд.

Чорабиниҳоро ширкати намоишгоҳии «Iteca Exhibitions» бо дастгирии Вазорати саноати кӯҳӣ ва геология, Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо, Кумитаи масъалаҳои соҳибкорӣ, рушди рақобат ва саноати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Ассотсиатсияи металлургияи Ӯзбекистон ташкил кард.

Намоишгоҳи «Mining Metals Uzbekistan» дар тӯли солҳои баргузорӣ ба майдони муҳими ҳамкориҳо табдил ёфта, ба корхонаҳои ватанӣ имкони шиносоӣ бо технологияҳои пешрафта, таҷрибаи байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро фароҳам овардааст.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳо таҷҳизоту технологияҳои муосири худро муаррифӣ карда, шарикони тиҷоратӣ меёбанд ва дурнамои рушди фаъолияти худро баррасӣ мекунанд. Афзоиши иштироки ширкатҳои байналмилалӣ низ аз таваҷҷуҳи онҳо ба иқтидори саноатии Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Имсол 163 ширкат аз 19 кишвари ҷаҳон дастовардҳо ва роҳҳалҳои техникии худро ба намоиш гузоштанд.
Технологияҳои пармакунӣ ва корҳои кӯҳӣ, усулҳои муосири корҳои таркишӣ, кандани нақбҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ, майдакунӣ ва ғанигардонии маъдан, инчунин таҷҳизоти интиқоли ашёи хом ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зиёди иштирокдоронро ба худ ҷалб карданд.
Мутахассисон ба дастовардҳои дар гӯшаи намоишии Ҷамъияти саҳҳомии «Portlatishsanoat» (Ӯзбекистон) пешниҳодшуда низ баҳои баланд доданд. Таърихи ин корхона, ки ба корҳои пармакунӣ ва таркишӣ тахассус дорад, ҳанӯз соли 1935 оғоз ёфтааст. Дар тӯли қариб як аср корхона таҷрибаи ғанӣ андӯхта, технологияҳои пешрафтаеро таҳия кардааст, ки имкон медиҳанд дар иншооти саноати кӯҳӣ ва сохтмонӣ корҳои гуногун анҷом дода шаванд.

Мутахассисон имкон доштанд бо хусусиятҳои сохторӣ ва нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизоти пешниҳодшуда аз наздик шинос шуда, бо намояндагони ширкатҳо имкониятҳои истифодаи онҳоро дар истеҳсолот баррасӣ намоянд.
– Мо мекӯшем, ки ҳамеша дар чунин намоишгоҳҳо иштирок карда, тамоми номгӯйи маҳсулоти худро ба муштариёни эҳтимолӣ муаррифӣ намоем, – мегӯяд Азизхон Саидов, сардори Раёсати маркетинг ва фурӯши хориҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзметкомбинат» (Бекобод).
Ба гуфтаи ӯ, комбинат бо таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати металлӣ ифтихор мекунад. Корхона навъҳои гуногуни прокати металлҳои сиёҳро истеҳсол менамояд, ки дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт талабот доранд.
Иқтидорҳои истеҳсолии комбинат имкон медиҳанд, ки ҳамасола беш аз як миллион тонна металлҳои сиёҳ истеҳсол карда шаванд. Дар оянда корхона ният дорад иқтидорҳои худро боз ҳам васеъ намуда, номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшавандаро гуногунтар гардонад.


С. МУТИН.
Аксбардор:Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: