Олимони амрикоӣ фарзияи наверо дар бораи пайдоиши об дар Замин пешниҳод карданд. Ба гуфтаи онҳо, об метавонист ҳанӯз дар ҷараёни ташаккули сайёра, ҳангоми таъсири мутақобилаи зарраҳои тафсони ҷинсҳои кӯҳӣ бо гидрогени атмосфераи ибтидоии Замин ба вуҷуд омада бошад.
Ҳисобҳои муҳаққиқон нишон медиҳанд, ки ин механизм аз ҷиҳати назариявӣ метавонист бе иштироки кометаҳо ва астероидҳо ҳаҷми обе тавлид кунад, ки ба садҳо уқёнуси имрӯзаи Замин баробар аст. Дар ин бора сомонаи new-science.ru хабар додааст.
Олимон равандҳоеро омӯхтанд, ки эҳтимолан тақрибан 4,5 миллиард сол пеш, вақте Замин аз зарраҳои хурди сахти диски сайёрасозӣ ташаккул меёфт, рух додаанд. Тибқи яке аз моделҳо, сайёраи ҷавон бо роҳи пайваста ҷалб ва фурӯ бурдани зарраҳои сангии андозаашон аз як миллиметр то як сантиметр калон мешуд. Ин раванд аккретсияи зарраҳои шағалмонанд ном дорад.
Бо афзоиши массаи Замин, он метавонист атмосфераи зичи аз гидроген бойро нигоҳ дорад. Зарраҳои силикатие, ки аз ин атмосфера мегузаштанд, сахт тафсида, қисман гудохта мешуданд. Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки оксиди оҳани таркиби ин зарраҳо бо гидрогени атмосфера ба реаксия даромада, оҳани филизӣ ва буғи об ҳосил мекард.
Ҳамин тавр, об метавонист бевосита аз моддаҳое пайдо шавад, ки дар ташаккули худи Замин иштирок доштанд.
Барои санҷидани ин фарзия олимон намунаҳои ҷинсҳои силикатиро дар муҳити гидрогенӣ то ҳарорати 1200–1400 дараҷа гарм карданд. Барои муқоиса, ҳамин гуна таҷрибаҳо дар муҳити гелий низ гузаронида шуданд. Давомнокии таҷрибаҳо аз 15 дақиқа то се соатро ташкил дод.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар муҳити гидрогенӣ қариб 80 дарсади оксиди оҳани баъзе намунаҳо ба оҳани филизӣ табдил ёфта, ҳамзамон буғи об ҳосил шудааст. Дар таҷрибаҳои бо гелий гузаронидашуда чунин тағйирот ба мушоҳида нарасид.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки реаксияи кимиёвии мазкур метавонист ба қадри кофӣ зуд сурат гирифта, дар давраи афзоиши Замин миқдори зиёди об тавлид кунад. Ҳисобҳои иловагӣ низ нишон додаанд, ки ҳаҷми умумии оби ба ин тарз ҳосилшуда метавонист аз ҳаҷми имрӯзаи уқёнусҳои Замин чанд маротиба зиёд бошад.
Бо вуҷуди ин, сухан дар бораи арзёбии эҳтимолии ҳаҷми оби тавлидшаванда меравад. Ин натиҷаҳо исбот намекунанд, ки тамоми он об дар сайёра боқӣ мондааст.
Таҷрибаҳо ҳамчунин метавонанд барои шарҳ додани баъзе хусусиятҳои таркиби кимиёвии Замин мусоидат кунанд. Оҳани филизии ҳосилшуда фосфорро аз силикатҳои гудохта фаъолона ба худ ҷалб мекард. Баъдан ин оҳан метавонист ба маркази сайёраи ҷавон фурӯ рафта, фосфорро ба ядрои ташаккулёбанда интиқол диҳад.
Ин раванд метавонад шарҳ диҳад, ки чаро мантияи Замин нисбат ба мантияи Миррих фосфори камтар дорад.
Кашфиёт барои ҷустуҷӯи экзосайёраҳои эҳтимолан қобили зист низ аҳамият дорад. Агар равандҳои монанд ҳангоми ташаккули сайёраҳои сангини атрофи ситораҳои дигар низ рух диҳанд, об метавонад бевосита дар ҷараёни афзоиши онҳо ба вуҷуд ояд.
Аммо барои ин шароити мувофиқи кимиёвӣ ва ҳароратӣ зарур аст. Сарнавишти минбаъдаи об низ аз таҳаввули атмосфера ва худи сайёра вобаста хоҳад буд.
Олимон таъкид мекунанд, ки ҳоло дақиқ муайян кардани он ки чӣ қадар аз оби рӯйи Замин маҳз бо ин роҳ пайдо шудааст ва чӣ қадар аз кайҳон, тавассути кометаҳо ва астероидҳо, ба сайёра расидааст, имкон надорад.