Суханони як мӯйсафеди харсавор то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд: «Агар ихтиёри тақдири ҷоизаҳоро медоштам, бе ягон таъхир ба ҳамин омӯзгори савобҷӯ ҷоиза месупоридам!»
Мухотаби ин суханон Қурбонқул Саломов, сокини деҳаи Кӯли ноҳияи Шаҳрисабз, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 60-уми ноҳияи Китоб дар деҳаи Шут буд.
Корномаи ӯ сазовори таҳсину қадршиносӣ ва муаррифии бештар аст. Кош, ибтикори ин ҷавони ташаббускор дар миёни мардуми соҳибдилу бедордил ҳамовозӣ пайдо карда, пайравони бештар пайдо мекард...
***
Дар соҳили рӯди пуртуғёни Кӯл гурӯҳе аз устоҳо ва коргарон машғули кор буданд. Онҳо ният доштанд, ки то фаро расидани сармоҳои шадид пуле бунёд карда, роҳи нави мошингарди деҳаи Шутро бо роҳи Мунаввар–Кӯли ноҳияи Шаҳрисабз пайванд созанд. Ду-се нафар аз омехтаи обу шағал ва семент бетон тайёр мекарданд. Чанд нафари дигар дар соҳили чапи дарё бо сементу санг такягоҳи мустаҳкам месохтанд. Дар соҳили муқобил сангҳои гуногунандозаро ба мошин бор карда, ба маҳалли сохтмон интиқол медоданд.
Дар сари фармони мошини «ГАЗ-66» ҷавони хушчеҳраву хандонрӯ – омӯзгор Қурбонқул Саломов нишаста буд. Ӯ мошини пурборро бо маҳорати хос аз маҷрои руд гузаронда, ба назди пулсозон мерасонд. Ду ҷавон зуд сангҳоро мефароварданд. Ба садои ҳушдоромези коргарон эътибор надода, устод Рӯзибойи Қурбониён низ ба онҳо ҳамроҳ мешуду сангҳои мувофиқро бардошта, ба дасти устоҳо медод.
– Сокинони деҳоти кӯҳистон, ҳарчанд аз ҳам фарсахҳо дуранд, дар лаҳзаҳои зарурӣ дасти якдигарро мегиранд. Агар шунаванд, ки дар ягон минтақа ҳашар ташкил шудааст, аз рӯйи номусу ҷавонмардӣ ба ёрӣ мешитобанд. Аҷаб мардуми баору савобталаб дорем. Зинда бошанд! – гуфт Неъ-матулло Раҳматов, ки аз нигоҳи ҳайратзадаи ман пай бурда буд.
Ӯ саркори деҳаи Шут буда, ҳамеша дар паҳлуи омӯзгор Қурбонқул қарор дошт. Маҳз бо ташаббуси ӯ сохтмони пул оғоз ёфта буд.
Ин дам ронанда низ аз кабинаи мошин фаромада, ба кори сохтмон ҳамроҳ шуд. Садои «бигиру бимон», «битеву бирез» баланд мегардиду акси он дар байни кӯҳҳои баланд танин меандохт. Қурбонқул лаҳзае нафас рост карда, бо итминон гуфт:
– Дар ин мавзеъ рӯдҳои Шут ва Кӯл ба ҳам пайваста, оби худро поёнтар ба дарёи Ғелон мерезанд. Ҳар кадоми ин рӯдхонаҳо хусусияти хоси худро дорад. Ҳарчанд дарёи Шут сероб аст, нисбатан ором ҷорӣ мешавад. Пуле, ки болои он бунёд кардем, ба шароити табиии дарё мувофиқ буда, ба фишори обхезиҳои баҳорӣ тоб меорад. Аммо рӯди Кӯл аз баландӣ бо шиддат ҷорӣ мешавад ва бахусус ҳангоми селоб хатарнок буда, метавонад иншоотро хароб кунад. Аз ин рӯ, пули болои онро тавре тарҳрезӣ ва бунёд мекунем, ки ба чунин офатҳои табиӣ тобовар бошад ва заҳмати мо барбод наравад. Чорае нест: ҳарчанд харҷаш зиёд аст, маҷбурем бештар аз бетон ва оҳан истифода барем.
Дар ҳамин асно чанд нафар аз деҳаи Ҳисорак омада, бо шавқу завқ ба ҳашари сохтмони пул ҳамроҳ шуданд. Садои шодиву нишот баланд гашт ва кор бо неруи тоза идома ёфт.
Чун тасхиршудае ба атроф назар андохтам.
Дар гӯшае аз сангҳо оташдон сохта, дар болои он деги калоне гузошта буданд, ки дар он ғизои нисфирӯзӣ омода мешуд. Бӯйи иштиҳоовари таом касро беихтиёр ба худ мекашид. Аз зери самовар дуди ҳезуми бурсу шохаҳои дарахтон ба осмони соф баланд мешуд.
Мӯйсафеде гоҳ ба зери самовар ҳезум мегузошт ва гоҳ шитобон ба назди дег рафта, аз ҷараёни пухтани таом хабар мегирифт. Дар дег гӯшт ва картошка ҷӯш зада, бирён мешуданд.
Ин мӯйсафед Ҳайитқул Худойқулов ном дорад. Ӯ яке аз ихтиёриёне буд, ки субҳи барвақт аз деҳаи Кӯл ба маҳалли сохтмон омада, ба роҳсозони деҳаи ҳамсоя – Шут ҳамроҳ шуда буд. Ба қавли мардум, ҳатто миёни мӯрчагон низ бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Ҳоло бобои Ҳайитқул барои коргарон чой меҷӯшонду ғизои болаззат омода мекард.
«Охир, чаро ӯ низ аз савоби ин кори хайр бебаҳра монад? Худованди ҳамабин, агар салоҳ донад, ҳатман ин амали некашро дар дафтари аъмолаш сабт хоҳад кард!» – меандешид мӯйсафед. Талошу ғайрати ҷавонон ба ӯ неру мебахшид, аммо вазидани бод андешаҳояшро ба сӯйи дигар мебурд. Ӯ, ки солҳо боз сарвари бунгоҳи ҳавошиносии деҳаи Кӯл буд, аз рӯйи таҷриба эҳсос мекард, ки ҳаво ба зудӣ тағйир хоҳад ёфт: шояд борон борад, қуллаҳои кӯҳҳоро барф фаро гирад ва ҳаво сард шавад.
Бобои Ҳайитқул боз ба баргҳои дарахтони атроф нигарист. Баргҳо оҳиста-оҳиста ранг бохта, гӯё дар интизори дигаргунии бузурге бо ҳам пичиррос мезаданд.
Садои баргҳо ва суруди якнавохти оби ду рӯди кӯҳӣ маро ба сӯйи пули «Шероз» бурд. Қурбонқул ҳамроҳам буд. Ин пулро як сол пеш болои рӯдхонаи Шут бунёд карда, ду соҳили онро ба ҳам пайваста буданд.
– Чаро пулро «Шероз» ном гузоштед? – пурсидам.
– Ба номи додараки ҷавонмаргам Шероз гузоштем. Ӯ дар айни авҷи корҳои сохтмони роҳ, дар 17-солагӣ бар асари беморӣ аз олам гузашт. Ин талафоти бузург буд ва аҳли хонадони моро сахт ғамгин кард. Шероз дар ҳама корҳо ёвари ман буд ва барои сохтмони роҳ заҳмати зиёд кашид.
– Равонаш шод бод! Барои сохтмони пул чӣ қадар маблағ сарф шуд?
– Пули «Шероз»-ро бо харҷи 60 миллион сӯм бунёд кардем. Тамоми маблағро аз ҷайби худам пардохтам. Сокинони Шут, Кӯл, Ғелон, Ҳисорак ва Яккахона бошанд, сарҷамъ шуда, дар ҳашар фидокорона кор карданд. Пул хеле мустаҳкам аст ва хушбахтона, аз озмоиши обхезиҳои баҳорӣ низ сарбаландона гузашт.
Ҳоло дар рӯдхонаи Кӯл пули дигаре месозем, ки хароҷоташ беш аз 80 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ин маблағро низ худам мепардозам. Ният доштам, ки падару модарам Норқул Саломов ва Шарбоной Камоловаро ба Ҳаҷҷи акбар фиристам. Аммо онҳо маслиҳат доданд, ки ин маблағро барои сохтмони ду пули роҳи нави Шут–Кӯл сарф кунам. Худо хоҳад, вақте роҳро сохта, ба истифода медиҳем, ҳатман падару модарамро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристам, – гуфт омӯзгор.
Суханони ӯ диламро аз ифтихор лабрез карданд. Амали ин ҷавони кӯҳистониро, ки дороии худро ба кори хайр сарф мекард, бо рафтори баъзе сарватмандони минтақа муқоиса намуда, ба ӯ аҳсант мехондам.
Қурбонқул солҳои 2009–2013 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, дар мактаб ба фарзандони мардум аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Ӯ нахустин қадамҳои худро дар роҳи бунёди роҳи мошингард ба сӯйи зодгоҳаш соли 2012 гузошта буд.
Он сол ба ҳокими ноҳияи Китоб Худойқулов ариза навишта, аз набудани шароити муносиби рафтуомад ва мушкилоти дигари вобаста ба роҳ хабар дод. Аммо ҳокимияти маҳаллӣ ин муроҷиатро бенатиҷа мегузорад.
Соли 2015 бо ҳокими вақти вилояти Қашқадарё Зафар Рӯзиев мулоқот карда, масъалаи набудани мактаби замонавӣ дар деҳаи Шутро ба миён гузошт. Ҳокими вилоят ба ваъдааш вафо кард: дар деҳаҳои Шут ва Аспидухтар мактаби нав бо 40 ҷойи таҳсил бунёд шуд, ки сохтмонаш моҳи сентябри соли 2016 ба анҷом расид.
Бо вуҷуди ин, набудани роҳи мошингарде, ки тамоми фаслҳои сол барои ҳаракат мувофиқ бошад, сокинони Шутро ба ташвиш меовард. Қурбонқул бори дигар бо ин масъала ба ҳокими вилоят Зафар Рӯзиев муроҷиат кард. Аммо дар ҳамон рӯзҳо ҳокими вилоятро аз вазифа озод карда, ба мансаби баландтар таъин намуданд.
Онҳо аз Қаршӣ рост ба Тошканд рафта, муроҷиати худро ба ташкилоти дахлдори ҷумҳурӣ ирсол карданд. Ҳамроҳи ариза як даста аксро низ пешниҳод намуданд, ки мушкилоти сокинонро дар фасли сармо инъикос мекарданд. Аз нақли мардум фаҳмидам, ки дар фасли сармо беморонро рӯйи замбар гузошта, пиёда то муассисаи тиббӣ мебаранд. Ин роҳ 12 километр тӯл дошта, тай кардани он ҳангоми барфбориҳои шадид ранҷу машаққати зиёд дорад.
Аммо соли 2018 мақомоти ноҳияи Китоб дар посух ба дархости мақомоти болоӣ оид ба омӯзиши шикояти сокинони Шут далелҳои онҳоро рад карда, вазъро баръакс нишон доданд. Дар ҷавоби расмӣ аз мавҷудияти мактабу бунгоҳи тиббии замонавӣ ва роҳи хуби деҳа хабар дода, масъалаи асосии мардум сарфи назар гардид.
Аз чунин муносибати роҳбарон ва бетаваҷҷуҳии онҳо ба мушкилоти мардум Қурбонқул ба танг омада, моҳи марти соли 2019 боз як аризаи шикоятӣ таҳия кард ва ҳамроҳи мӯйсафедони деҳа Мухторқул Саломов ва Норимқул Набиев ба Тошканд рафта, муроҷиатро ба идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ супурд. Вале ин дафъа низ шикояти сокинон бенатиҷа монд.
Ин дафъа мақомоти ноҳияи Китоб дар посух навиштанд, ки масъалаи бунёди роҳи мошингарди дараи Шут аз ҷониби мутахассисон омӯхта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ноҳия техникаи пуриқтидори роҳсозӣ надорад ва барои сохтмони роҳ ҳатто 40 миллиард сӯм ҳам кофӣ нахоҳад буд.
Мардум аз муроҷиатҳои бенатиҷа хаста шуда, қарор доданд, ки худ камари ҳиммат банданд.
Баъдан масъулони ҳокимияти ноҳия аз саркори деҳа Неъматулло Раҳматов хоҳиш карданд, ки «омӯзгори аризабоз»-ро ором намояд, то дигар онҳоро ба ташвиш наандозад. Аммо саркору омӯзгор аз идомаи талош даст накашида, ба ҳам қавл доданд, ки роҳи дараи Шутро бо неруи сокинони маҳаллӣ бунёд мекунанд.
20 феврали соли 2020 Қурбонқул мардуми деҳаро дар дабистон ҷамъ меорад ва хонандагон бо суханрониҳову шеърхониҳои ҷаззоби худ дар бораи зарурати сохтмони роҳи Дара, мушкилоти адами роҳи мошингард, ҷавонмардиву ватандӯстӣ, хайру сахо... онҳоро ба бунёдкориву созандагӣ ташвиқ мекунанд.
Сокинон, ки аз ин иқдом ба ваҷд омада буданд, ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ карданд. Дар муддати кӯтоҳ ба хазинаи сохтмони роҳ 54 миллион сӯм ворид гардид.
Ин ташаббус дар дигар деҳаҳои кӯҳистони минтақа низ ҳамовозӣ пайдо кард. Сокинони Кӯл 22 миллион, Варганза 8 миллион, Деҳнавиболо 7 миллион, Аспидухтар 1,5 миллион, Ғелон 3,5 миллион, Сурум 4,5 миллион ва сокинони маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Китоб, ки аслан аз мардуми Шут иборат аст, 1,5 миллион сӯм саҳм гузоштанд. Марди саховатманде бо номи Абдураззоқ низ 1000 доллар хайр кард.
Қурбонқул ва Неъматулло Раҳматов паҳлуи ҳам истода, тамоми неруи худро ба бунёди роҳи мошингард равона карданд.
Моҳи марти соли 2020 даҳ нафар аз сокинони Шут бо белу каланд, зоғнӯл ва дигар асбобҳои корӣ ба дара фаромада, ба сохтмони роҳ оғоз бахшиданд. Корҳо вусъат гирифтанд, аммо бинобар пандемияи COVID-19 ва талаби қатъии мақомоти маҳаллӣ сохтмон муваққаттан боздошта шуд.
– Вақте саркори деҳа ваъда дод, ки маро дастгирӣ карда, дар сохтмон ёрӣ мерасонад, тамоми дороии худро ба фурӯш гузошта, 90 миллион сӯм ҷамъ овардам. Моҳи октябри соли 2020 бо ин маблағ булдозери УТЗ-170 харидам, – гуфт Қурбонқул Саломов.
Ҳамин тавр, сохтмони роҳи Шут аз нав оғоз ёфта, ниҳоят 8 январи соли 2023 он ба роҳи Мунаввар–Кӯл пайваст. Дарозии роҳ 7,2 километр буда, аз қад-қади дарёи Шут мегузарад.
***
Бо анҷоми сохтмони пуле, ки ҳоло болои дарёи Кӯл бунёд мешавад, роҳи Шут пурра мавриди истифода қарор гирифта, тамоми фаслҳои сол барои ҳаракат омода хоҳад буд.
Ба гуфтаи роҳсозон, роҳи ҳафткилометраи дара барои ободии деҳаи Шут замина фароҳам оварда, мушкилоти сокинонро дар интиқоли молу маҳсулот ва рафтуомад ба деҳоти ҳамсоя, аз ҷумла ба маркази ноҳияи Шаҳрисабз осон мекунад.
Аммо ба гуфтаи Қурбонқул Саломов, ҳанӯз баъзе корҳои такмилу ҳамворсозии роҳ боқӣ мондаанд. Агар мақомоти маҳаллӣ роҳсозони заҳматкашро ақаллан бо маводи сӯхт таъмин мекарданд, метавонистанд то фаро расидани сармоҳои шадид роҳро пурра ҳамвору омода созанд.
Интизор меравад, ки роҳи нав ба рушди сайёҳӣ дар минтақа низ мусоидат карда, сайёҳони зиёдеро аз дохилу хориҷи кишвар ба деҳаи Шут ҷалб намояд.
Суханони он мӯйсафеди харсаворро ба Қурбонқул – омӯзгори роҳсоз, нақл кардам.
– Дуои мардум беҳтарин ҷоиза аст! – бо сари баланд посух дод ӯ.
Шариф Халил,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.