Занони ба «Дафтари занон» шомилшуда метавонанд барои табобат то 22 миллион сӯм ва барои муоинаи тиббӣ то 4,4 миллион сӯм кумаки молиявӣ гиранд.
Дар ин бора Кумитаи оила ва занони Ӯзбекистон хабар додааст.
Тибқи тартиби нав, барои табобат бе ҷарроҳӣ аз ҳисоби фонди «Дафтари занон» то 50 баробари нишондиҳандаи ҳисобӣ, яъне 22 миллион сӯм, ҷудо карда мешавад. Барои муоинаи тиббӣ бошад, то 10 баробари нишондиҳандаи ҳисобӣ — 4 миллиону 400 ҳазор сӯм кумак расонида мешавад.
Ҳамчунин, тартиби пардохти хароҷоти ҷарроҳӣ тағйир ёфтааст. Агар қаблан ин хароҷот танҳо дар доираи нархҳои муқаррарнамудаи суғуртаи давлатии тиббӣ пардохт мешуд, акнун маблағи дар шартнома зикршуда, новобаста аз он ки бемор дар кадом муассисаи тиббӣ табобат мегирад, пурра ҷуброн карда мешавад.
Тибқи тартиби нав, ситодҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ метавонанд дар доираи маблағҳои ҷудошуда ба занони оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла онҳое, ки хатари ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан доранд, низ кумаки тиббӣ расонанд.
Барои гирифтани кумак занон бояд ба масъули маҳалла оид ба масъалаҳои занону духтарон муроҷиат карда, ариза пешниҳод намоянд.