Интихоби пойафзол барои фасли тирамоҳу зимистон: ба чӣ бояд аҳамият дод?

Дар рӯзҳои сард пойҳоро хушк ва гарм нигоҳ доштан яке аз шартҳои муҳими ҳифзи организм аз таъсири ҳарорати паст мебошад. Аз ин рӯ, интихоби пойафзоли мувофиқи мавсим, махсусан барои онҳое, ки вақти зиёдро дар кӯча мегузаронанд, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд ё пайваста дар ҳаракатанд, аҳаммияти хос дорад.

Ҳангоми интихоби пойафзол барои фасли тирамоҳу зимистон на танҳо ба намуди зоҳирӣ ва нархи он, балки ба қобилияти муҳофизат аз сармою намӣ ва роҳати истифода низ бояд аҳаммият дод. Пойафзоли номувофиқ метавонад боиси фишор овардан ба пой, пайдо шудани обила ва нороҳатӣ ҳангоми роҳгардӣ гардад. Ба ин илова, ворид шудани об ба дохили пойафзол дар рӯзҳои сербориш метавонад ба саломатӣ низ хатар эҷод кунад.
Муҳофизат аз намӣ — шарти муҳим
Яке аз хусусиятҳои асосии пойафзоли тирамоҳу зимистон қобилияти муҳофизат аз намӣ мебошад. Барои роҳгардӣ дар рӯзҳои боронӣ, барфӣ ва дар роҳҳои тар беҳтар аст моделҳоеро интихоб кунед, ки аз маводи обногузар ё ба об тобовар сохта шудаанд. Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) низ  тавсия медиҳанд, ки ҳангоми зарурат ба ҳавои хеле сард баромадан аз мӯзаҳои ба об тобовар истифода шавад.
Ба тагчарм аҳаммият диҳед
Дар роҳҳои тар ё яхбаста пойафзоли лағжанда хатари афтидан ва осеб диданро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, барои фасли сармо пойафзолеро интихоб кардан лозим аст, ки тагчарми он ба сатҳи роҳ хуб часпида, ҳангоми роҳгардӣ устувории қадамро таъмин намояд.
Танҳо аз рӯйи ғафсии тагчарм хулоса баровардан дуруст нест. Маводи он ва нақшу чуқуриҳои рӯйи тагчарм низ ба хусусияти зиддилағжиш таъсир мерасонанд. Маъмурияти бехатарӣ ва ҳифзи саломатӣ дар ҷойи кори ИМА (OSHA)  тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар барфу ях аз мӯзаҳои дорои тагчарми резинӣ, нақшҳои зиддилағжиш, хусусияти гармнигоҳдорӣ ва муқовимат ба об истифода шавад.
Пойафзол бояд ба андозаи пой мувофиқ бошад
Мувофиқати пойафзол ба пой на камтар аз намуди зоҳирии он муҳим аст. Ангуштони пой бояд озодона ҳаракат карда тавонанд ва пошна набояд дар дохили пойафзол аз ҳад зиёд ҷунбад. Академияи ҷарроҳони ортопедии Амрико тавсия медиҳад, ки байни дарозтарин ангушти пой ва нӯги пойафзол тақрибан 1,3 сантиметр фосила бошад.
Ҳангоми харид танҳо ба рақами андозаи пойафзол такя кардан кофӣ нест. Андозаи якхела дар маҳсулоти истеҳсолкунандагони гуногун ва ҳатто моделҳои як бренд метавонад ба пой ба таври мухталиф мувофиқат кунад. Аз ин рӯ, беҳтар аст ҳар ду пойафзолро пӯшида, тасмаҳояшро маҳкам кунед ва дар дохили мағоза каме роҳ равед.
Инчунин, пойафзолро дар нимаи дуюми рӯз интихоб кардан муфид аст. Зеро дар давоми рӯз пойҳо метавонанд каме варам кунанд ва пойафзоле, ки субҳ бароҳат менамуд, бегоҳ фишор оварад. Ҳангоми санҷидан низ ҷӯроберо пӯшидан лозим аст, ки одатан дар фасли зимистон истифода мебаред. Ин усулро Академияи ҷарроҳони ортопедии Амрико  низ тавсия медиҳад.
Қабати дохилӣ ва гардиши ҳаво
Ҳангоми интихоби пойафзоли зимистона ба қабати дохилии он низ диққат диҳед. Қабати гармнигоҳдор барои пешгирӣ аз сард шудани пойҳо кумак мекунад. Аммо он набояд чунон ғафс бошад, ки ангуштонро фишурда, ҳаракати онҳоро маҳдуд созад. Пой бояд дар дохили пойафзол, ҳатто бо ҷӯроб, бароҳат ҷой гирад.
Қобилияти гузаронидани ҳаво низ муҳим аст. Ҳангоми арақ кардани пой намӣ дар дохили пойафзол ҷамъ мешавад ва пойи намнок дар ҳавои сард зудтар хунук мегардад. Ассотсиатсияи тиббии амрикоии саломатии пой (APMA) низ таъкид мекунад, ки ҳатто ҳангоми истифодаи пойафзоли зимистона ва ҷӯробҳои гарм пойҳоро хушк нигоҳ доштан зарур аст.
Ҷӯробро низ дуруст интихоб кунед
Ҳангоми интихоби ҷӯроб ба мавод ва ғафсии он аҳаммият диҳед. Ҷӯроб бояд пойро гарм нигоҳ дошта, ба хориҷ шудани намӣ мусоидат кунад ва ангуштонро нафишорад. Ҷӯроби аз ҳад ғафс фазои дохили пойафзолро кам карда, метавонад боиси фишурдани пой гардад. Аз ин рӯ, ҷӯробро сари вақт иваз кардан ва пойҳоро хушк нигоҳ доштан низ муҳим аст.
Пошна ва нармии тагчармро санҷед
Қисми ақиби пойафзол бояд пошнаро устувор нигоҳ дорад. Агар он аз ҳад нарм ё васеъ бошад, пой дар дохили пойафзол ҳаракат карда, боиси соиш ва пайдо шудани обила мегардад. Пойафзоли тасмадор ё дорои маҳкамкунаки танзимшаванда имкон медиҳад, ки онро ба пой беҳтар мутобиқ кунед.
Барои онҳое, ки масофаҳои дурро пиёда тай мекунанд, нармӣ ва хусусиятҳои тагчарм низ аҳаммияти махсус доранд. Тагчарм бояд ҳангоми роҳгардӣ зарбаи ба пой расидаро то андозае фурӯ барад ва қисми пеши пойафзол ҳангоми қадам гузоштан ба таври табиӣ хам шавад. Коллеҷи подиатрҳои Британия тавсия медиҳад, ки пойафзоли роҳгардӣ мувофиқи шароити роҳ интихоб шуда, пеш аз харид ҳатман санҷида шавад.
Ҳангоми интихоби пойафзоли кӯдакон эҳтиёткор бошед
Барои кӯдакон низ пойафзоли бароҳат ва мувофиқи андоза муҳим аст. Харидани пойафзоли хеле калон бо умеди он ки кӯдак онро чанд мавсим истифода мебарад, роҳи дуруст нест. Фазои аз ҳад зиёд дар дохили пойафзол ё фишор овардани он ба ангуштон метавонад ба роҳгардӣ халал расонда, хатари соиш ва осебро зиёд кунад. Пойафзол бояд ба андозаи кунунии пойи кӯдак мувофиқ бошад.
Барои шахсони гирифтори диабет интихоби пойафзол боз ҳам муҳимтар аст
Шахсони гирифтори диабет ё мушкилоти гардиши хун бояд ҳангоми интихоби пойафзол эҳтиёткории бештар зоҳир кунанд. Дар чунин ҳолатҳо эҳтимол дорад, ки шахс сардӣ, дард ё осеби пойро сари вақт эҳсос накунад. Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА ҳушдор медиҳанд, ки таъсири сармо барои одамони дорои гардиши сусти хун метавонад хатари осеби бофтаҳоро аз сабаби яхбандӣ зиёд кунад.
Дар маҷмӯъ, ҳангоми интихоби пойафзол барои фасли тирамоҳу зимистон бояд ба муқовимат ба об, хусусиятҳои зиддилағжиши тагчарм, қобилияти нигоҳ доштани гармӣ ва мувофиқати он ба пой аҳаммияти баробар дод. Пойафзоли беҳтарин ҳамонест, ки ба шароити обу ҳаво ва фаъолияти ҳаррӯза мувофиқ буда, пойҳоро хушку гарм нигоҳ медорад, ангуштонро намефишорад ва роҳгардии устувору бароҳатро таъмин мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: